Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз шумо фикрҳои хеле олиҷаноб мекунед. Муҳим он аст, ки фикру андешаҳо ба шумо фоидаи хуб оранд. Ҳоло шумо ҳамаи захираҳои заруриро доред, то баъзе аз ин фикрҳоро амалӣ кунед. Дар ҳаёти шахсӣ эҳтиёт кунед: бо ҳамсафари ҳаётӣ ё шахси дӯстдошта дар мавзуҳои ошкоро суҳбат кунед, вале фишор наоред. Шояд дӯстдошта ё ҳамсафари ҳаётӣ баъзе гапҳоро наметавонад ба шумо ошкор кунад. Рашку ҳасад метавонанд ҳатто мустаҳкамтарин муносибатҳоро хароб кунанд, аз ин рӯ, эҳсосотатонро идора кунед.
Савр (20 апрел-20 май)
Ба маслиҳатҳои дигарон гӯш диҳед, имрӯз онҳо хеле муфид ва ба маврид мешаванд. Аз шиносшавӣ ва муошират натарсед - шумо метавонед шахсеро вохӯред, ки ба ояндаи шумо таъсири мусбат мерасонад. Танҳо эҳсосотатон метавонад ин рӯзро вайрон кунад, ки онро идора кардан душвор аст. Дар лаҳзаҳои душвор кӯшиш кунед ором шавед ва барои аз ҳолати душвор баромадан то даҳ шуморед. Имрӯз рӯзи мусоидест, ки метавонад орзуҳои бузурги шуморо ба ҳақиқат табдил диҳад.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Новобаста аз он ки рӯз бо нохушиҳо оғоз меёбад, то шом кайфияти шумо ба дараҷаи баланд мерасад, ва шумо метавонед ҳамаи мушкилотро бидуни талафоти ҷиддӣ ҳал кунед. Имрӯз нерӯи зиёд доред, ки шуморо барои сар кардан ба кори нав ё иштирок дар саргузаштҳои ҷолиб водор мекунад. Аммо эҳтиёт шавед - шояд шумо ба ҳолатҳои номатлуб дучор шавед. Беэҳтиётӣ ва надоштани нақшаи возеҳ метавонад монеаи ҷиддӣ шавад. Ҳамчунин, дар роҳ бештар эҳтиёт шавед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз барои оғоз кардани корҳои наву ҷолиб рӯзи олӣ аст. Муҳим он аст, ки ба садои қалби худ бештар гӯш диҳед - имрӯз он танҳо роҳҳои дурустро нишон медиҳад ва ба саволҳои душвортарини шумо ҷавоб медиҳад. Ин рӯз барои гуфтугӯ бо одамоне, ки муносибатҳои шумо бо онҳо кайҳо боз хароб шуда буданд, хеле мувофиқ аст. Ҳоло метавонед ба созиш бирасед ва муносибатҳои нав оғоз кунед. Ба саломатии худ диққат диҳед, ҳатто як шамоли сабук метавонад нақшаҳои шуморо халалдор кунад.
Асад (23 июл-22 август)
Шарикон ва мухолифони худро бодиққат интихоб кунед - имрӯз кайфият ва ҳолати шумо аз онҳое, ки дар атрофи шумо ҳастанд, вобаста хоҳад буд. Гарчанде ки корҳои зиёде доред, шумо қудрати кофӣ хоҳед дошт, ки бо ҳамаашон сарукор кунед. Хабарҳои хуш метавонад шуморо рӯҳбаланд ва илҳом бахшад, аз ин рӯ аз муошират саркашӣ накунед ва ба ҳамаи зангҳо посух диҳед. Кӯшиш кунед, ки нерӯи худро дар кор сарфа кунед, то дар нимаи дуюми рӯз ба шахсони наздик вақт пайдо карда тавонед.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Ба фикрҳои манфӣ ва фикрҳои ночиз диққат доданро бас кунед. Кӯшиш кунед ором шавед ва ягон кори нодуруст накунед. Имрӯз ҳама дарҳо ба рӯятон боз мегардад, аз ин рӯ аз субҳ табассумро сар кунед ва ба ҳадафҳои худ ноил шавед. Муошират низ муфид аст, имрӯз метавонед бо ҳамкорони хуб ё ҳатто муҳаббати зиндагии худ вохӯред. Эҳсосотатонро назорат кунед, зеро як амали шумо метавонад дар кор ва ҳаёти шахсии шумо ҳам кӯмак кунад ва ҳам монеа эҷод кунад. Ба сару либоси худ диққат диҳед, шамол хӯрданатон дар назар аст.