gazprom august 2025
ТОЛЕЪНОМАИ 9-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2025
1162

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Агар муносибатҳои кунунии шумо якрангу дилгир шудаанд, имрӯз эҳтимолан шахси наздикро аз нигоҳи дигар мебинед. Нисбати ҳамсаратон аз ҳад сахтгир набошед, вагарна миёнатон баҳс сар мезанад. Имрӯз корҳое пеш меоянд, ки масъулият ва диққати зиёд мехоҳанд, вале кӯшиш накунед ҳамаашро дар танҳоӣ иҷро кунед. Дар масъалаҳои молиявӣ давраи душвор ба анҷом мерасад.

Савр (21 апрел-21 май)

Барои нафароне, ки танҳоянд, имрӯз шиносоии ошиқона эҳтимол дорад. Шумо фурсат меёбед, ки бо дӯстону наздикон вақт гузаронед ва робитаҳоятонро қавитар кунед. Агар коратон бо ҳисобу китоби малбағ алоқаманд бошад, имрӯз пешниҳоди фоидаовар мегиред. Сафарҳои корӣ ва вохӯриҳо низ манфиат меоранд. Барои саломатӣ машқҳои сабукро фаромӯш накунед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Рӯзи хуб барои муҳаббат ва вохӯриҳои хотирмони ошиқона аст. Шумо метавонед аз мушкилоти кӯҳна халос шавед ва бо дӯстони дерин мулоқот намоед. Дар масъалаҳои корӣ ё таҳсил душвориҳо пеш меоянд, вале набояд таслим шавед. Ба масъалаҳои пулӣ бо эҳтиёт муносибат кунед ва аз саросемагӣ дурӣ ҷӯед. Имрӯз пур аз нерӯву рӯҳбаландӣ хоҳед буд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз нафаре ба дилатон писанд меояд. Шояд хоҳед, ки таваҷҷуҳи ӯро ба худ ҷалб намоед. Дар муносибатҳои ошиқона нагузоред, ки шуморо ба манфиати худ истифода баранд. Дар ҷои кор эҳтимоли нофаҳмӣ бо ҳамкорон вуҷуд дорад, хусусан дар масъалаҳои вобаста ба маблағ. Хароҷоти беҳуда накунед. Аз зиёд кор кардан худдорӣ намоед, зеро саломатиятон зарар мебинад.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз шиносоии нав ё вохӯрии ошиқона имкон дорад. Хешовандон ва дӯстони наздик шояд бо шумо муноқиша кунанд, беҳтар аст оромӣ ва сабр пеша намоед. Қобилияти гуфтугӯ ва равшан баён кардани фикрҳоятон калиди муваффақият мегардад. Барои созишномаҳои молиявӣ ва хариди калон рӯзи хуб аст. Дар масъалаи саломатӣ ба рӯҳия ва ғизо диққат диҳед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз эҳтимоли тағйироти ҷиддӣ дар ҳаёти шахсӣ вуҷуд дорад. Пеш аз қабули қарорҳо хуб андеша кунед. Эҳтимоли низоъ бо наздикон зиёд аст. Дасту дилатон ба кор намечаспад, зеро андешаҳои дигар саратонро банд мекунанд. Барои рӯҳбаландӣ метавонед чизе харед, ки ба табъатон мувофиқ аст. Барои нигоҳ доштани оромӣ ба корҳои муҳим диққат диҳед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар рафтори шарикатон чизе дида метавонед, ки шуморо ба шубҳа меандозад. Дар ин рӯз ба баҳсҳо ҳамроҳ нашавед, балки роҳи худро оромона идома диҳед. Имрӯз эҳтимоли хатогӣ дар кор вуҷуд дорад. Дар масъалаҳои молиявӣ ба маслиҳати шахсони таҷрибадор такя кунед. Барои саломатӣ беҳтар аст истироҳат кунед ва нерӯятонро барқарор намоед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Барои аз байн бурдани хастагӣ маъракаи дӯстонро ташкил намоед. Имрӯз эҳсосотатонро идора кардан муҳим аст, вагарна оқибати муноқишаҳо пешгӯинашаванда мешавад. Вақти хуб барои андешидан дар бораи пешрафти касбӣ ва омӯзиш аст. Аз нафароне эҳтиёт шавед, ки аз қобилиятҳои шумо ба манфиати худ истифода мебаранд. Эҳтимоли зиёд шудани эҳсосот ва хастагӣ дар охири рӯз вуҷуд дорад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Агар дили шумо озод бошад, имрӯз аз хона бароед, зеро эҳтимоли вохӯрии ошиқона ва пайдо кардани бахтатон зиёд аст. Ба шахси наздик талаботи зиёдатӣ нагузоред, аввал ба камбудиҳои худ нигоҳ кунед. Шояд лозим шавад нақшеро иҷро кунед, ки бароятон нав аст, вале натиҷа мусбат меояд. Дӯст ё шиносатон ба кӯмаки молӣ ва маслиҳат ниёз дорад, дастгирӣ кунед. Ба худ фишори зиёд наоред ва вақти бештар барои истироҳат ҷудо кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз беҳтараш ба шахси наздик вақти бештар бубахшед ва хафагиҳои гузаштаро фаромӯш кунед. Вақти хубест барои суҳбат дар бораи нақшаҳои шахсӣ. Дар масъалаи корӣ ҳоло тағйирот анҷом надиҳед. Рӯзи шумо бо масъалаҳои молиявӣ ва қарзҳо мегузарад. Эҳсосот ором аст, вале эҳтимоли андак ғамгин шудан вуҷуд дорад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Имрӯз бояд нисбат ба наздикон ғамхортар ва меҳрубонтар бошед. Ҳатто як калимаи хуб метавонад муносибатҳоро беҳтар созад. Дар касбу кор эҳтимоли муноқиша бо роҳбар ё ҳамкорон ҳаст, ки бояд рӯ ба рӯ ҳал намоед. Шояд барои дастгирии молиявӣ ба шахсе муроҷиат кунед, ки қаблан муносибататон хуб набуд, вале ӯ ба шумо кӯмак мерасонад. Нерӯятон устувор нест, беҳтараш рӯҳияро беҳтар намоед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Имрӯз аз муноқиша бо шахси дӯстдошта худдорӣ кунед, вагарна пушаймон мешавед. Дар хона рӯйдоди ғайриинтизор имкон дорад, кӯшиш кунед аз он фоида бигиред. Ба корҳои шахсӣ бештар диққат диҳед. Дар нимаи аввали рӯз ба кор диққат диҳед, натиҷаҳо зуд ба назар мерасанд. Дар масъалаи пулӣ танҳо аз худатон умед бандед. Барои беҳдошти саломатӣ каме фаъолтар шавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД