Ба фарорасии соли нави масеҳӣ ҳамагӣ 2 рӯз боқӣ мондааст ва албатта ҳама, махсусан ҷавонон мехоҳанд донанд, ки дар соли нав онҳоро чи навигариҳо интизор аст.
Аз қадимулайём дар Шарқ мардум ба илми ситорашиносӣ такя намуда, аз рӯйи гардиши офтобу моҳтоб ва ситораҳо сар задани ҳодисаву воқеаҳоро пешбинӣ мекарданд. Имрӯз мо дар такя а гуфтаҳои баъзе оламони ситорашинос ба шумо як навъ толеъномаи ошиқонаро барои соли 2023 пешкаш мекунем, ки махсус барои зану шавҳарони ҷавон сохта шудааст.
Ҳамал
Барои ҳамалҳо соли сабук меояд. Моҳи январ дар муносибатҳои оилавии зодагони бурҷи ҳамал ҳамдигарфаҳмӣ ва дар хонадонашон як фазои ороми пур аз меҳру муҳаббат ҳукмрон хоҳад буд. Ҳамалҳое, ки дар ҷустуҷӯи бахтанд, аз моҳи март то май имконияти хуби ёфтани ҷуфти муносибро доранд. Шиносоиҳо дар ин давра бобарор хоҳанд буд. Ҳамалҳои падару модар шуда охири март аз муноқиша бо фарзандон бояд худдорӣ намоянд. Мардҳои ҳамал, моҳи июн ба маслиҳати бонувонатон гӯш андозед. Август барои корҳои оилавӣ ва харидкунӣ айёми хуб нест, шумо ба ҷои мусолиҳа намудан барои ҳар майда-чуйда ҷанҷол мекунед. Моҳи сентябр бо хешовандони ранҷида имкони оштишавӣ пайдо мекунед. Ҳамалҳо охири сол дар ҷодаи муҳаббат муваффақ мегарданд.
Савр
Барои савр соли зиддиятҳост. Моҳи феврал ба садои қалбатон гӯш дода, дар лаҳзаҳои даркорӣ якравӣ зоҳир намоед. Дар байни ин моҳ дар ҷодаи муҳаббат муваффақ ва дар тарбияи фарзандон сарбаланд мегардед. Баҳорон барои худ бештар вақт ҷудо намоед. Моҳи июн хатари авҷ гирифтани оташи рашк вуҷуд дорад. Кӯшиш намоед, ки бо ёратон нармгуфтор бошед. Моҳи июл ва август як қатор мушкилиҳо сар мезананд, вале шумо ҳамаашро муваффақона рафъ месозед. Миёнаҳои тирамоҳ вақти сюрпризу навгониҳост. Дар охири сол ба дӯстдоштаатон бештар вақт ҷудо кунед.
Ҷавзо
Ҳодисаи дар ҳаётатон рух медодаро наметавонед идора намоед. Ҳар қадаре кӯшиш накунед, тақдирро тадбир намудан ба шумо муяссар намегардад. Дар ҳалли мушкилоти ошиқона ҳамин чизро ба эътибор гиред. Муҳити беғубори оилавиро хоҳон бошед, нозу нузи шарики умратонро бардоред. Тавре вонамуд кунед, ки бо ақидааш розӣ ҳастед. Моҳи июл шуморо барор ҳамсафар аст, ҷавзоҳои танҳо дар ин давра ҷуфти худро меёбанд. Нимаи дуюми сол орому осуда мегузарад.
Саратон
Соли идеяҳои ҷолиб ва хушбахтӣ барои саратонҳо аст. Дар киштии оилавӣ капитан бошед. Аз сарварӣ намудан натарсед, бисёр чизҳо маҳз аз шумо вобастагӣ доранд. Моҳи май саратонҳои танҳо муҳаббати нафареро, ки дӯст медоштанд, ба даст меоранд. Моҳи июл барои издивоҷ бобарор аст. Рафтуомадро бо хешовандон зич намоед. Дар масъалаи тарбияи фарзандон фаъол бошед, муваффақ мегардед. Муҳаббатро ба наздиконатон арзонӣ доред.
Асад
Тақдир ба шумо имкон медиҳад, ки дар соли нав ҳаёти худро тағйир диҳед, созандаи бахти худ гардед. Ҳар нияту нақшае, ки доштед, вақти амалӣ карданаш фаро расид. Мутаассифона, бо дӯстдоштаатон ва ҳатто бо фарзандон рӯй додани нофаҳмиву муноқишаҳо имкон дорад. Хомӯш сохтани оташи ин низоъ танҳо аз шумо вобаста аст.
Сунбула
Соли душвор аст. Дар соли 2015 гузашт карданро сармашқи ҳаёти худ намоед. Аввали сол аз аспи ғурур фуромада, ба ҳар кори майда- чуйда диққат надиҳед. Қалби шумо ҳанӯз озод бошад, моҳи январ азизтарин шахсатонро во мехӯред. Март муноқишаву нофаҳмиҳо меорад. Моҳи апрел аз сиру асрор дурӣ ҷӯед. Муносибатҳои ошиқона дар тобистон барор мегиранд. Октябр вақти муноқишаҳо аст. Камбудиҳои дӯстдоштаатонро бахшида тавонед, хушбахт мешавед.
Мизон
Соли нав пур аз тағйиротҳои ногаҳонӣ аст. Бештар муошират намоед, он гоҳ дар ҷодаи муҳаббат комёб мегардед. Хушгӯӣ кунед, ҳарфи шумо таъсири шифобахш пайдо мекунад. Муносибатҳои оилавиро азиз доред, ин сол бароятон хушбахтӣ меорад. Моҳи апрел кори муҳимеро ба анҷом расониданатон лозим меояд. Моҳи май фарзандонатон шуморо ба шигифт меоранд.
Ақраб
Ақрабҳоро соли асрору муаммоҳо ва қарорҳои тақдирсоз дар пеш аст. Моҳи январ саргузашти аҷиби ошиқона шуморо интизоранд. Моҳи апрел аз ҷангу ҷанҷол дурӣ ҷӯед, вагарна оштӣ кардан душвортар мегардад. Моҳи июн нисбати наздиконатон бодиққат бошед. Моҳи июл ҷуфти худро пайдо карданатон имкон дорад. Нимаи дуюми сол новобаста аз монеаҳо муҳаббататон мустаҳкам мегардад.
Қавс
Шуморо соли пур аз воқеоти рангин интизор аст. Моҳи январ рашкро бо душворӣ рафъ месозед. Моҳи март бо нафаре аҳди муҳаббат бандед, оиладор мешавед. Июл айёми беҳтарин барои ишқу ошиқист. Моҳи апрел дар масъалаи тарбияи фарзандони наврас андак сахтгир бошед. Имсол дар ҷавоби бадҷаҳлиҳои шумо дӯстдоштаатон дағалӣ намекунад.
Ҷаддӣ
Соли нав ҳаёти шуморо бо куллӣ дигаргун месозад. Баъзан ба назар чунин мерасад, ки воқеоти он новобаста аз тамоми кӯшишҳои шумо пайи ҳам рух медиҳад. Аз 10 март то 6 август айёми махсус аст. Гузашта рӯ мезанад, корҳои фаромӯшгашта ва муносибатҳои кайҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ афтодаи ҳаётатон аз нав актуалӣ мегарданд. Рафту чизе ё касе сади роҳатон мегашта бошад, моҷароҳоро сарфи назар намуда, зиндагиро бо нерӯи тоза оғоз намоед.
Далв
Шуморо ҷаҳони рангини таассуротҳои аҷиб интизор аст. Моҳи январ муносибатҳои ошиқона беранг бошанд, нигоҳ доштани мурғи бахт бароятон душвор мегардад. Моҳи феврал бо кӯдакон андаке сахтгир бошед. Баҳору тирамоҳ фаслҳои бобароранд. Моҳи июл дар ҳаёти шумо гардишҳои ногаҳониву вохӯриҳои қисматсоз рӯй медиҳанд. Дар муносибат бо фарзандон бештар ба фантазия рӯ оваред, он шуморо аз ҳама гуна ҳолатҳои ногувор мебарорад.
Ҳут
Сабру таҳаммулро пеша намоед-он ба шумо лозим мешавад. Ба дошта шукр намоед ва барои сарват ҷамъ кардан кӯшиш накунед. Моҳи январ муносибатҳои хуби оилавиро тағйир ёфтани табъатон халалдор месозад. Феврал-вақтест, ки бо корҳои маишӣ машғул шавед, хусусан корҳои ба таъхиргузошта. Моҳи март бо фарзандон қарин мегардед. Тобистон ба сафар ё дамгирӣ рафта шахсеро вомехӯред, ки ҳаёти шуморо дигаргун месозад. Тирамоҳ мушкилии асосӣ асабоният ва ҳолати руҳии шумо аст. Барои идора намудани киштии оилавӣ кӯшиш накунед, идора кардани онро ба ҷуфти худ бовар намоед.
Таҳияи Меҳрубон