Ҳамал
Аз аввали рӯз тамоми корҳоро ба нақша гирифтанатон боиси он мегардад, ки ба ғалатҳои ҷиддӣ роҳ намедиҳед. Коратон хуб асту ҳамкорон ҳурмататонро ба ҷо меоранд, бояд дигар чизе хотиратонро озурда насозад, вале дар ҳаёти шахсиятон нофаҳмиҳо рух медиҳанд. Муноқиша бо шахси дӯстдоштаатон аз рӯйи рашк ба амал меояд.
Савр
Агар дар ин рӯз ба ҳама кор бо дасту дили гарм часпед, ҳатман муваффақ мегардед. Сафари хидматӣ ва вохӯрӣ бо нафаре, ки сидқан дӯсташ медоред, хеле хуб анҷом меёбад. Сардоратон корҳои ниҳоят муҳимро маҳз ба шумо бовар мекунад. Аз ин илтифоти сардор саратон ба осмон мерасад.
Ҷавзо
Имрӯз бояд муносибатҳоятонро бо хешовандони наздикатон ба эътидол оваред. Дар оилаатон масъалаи тақсими мерос пеш меояд, бо ҳамин сабаб баҳсу мунозираҳо зиёд мегарданд. Коратон кам аст, вале маблағи хубу ногаҳонӣ ба даст меоред. Масъалаҳои вобаста ба андоз ва амвол хуб анҷом меёбанд.
Саратон
Бо нафароне бештар дар робита бошед, ки на танҳо байнатон дӯстӣ, балки ҳамкории судманд бошад. Ҳангоми сафар бо мошини шахсӣ боэҳтиёт бошед, хатари рух додани садамаҳои автомобилӣ зиёд аст. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат ҷурме дида намешавад. Бештар табъатонро болида гиреду ба худ эътимод дошта бошед.
Асад
Имрӯз ба маъракае даъватӣ мешавед. Ба бонувон маслиҳат дода мешавад, ки ба сару либоси худ диққати хоса диҳанд. Асадҳои оиладоре, ки нияти ба шаҳри дигар кӯч бастанро доранд, бояд дурудароз бо аҳли оилаи худ сари ин масъала маслиҳат намоянд.
Сунбула
Имрӯз табъи хушатон ба атрофиён таъсир мерасонад. Дар коллектив бо нақшаву ниятҳои аҷибатон ҳамаро ба ҳайрат меоред. Сардор вазифаи хубтареро пешниҳодатон мекунад. Бегоҳирӯзӣ хоҳиши дар хона истироҳат карданро мекунед.
Мизон
Дар ин рӯз барои оилаву хона ва таъмир харид кардан бамаврид аст, зеро айни замон вазъи молиявиатон хуб аст. Бо нафарони бегона дар кӯча ҳамсуҳбат нашавед. Имкони рух додани ҷангу моҷаро зиёд аст, аз ин лиҳоз одати рӯирост гап заданро партоед, вагарна бе дахолати кормандони милиса коратон ҳал намешавад.
Ақраб
Ақрабҳо имкони зиёди ба даст овардани муваффақиятро дар ҷодаи касбу кор доранд. Нафарони зиёде мехоҳанд бо шумо ҳамкорӣ намоянд, пешниҳодҳоро рад насозед, ба наздикӣ даромади хуб ба даст меоред. Сафари рухсатие, ки бо яке аз ҳамкорони ботаҷриба мекунед, бобарор анҷом меёбад.
Қавс
Дар ин рӯз ҳангоми робита бо аҳли оила боэҳтирому нармгуфтор бошед. Аксари наздикон аз дағалгуфтории шумо сахт ранҷидаанд. Агар то ба имрӯз ба рухсатии меҳнатӣ нарафта бошед, ҳамин рӯз аризаатонро нависед. Дар робита бо шахсони ношинос ҳушёриро пеша намоед.
Ҷаддӣ
Дар ин рӯз бо тамаъкориву шуҳратталабиятон атрофиёнро ба ҳайрат меоред. Барои тарҳрезӣ намудани нақшаҳоятон кунҷи танҳоӣ меҷӯед. Дар ҷойи кор бодиққату босаранҷом бошед, вагарна нафаре аз ҳамкорон аз пасатон дасисабозӣ карда, хотиратонро озурда месозад. Дар ҳаёти шахсӣ ақли худро ба кор баред, на эҳсосотро.
Далв
Тамоми рӯз асабонӣ шуда, бо сабаби як ҳодисае, ки байни шумову дӯсти наздикатон рух додааст, азоби руҳӣ мекашед. Агар худро гунаҳкор ҳисоб кунед, аввалин шуда, барои оштӣ шудан қадам гузоред. Дар хонаатон вайрон шудани асбобҳои техникӣ ё мошин имкон дорад.
Ҳут
Имрӯз дар тамоми корҳоятон барор ҳамсафар мегардад. Ҳатто шахси дӯстдоштаатон ба тамоми талабу пешниҳодҳоятон розӣ мешавад. Дар ин рӯз туҳфа мегиреду хабарҳои хуш мешунавед. Қариби бегоҳ хастагии сахтро эҳсос мекунед. Хавотир нашавед, шумо бемор нашудаед, ин аз шодии беинтиҳо аст.