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз ақли шумо идеяҳои олӣ пешниҳод мекунад. Муҳим он аст, ки онҳоро сабт кунед ё қайд кунед, то дар оянда амалӣ гардонед. Ҳамчунин, рӯзи хубест барои оштӣ шудан бо онҳое, ки ҷанҷол карда будед. Шумо метавонед ба зудӣ ба созиш бирасед. Муфид аст, ки имрӯз аз шахсони бонуфуз таҷриба бигиред, хатоҳои онҳо метавонад дарси хубе барои шумо бошанд. Барои ҳалли мушкилоти пайдошуда қувваи ирода нишон диҳед ва шояд лозим шавад, ки ба дигарон барои кӯмак муроҷиат кунед.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Аз изтироб нисбати чизҳое, ки ҳанӯз нашудаанд, даст кашед. Кӯшиш кунед ором бошед ва ба тақдир бовар кунед, шояд мушкилот аз шумо дур шаванд. Агар чунин нашавад, дар хотир доред, ки ҳамаи масъалаҳоро метавон ҳал кард, агар худатон натавонед, пас бо кӯмаки наздикон ва дӯстони худ ҳатман муваффақ мегардед. Ҳамчунин, тавсия медиҳем, ки истеъдоди эҷодии худро зоҳир кунед, имрӯз метавонед чизе офаред, ки дар оянда фоидаи хуб оварад. Имрӯз дар масъалаҳои молиявӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ дучори баъзе мушкилиҳо хоҳед шуд.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Шумо метавонед ором бошед, ин рӯз ба шумо мушкилот ва нохушиҳо намеорад. Баръакс, вохӯриҳои муҳим, суҳбатҳои гуворо ва пешниҳодҳои олӣ дар пешанд. Ҳоло ба шитоб кардан зарурат нест, қадам ба қадам дар ритми шахсии худ амал кунед. Ҳамчунин маслиҳат медиҳем, ки ба касоне, ки кумак мепурсанд, дастгирӣ кунед, ин ба шумо дар оянда фоида меорад. Дар ҳама кор сабр ва оромии худро нишон диҳед, он гоҳ ҳамаи душвориҳои пешомадаро паси сар мекунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Эҳсосоти зиёд тафаккури мантиқии шуморо хомӯш мекунад, яъне дар сари эҳсос корҳоеро анҷом доданатон мумкин аст, ки баъдан пушаймонӣ меорад. Кӯшиш кунед, ки ҳамаи корҳои худро қатъ накунед, то дар ҳаёти шахсӣ худро гум накунед, ин метавонад ҳам дар кор, ҳам дар муносибатҳо мушкилот эҷод кунад. Шомгоҳон машғулиятҳои дӯстдоштаи худро анҷом диҳед, ки шуморо аз дигар мушкилоти дур месозад, ин ба шумо барои рӯзҳои оянда қувват мебахшад. Шуморо пешниҳод ё вохӯрии муҳим интизор аст, ки метавонад тамоми зиндагии шуморо тағйир диҳад.
Далв (20 январ-18 феврал)
Акнун вақти он расидааст, ки қарзҳои худро баргардонед, новобаста аз он ки онҳо молиявӣ ё маънавӣ ҳастанд. Ҳамчунин, муфид аст ба онҳое кӯмак кунед, ки ба кӯмаки шумо ниёз доранд, дар оянда ин одамон низ нисбати мушкилиҳои шумо бепарво намеистанд. Кӯшиш кунед, ки имрӯз танҳо ба қувваи худ такя кунед ва аз хатогиҳо ноумед нашавед, баъд аз чанд кӯшиш ҳама чиз хуб мешавад. Аммо аз корҳои нав беҳтар аст худдорӣ кунед, зеро муҳити имрӯз каме номуътадил аст. Рӯзро дар танҳоӣ ва хона нагузаронед. Барои он ки аз фикрҳои ғамангез дур шавед, бояд дар байни мардум бошед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз шумо метавонед ба ҳақиқат бирасед ва ба саволҳои душвортарини худ ҷавоб пайдо кунед. Барои ин, бештар ба атроф нигаред, аломатҳоро шарҳ диҳед ва ба хабарҳо диққат диҳед, ин ҳама метавонад ишора ё калиди муаммоҳои шумо бошад. Ҳамчунин, бо одамони гуногун муошират кунед, шояд шиносоӣ бо шахсони бонуфуз ва пешниҳоди хубе дар пеш дошта бошед. Шумо интизори хабарҳои ҷолиб ва маълумоти ғайричашмдошт ҳастед. Беҳтар аст шомгоҳон бо дӯстон вохӯред. Аз ҳузури нафароне, ки гирифтори зуком ҳастанд, канораҷӯӣ кунед.