Маҳсулоти лозима:
"зардии 4 тухм, 0,5 ст шакар, 200 г равғани маска, 2,5 ст орд, 2 қошуқ какао".
Тарзи таҳия:
Зардиҳои тухмро бо шакар лат зада, равған, орд, какаоро илова кунеду хамири мулоим шӯред. Хамирро ба 3 қисм ҷудо карда, ғафсии ҳар кадомашро 0,5 см тунук кунед ва 3 чапотӣ пазед.
Ба ду қабати чапотӣ малҳам моледу аз болои торт глазур резед. Малҳамро аз сафедии 4 тухму 0,5 истакон шакари латзада ва бо 1 истакон чормағзу пӯчоқи лимӯи омехташуда омода созед. Барои глазур 2 қошуқ сметанаро ҷӯшонида, ба он 2 қошуқ какао, 3 қошуқ хокаи шакар ва 50 г равғани маска илова кунед ва то ғафс шуданаш ҷӯшонед.