Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз ба муҳаббати худ шубҳа накунед. Дӯстдоштаатонро насанҷед ва ӯро ба дурӯягӣ муттаҳам насозед, то миёни шумо сардӣ наафтад. Ба хешони калонсол вақт ҷудо кунед, як занги телефонӣ ё мулоқот дили онҳоро шод мекунад. Агар кори шумо бо илм ё ҷомеа вобаста бошад, эътибори нав пайдо мекунед. Эҳсосоти аз ҳад зиёд метавонад шуморо каме ошуфта созад.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз беҳтараш роҳбариро ба дасти ҳамсар ё дӯстдоштаатон диҳед. Вақти хубест барои мулоқот бо дӯстони дерин. Ба хоҳиши роҳбар ё ҳамкорон барои кори иловагӣ розӣ нашавед, хонаводаатон муҳимтар аст. Барои оромӣ машқи нафас ё ибодат кумак мекунад. Аз ҷойҳои серодам ва нафарони гирифтори зуком худро канор гиред.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Агар дӯстдоштаатон имрӯз бештар ба рафтори шумо эрод гирад, ором бошед, бо нармӣ ва сабр муносибат кунед. Маҳз меҳрубонӣ муносибатро устувор мекунад. Аз ҷиддият канорагирӣ намоед ва ба худ истироҳат диҳед, зеро кори зиёд шуморо хаста кардааст. Имрӯз рӯзи хуб барои хайр кардан ё кумак ба дигарон аст. Агар мошин меронда бошед, эҳтиёткор бошед, эҳтимоли рух додани садама вуҷуд дорад.
Саратон (21 июн-22 июл)
Дар ҷодаи муҳаббат рӯйдоди ногаҳонӣ эҳтимол дорад, ки ба нафъи шумо анҷом меёбад. Кӯшишҳоятон ниҳоят натиҷа медиҳанд. Бо устуворӣ ва хирад ҳар мушкилро ҳал мекунед. Гарчанде баъзеҳо то ҳол шуморо намефаҳманд, дер ё зуд ҳамфикратон мешаванд. Аз баҳси беҳуда бо ҳамкорон худдорӣ намоед. Имрӯз эҳтимоли зуҳури бемориҳои кӯҳна ҳаст, ба саломатӣ аҳамият диҳед.
Асад (23 июл-22 август)
Агар ҳанӯз муҳаббати худро наёфта бошед, ноумед нашавед, шиносоии нав дар пеш аст. Имрӯз рӯҳбаланду хушнуд мегардед. Рӯзи мусоид барои афзоиши даромад аст. Ҳангоми харид эҳтиёткор бошед, пули худро беҳуда сарф накунед. Аз хӯроки тайёри тарабхонаҳо канорагирӣ кунед, беҳтараш дар хона пухтупаз намоед.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Имрӯз рӯҳи шумо пур аз эҳсоси ишқу ошиқӣ мешавад. Шояд шумо дар ишқбозӣ таҷриба надошта бошед, вале самимиятатон дилҳоро ҷалб мекунад. Кори аз таҳти дил иҷрошуда натиҷаи хуб меорад. Барои оянда пасандоз карданро фаромӯш накунед, зеро вазъи молиявӣ метавонад тағйир ёбад. Худро бемадор ҳис мекунед. Қаҳри худро ба сари наздикон нарезонед, дар танҳоӣ ором шавед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз эҳтимол рӯйдоди хуш дар ҷодаи муҳаббат дошта бошед. Тағйироти мусбат шуморо шод мекунад. Дар оила сабр ва ҳамдигарфаҳмӣ муҳим аст, аз сухани сахт худдорӣ намоед. Агар нақшаҳоятонро амалӣ карда бошед, оромии рӯҳӣ эҳсос мекунед. Дар харид эҳтиёткор бошед, пулро беҳуда сарф накунед. Имрӯз рӯзи оромист, вақти холиро бо корҳои дӯстдошта гузаронед, то қувваи рӯҳиро барқарор созед.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз дӯстдоштаатон ба шумо таваҷҷуҳи зиёд мекунад. Агар ҳанӯз издивоҷ накарда бошед, вақти фикр кардан расидааст. Аммо эҳтиёт бошед: табиати тунди шумо метавонад ҷанҷол барангезад. Имкони афзоиши маош ё пешрафт дар кор зиёд аст. Соҳибкорон метавонанд фоидаи хуб ба даст оранд. Аз рафтан ба ҳаммом ё сауна худдорӣ кунед, гармӣ метавонад ба саломатӣ зарар расонад.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Шояд талаботатон ба шахси дӯстдошта хеле баланд аст, каме нармтар шавед. Дар оила аз баҳси молиявӣ канорагирӣ кунед. Аз хариди гаронбаҳо бе маслиҳат бо ҳамсар худдорӣ намоед. Ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳо бодиққат бошед, иштибоҳ бахшида намешавад. Нимаи аввали рӯз барои харид хуб аст, вале баъдтар аз муомилоти пулӣ дурӣ ҷӯед. Барои гардан ё сутунмӯҳра машқи сабук иҷро кунед, саломатиятон беҳтар мегардад.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Пас аз ҳафтаи пурфишор имрӯз ором шавед. Аз иғвогарӣ ва худнамоӣ парҳез кунед. Тозагӣ ва низом дар хона оромии рӯҳӣ мебахшад, барои ин вақт ҷудо кунед. Эҳсосотатон ноустувор аст, вале кӯшиш кунед бо фикри нек зиндагӣ кунед. Ҳадафҳоятон амалӣ мешаванд, агар аз имконоти воқеӣ берун наравед. Бо асбобҳои техникӣ эҳтиёткор бошед, эҳтимоли зарбаи барқ ё осеби ҷисмонӣ вуҷуд дорад.
Далв (20 январ-18 феврал)
Имрӯз муносибатҳо бо дӯстдошта беҳтар мешаванд, нофаҳмиҳо паси сар мешаванд. Ҳодисаи ғайричашмдошт метавонад зиндагиро тағйир диҳад. Шумо имрӯз бисёр сухангӯ мешавед, эҳтиёт кунед, то корҳои муҳим ба таъхир намонанд. Аз одамони манфӣ дурӣ ҷӯед. Дар масъалаҳои молӣ нигарон набошед, ҳама чиз хуб мегузарад. Агар мошин меронда бошед, эҳтиёткор бошед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз барои шумо рӯзи махсус аст! Агар танҳо бошед, эҳтимоли ошноии нав зиёд аст. Дар оила сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо мешавад. Имкони барқарор кардани дӯстии кӯҳна низ вуҷуд дорад. Дар бораи мушкилоти молӣ ғам махӯред, вазъ зуд беҳтар мешавад. Вақти холии худро бо корҳое гузаронед, ки дилатон мехоҳад, ин ба шумо нерӯ мебахшад.