Баъд аз нашри як навор аз гирдиҳамоиизанон дар Афғонистон журналистон аз тарафи “Толибон” лату кӯб шуданд.
Рӯзноманигорон аз нашрияи интернетии “Иттилооти рӯз” навори гирдиҳамоии эътирозии занони афғонро дар Қобул дар саҳифаи интернетии худ нашр намуда, кам монда буд, ки барои ин матлаб аз ҷони ширини худ маҳрум гарданд. Пас аз нашри навори гирдиҳамоии занон журналистон аз ҷониби азоёни гурӯҳи “Толибон” мавриди лату кӯб қарор гирифтаанд.
Заки Дарёбӣ, муҳаррири “Иттилооти рӯз” аз ҷониби “Толибон” мавриди шиканҷа қарор гирифтани кормандонашро тасдиқ намуда, ба хабарнигорон чунин гуфтааст:
“Ду рӯзноманигори мо зери лату кӯби шадиди “Толибон” қарор гирифтанд. Хабарнигорон то ҳадде лату кӯб шудаанд, ки тамоми аъзои баданашон пур аз доғҳои сиёҳу кабуд аст. Онҳоро он қадар шиканҷа додаанд, ки дар ҳолати ваҳими беҳоливу беҳушӣ буданд. “Толибон” яке аз хабарнигоронро дар штаби худ нигоҳ дошта, сару либосашро иваз намудаанд, то далеле барои исботи ин кор намонад”.
Ёдрас мешавем, ки тақрибан як моҳ пеш Толибон қариб сар то сари Афғонистонро зери тасарруфи худ дароварданд ва худро ҳокими мутлақи ин сарзамин эълон намудаанд. Онҳо зимоми давлатро ба даст гирифта, иддао доранд, ки занон набояд дар идораҳои давлатӣ кор кунанд ва бояд дар хона нишаста, танҳо дар хизмати шавҳар ва атфолашон бошанд. Занони афғон ин талаби “Толибон”-ро поймол намудани ҳуқуқҳои худ ҳисобида, ҳамчун нишони эътироз аллакай бори чандин аст, ки гирдиҳамоӣ барпо мекунанд. Бонувони афғон аз созмонҳои байналмилалӣ талаб доранд, ки ҳуқуқҳои онҳоро ҳимоя намоянд.