Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 9-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2023
2198

Ҳамал

Дар ин рӯз бо шахси дӯстдоштаи худ муноқишаву низоъ карданро маслиҳат намедиҳем. Имрӯз сахт ба эҳсосот дода шудану дар сари қаҳр гапи сахт гуфта метавонед. Бо нафаре шинос шуданро дар ин рӯз тавсия намедиҳем. Хабари ногувор табъатонро хира мегардонад.

Савр

Дар касбу коратон комёбиҳои назаррас дида намешавад, вале натиҷаҳои хуб ба даст меоред. Ба души худ гирифтани уҳдадориҳои дигаронро маслиҳат намедиҳем. Бо ин амалатон мушкили дигаронро низ ба сари худ бор мекунед. Дар ин рӯз ба мағозаву бозор рафтану пул сарф карданро тавсия намедиҳем.

Ҷавзо

Рӯзи душвор аст, нақшаҳоятон тағйир меёбанд. Эҳтимол як шиноси деринатон бо рафтори худ шуморо ба ҳайрат меорад. Вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ оварда, чизҳои даркории худро харидорӣ карда метавонед. Беҳтар мебуд, ки каме пули худро барои рӯзи мабодо захира намоед.

 

Саратон

Майда-чӯйдаҳои зиндагиро ба таъхир гузошта, аз пайи корҳои муҳимтар шавед. Вақте расидааст, ки барои пешрави корҳоятон бо ҳамкорон маслиҳат кунед. Айни замон қувваи зиёди худро сарф месозед, аз ин рӯ, барои барқарор сохтани нерӯ нағзакак истироҳат кардану хӯроки хуб истеъмол карданатон лозим аст.

Асад

Нафароне, ки маъшуқа доранд, сирашон фош гашта, боиси хирагии табъашон мегардад. Дар ҷойҳои серодам гаштанро маслиҳат намедиҳем. Дар ин рӯз қобилиятҳои ақлонии шуморо қадр намекунанд, аз ин рӯ, дар маҳфилу баромадҳо баромад карданатон бефоида аст.

Сунбула

Дар ин рӯз нерӯятон зиёд гашта, куҳро зада талқон кардан мехоҳед. Вақти бештари худро бо дӯстону шахси дӯстдоштаатон гузаронед. Нимаи дуюми рӯз аз ҳама гуна робитаву вохӯрӣ дурӣ ҷуед. Саломатии нафароне, ки одати пурхӯрӣ доранд, нохуб гашта, эҳтимоли баландшавии фишори хун дар назар аст.

Мизон

Имрӯз дар оилаву коргоҳ муноқишаву низоъ имкон дорад. Бо нафароне, ки дӯсташон медоред, муносибати худро вайрон насозед, вагарна ба худатон зарар мерасонед. Бо коре машғул шавед, ки аз уҳдааш хеле хуб мебароед. Корҳои ҷисмонӣ ба саломатиятон фоида мерасонад.

Ақраб

Айни замон нерӯву қуввати зиёд пайдо карда, аз уҳдаи кори зиёде баромада метавонед. Барои шиносоиҳои нави ошиқона рӯзи созгор аст. Баъди нисфирӯзӣ табъатон нохуш гашта, эҳтимоли нохуб гаштани вазъи саломатиятон вуҷуд дорад.

Қавс

Агар дар касбу кор ба роҳи ҳиллаву найранг наравед, ба мушкиле дучор намегардед. Камтарин дурӯғ рӯзе рӯи об баромада, боиси рехтани обрӯятон мегардад. Аз ин рӯ, фикри фардоро карда, қадами ноҷо нагузоред. Вақти бештари худро бо нафароне гузаронед, ки ҳамроҳашон худро хуб ҳис мекунед.

Ҷаддӣ

Дар касбу кор тағйироти куллӣ рух намедиҳад, вале худро аз доираи нафарони ҳиллагару моҷароангез дур гиред. Бо сабабҳои ночиз хафа нашаведу ба нафаре, ки дӯсташ медоред зарар нарасонед. Хоби дар ин рӯз дидаатон ба зудӣ амалӣ мегардад. Дар хоб дидани замбӯруғ маънои ҳомила будани занро дорад.

Далв

Дар ин рӯз аксари далвҳо аз кору рафтори худ эҳсоси қаноатмандӣ намекунанд. Ба нафароне, ки аз шумо дасти кӯмак мехоҳанд, ҷавоби рад надиҳед, ба қадри имкон хайр карда, шумо дар оянда низ некӣ мебинед. Саломатиятонро ба табибони ғайрикасбӣ бовар накунед.

 

Ҳут

Дар ҷодаи касбӣ ба ғалату камбудиҳо роҳ надиҳед. Бо ҳар нафар шинос шуданро маслиҳат намедиҳем. Воқеаҳои рӯзҳои гузашта ба обрӯву нуфузатон таъсири манфӣ мерасонад. Нафароне, ки қаблан дар лаҳзаҳои душвор ба шумо дасти мадад мерасониданд, фаромӯш насозеду изҳори сипос намоед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД