Ҳамал
Зодагони мучали ҳамалро лозим меояд, ки дар ҳафтаи нав сабру таҳаммул ва пуртоқатиро аз даст надиҳанд. Дар ин давра ба ҳолатҳои фишороваре дучор мегардед, ки бояд зудтар сари қарор биёед. Хусусан нафароне, ки мошин меронанд ва кормандоне, ки бо тақозои касбу кор бо ҳисобу китоби маблағи пулии дигарон машғул мешаванд, эҳтиёткор шуданашон лозим аст. Ҳама гуна амалҳои қонунвайронкунӣ боиси моҷарову тафтишот мегардад. Муносибатҳои нави ошиқона имконпазиранд, вале маслиҳати мо ҳамин аст, ки ба эҳсосоти нави дар вуҷудатон пайдошуда бовар накунед, эҳтимоли фиреб хӯрданатон дар назар аст. Шумо ба нафаре ошиқ мешавед, ки дар аввал мисли оина поку беолоиш менамояд, вале баъди аз наздик шинос шудан эҳтимоли дилмонда шуданатон вуҷуд дорад. Тағйиротҳои ногаҳонӣ сабабгори аз даст додани пули калон мегардад, аз ин рӯ, аз хариди калон худдорӣ намоед.
Аввали ҳафта сиру асрори худро ҳатто ба шахсони наздиктарини худ фош насозед. Миёнаи ҳафта хеле серкор мешавед. Охири ҳафта нафаре кӯшиши ба саратон хӯҷаинӣ карданро мекунад.
Рӯзи бобарор: 7 октябр. Рӯзи бебарор: 9 октябр.
Савр
Дӯстии дерин ба муҳаббат табдил ёфта метавонад. Нафарони оиладор танҳо бо ҳамдигарфаҳмиву гузашт карда тавонистан зиндагиро ширин сохта метавонанд. Мутаассифона муносибатҳоятон бо дӯстон чандон хуб ҷараён намегирад, ба назаратон чунин менамояд, ки аз шумо чизи муҳимеро пинҳон мекунанд. Ҳисси рашк дар вуҷудатон зиёд мегардад, аз ёри худ меҳрубонии бештар талаб мекунед. Саломатиро эҳтиёт кунед, аз шамолхурӣ эҳтиёт шавед.
Аввали ҳафта нафаре қарзи гирифтаашро бармегардонад. Баъзе зодагони мучали савр аз нафари тамоман бегона кӯмак мегиранд. Миёнаи ҳафта волидон ё ҳамкорон дар ҳаёти шумо нақши муассир мегузоранд. Охири ҳафта аз рӯйи пул каме муноқиша сар мезанад.
Рӯзи бобарор: 7 октябр. Рӯзи бебарор: 10 октябр.
Ҷавзо
Аксари зодагони мучали ҷавзоро лозим меояд, ки дар ин ҳафта меҳнати зиёду сангин намоянд. Эҳтимол уҳдадориҳоятон зиёд мегардад, бо нигоҳубини баъзе наздикони беморатон машғул шудан лозим меояд. Аввали ҳафта ба ғалат роҳ медиҳед. Ҳафта барои хариди калон мусоид нест. Нафаре аз атрофиён бо рафтори дағалонааш ба асабатон мерасад. Қаҳру ғазаби худро нигоҳ дореду ба моҷаро роҳ надиҳед. Ба нафарони муҷаррад дар дохили нақлиёт шинос шуданро тавсия намедиҳем. Нафарони оиладор ба баъзе хислатҳои манфии ҳамсафари ҳаётии худ диққат намедиҳанд. Дар ин ҳафта ба сухану маслиҳати нафароне, ки дар мучалҳои ҳамал, қавс ё асад тавлид ёфтаанд, гӯш андозед. Дар давоми ҳафта ба яке аз дӯстонатон, ки дучори фоҷеа гаштааст, дастгирии шумо лозим меояд.
Рӯзи бобарор: 12 октябр. Рӯзи бебарор: 8 октябр.
Саратон
Ҳафтаи муқаррарӣ аст, чизе боиси ташвишатон намегардад. Аз муошират бо кӯдакон ва шахси дӯстдошта табъатон болида мегардад. Дар ин давра аз ҳама гуна бемориҳои сироятӣ эҳтиёт шавед. Ба вазъи боду ҳаво нигоҳ карда, либос ба бар намоед. Зимни робита бо нафарони зудранҷ ё дурӯя эҳтиёт шавед. Ҳафта барои нафароне, ки бо кори савдо машғуланд, бобарор меояд. Мардоне, ки дар мучали саратон тавлид ёфтаанд, нисбати саломатии худ беэътиноӣ мекунанд. Шумо ба зудӣ хаста гашта, дучори бемориҳо мегардед.
Рӯзи бобарор: 10 октябр. Рӯзи бебарор: 13 октябр.
Асад
Дар ин ҳафта ба нафароне, ки бо бадӣ ном баровардаанд, пул қарз надиҳеду аз чунин нафарон қарз ҳам нагиред. Баъзеҳо бо мушкилоти бемории фарзандон рӯ ба рӯ мешаванд. Дар давоми ҳафта яке аз дӯстонатон дучори мушкилии ҷиддӣ гашта, зуд-зуд ба шумо занг мезанад. Нафарони ошиқ аз ҳад зиёд бадрашку бадгумон мегарданд. Хоҳиши ҳар лаҳзаву ҳар соат бо дӯстдоштаи худ будану ҳар як қадами ӯро таҳти назорат гирифтани шумо сабабгори муноқиша ва норозигии ёратон мегардад. Беҳтараш хирагӣ накарда, меҳрубону ғамхор бошед, он гоҳ муҳаббататон қавӣ мегардад. Ҳафта барои таъмири хурд ва хариди асбоби рӯзгор мусоид аст. Охири ҳафта аз вохӯриҳои нав худдорӣ намоед.
Рӯзи бобарор: 8 октябр. Рӯзи бебарор: 11 октябр.
Сунбула
Зодагони мучали сунбула дар ин ҳафта аз ҳад зиёд асабиву хашмгин мешаванд. Қабл аз он ки сари қароре меоед, ҷиҳатҳои мусбиву манфии онро дар тарозуи ақл баркашидан лозим меояд. Ҳангоми рондани мошин ва кор бо таҷҳизоти барқӣ хеле эҳтиёткор бошед. Дар муносибатҳои ошиқонаатон навигарӣ рух намедиҳад. Аввали ҳафта аз шамолхӯрӣ эҳтиёт шавед. То рӯзи чоршанбе ба назаратон чунин менамояд, ки мурғи иқбол аз шумо рӯ тофтааст, ҳамзамон заифу руҳафтода мегардед. Сабаби бебарориҳоятон каме худро нотоб ҳис карданатон мегардад. Бозору мағозагардӣ табъатонро болида месозад.
Рӯзи бобарор: 13 октябр. Рӯзи бебарор: 11 октябр.
Мизон
Зодагони мучали мизон аз молу ашёҳои харидаи худ ҳаловат мебардоранд. Ҳафта барои рафъи мушкилоти молиявӣ созгор аст. Агар дар давоми ҳафта ба сафар баромаданӣ бошед, бо нақлиёт мушкилӣ сар мезанад. Даромади пулӣ ба даст меоред ё нафаре ба шумо пул медиҳед. Зимни робита бо атрофиён дар бораи ҳаёти шахсии худ аз ҳад зиёд маълумот надиҳед. Айни замон нафаре ин маълумотро бар зидди шумо истифода бурда метавонад. Аз дӯстдоштаи худ меҳрубонии бештар талаб намуда, сабабгори муноқиша ва нофаҳмиҳо мегардед. Ба дӯстдоштаи худ озодии бештар диҳед, ёри худро бо муҳаббати ҷонсӯз буғӣ накунед. Дар давоми ҳафта ҳодисаҳое ба саратон меояд, ки қудрати бартараф карданашро надоред.
Рӯзи бобарор: 13 октябр. Рӯзи бебарор: 9 октябр.
Ақраб
Агар шумо дар мучали ақраб тавлид ёфта бошед, ин ҳафтаро бо ғаму андуҳи ошиқона дергоҳ фаромӯш карда наметавонед. Аксари зодагони мучали ақраб ин ҳафтаро дар сафар мегузаронанд. Дар рафъ намудани мушкилоте, ки ба сари наздикону дӯстонатон меояд, кӯмак мерасонед. Маблағеро, ки дар ин ҳафта интизор будед, бо таъхир меояд, вале бар ивази интизориҳоятон маблағи хуб мегиред. Барои он ки ба зудӣ бе пул намонед, нақшаи хароҷоти худро тартиб диҳед. Рӯзҳои истироҳат шабона дар кӯчаҳои беодам гаштугузор накунед, эҳтимоли ба ҳолати ногувор афтиданатон зиёд аст.
Рӯзи бобарор: 11 октябр. Рӯзи бебарор: 12 октябр.
Қавс
Агар шумо дар мучали қавс тавлид ёфта бошед, ҳангоми сарфи пул ҳушёриро аз даст надода, ба ваъдаву ахбороти носаҳеҳ гӯш надиҳед. Ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳои молиявӣ бо шартҳои он шинос шавед. Хабари ҳомиладоршавӣ ё тавлиди фарзанд табъатонро болида мегардонад. Муноқишаҳои ин ҳафта давомнок намешаванд, вале таъсироташ дергоҳ аз хотиратон зудуда намегардад. Бонувон бар асари шитобкорӣ ва ҳассосияти зиёд бар зарари худ амал мекунанд. Дар давоми ҳафта молу ашёи шахсии худро аз дуздон эҳтиёт кунед. Мардони дар мучали қавс тавлидёфта ба меҳру муҳаббати бештари бонувони худ ниёз доранд, рафту меҳрубонӣ набинанд, асабиву бадҷаҳл мегарданд.
Рӯзи бобарор: 7 октябр. Рӯзи бебарор: 13 октябр.
Ҷаддӣ
Ҳодисаҳои ин ҳафта бо ҳаёти шахсӣ, муҳаббат ё бахти зодагони мучали ҷаддӣ таъсир мерасонад. Акнун шумо имкон доред, дӯстдоштаи худро бо туҳфа ба ваҷд биёред. Хабари нохуб гаштани вазъи саломатии нафаре, ки чанд муддат бемор буд, шуморо ба шигифт меорад. Хабарҳои хуши ҳафта бо маблағи пулӣ, ҳуҷҷатҳои молиявӣ ё даромади иловагӣ алоқамандӣ дорад. Дар давоми ҳафта кӯшиш намоед, ки тартиботи ҷамъиятиро халалдор насозед, вагарна аз муноқиша эмин намемонед. Рӯзҳои истироҳат аз иштирок дар тӯю маъракаҳо худдорӣ намоед.
Рӯзи бобарор: 8 октябр. Рӯзи бебарор: 10 октябр.
Далв
Дар ин ҳафта зодагони мучали далв аз ҷое маблағи пулӣ ба даст меоранд, ки тамоман интизор набуданд. Шуморо лозим меояд, ки муноқишаи дар хонаи дӯстон ё ҳамсояатон сарзадаро ором намуда, маслиҳатчии хуб шавед. Бонувон имкони беҳтар сохтани вазъи молиявии худро пайдо намуда, кори иловагӣ меёбанд. Сиру асрори худро ба дӯстон бовар накунед, байни онҳо нафаре аст, ки маълумоти шунидаашро бар зидди шумо истифода бурда метавонад. Ҳафта барои аз нафаре қарз пурсидану қарз додан созгор нест. Рӯзҳои истироҳат бо рӯбучини хона машғул нашавед, вагарна коратон нотамом мемонад.
Рӯзи бобарор: 12 октябр. Рӯзи бебарор: 8 октябр.
Ҳут
Муносибатҳои ошиқонаи шумо дар ин ҳафта сабабгори муноқиша бо нафаре мегардад, ки зидди интихоби шумо аст ё мақсади дигаре дар сар дорад. Агар шумо нақшаи сафар надошта бошед, вақти зиёди худро дар интернет мегузаронед. Эҳтимол бо нафаре шинос мегардед, ки саводи баланд дорад ва аз ӯ бисёр чизҳоро меомӯзед. Дар доираи шиносҳоятон рафтору кирдори шуморо мавриди баҳс қарор медиҳанд. Рӯзҳои истироҳат зимни робита бо дӯстдоштаатон меҳрубону ғамхор бошед, вагарна аз хафагиву муноқишаи нодаркор гурехта наметавонед.
Рӯзи бобарор: 8 октябр. Рӯзи бебарор: 10 октябр.