Сар задани ҳодисаҳои нохуш аз ҷониби ронандагон яке аз мушкилиҳои роҳу нақлиёт маҳсуб меёбад, ки дар аксари ҳолат дар натиҷаи ин ҳодисаҳои нохуш боиси аз ҳаёт маҳрум шудани нафарони дигар мегардад.
Санаи 20-уми декабри соли ҷорӣ Юсуфов Нуралии 44 сола, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Камри” сокини ноҳияи Муъминобод, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи мазкур ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди деҳаи Сангпари шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Олимова Ҳафизамои 37 соларо пахш намудааст.
Дар натиҷаи ин ҳолат пиёдагард Олимова ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад, омадааст дар хабари ВКД