Толибон дар Афғонистон ба занону духтароне, ки дар коллеҷҳои тиббӣ мехонанд, идома додани таҳсилро манъ кардаанд. Як гурӯҳ бонувони муҳассили риштаҳои тиббӣ ба “Би-би-сӣ” шикоят кардаанд, ки онҳоро ба тарки таҳсил намудан маҷбур карда истодаанд.
Хабари мазкурро 5 муассисаи таббии Афғонистон тасдиқ намуда, изҳор доштаанд, ки ба онҳо супориш шудааст мактабҳояшонро баста, ҳарчи зудтар ба фаъолияти худ хотима гузоранд.
Курсҳои тиббӣ ягона имконияти соҳибмаълумот гаштан барои занони афғон буд. Акнун донишҷӯёни ин ришта ба гирдоби ғам афтодаанд, ки тақдири минбаъдаи онҳо чӣ мешуда бошад.
“Ба мо амр намуданд, ки ҳатто дар рӯйи ҳавлӣ гаштугузор накунем, чунки “Толибон” ҳар лаҳза омада метавонанд. Ҳама ба даҳшат афтода, чӣ кор карданашонро намедонанд. Барои аксарияти духтарон баъди ин ҳама азоби рӯҳӣ, бекорӣ ва маҳрумиятҳо таҳсил дар риштаи тиб ягона шӯълаи умед ба ояндаи нек буд, вале он ҳам аз даст рафт”,- гуфтааст яке аз донишҷӯдухтарон.
Ёдрас мешавем, ки “Толибон” баъди сари қудрат омаданашон соли 2021 ҳатто дар мактабҳои миёна таҳсил намудани духтаронро дар Афғонистон манъ карданд. Дар ин миён танҳо дар колеҷҳои тиббӣ таҳсил карда, момодоя ва ҳамшираи шафқат шудани бонувон манъ нагашта буд, вале ягона дари илму маърифатро, ки ба рӯйи духтарони афғон кушода буд, бастанд. Тақдири зиёда аз 17 ҳазор духтароне, ки дар коллеҷҳои тиббӣ мехонданд, чӣ мешавад, маълум нест.
Ҳарчанд Вазорати тандурустии Афғонистон ин хабарро расман тасдиқ накарда бошад ҳам, ду намояндааш ба BBC Afghan рост будани овозаҳоро тасдиқ намудаанд. Ояндаи тиб дар Афғонистон норавшан боқӣ мемонад.