Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 9-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2023
2314

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

 

Имрӯз маҷбур мешавед, ки нақшаҳоятонро дигар кунед ва ин ҳолат шуморо хастарӯҳ мегардонад. Илова бар ин хабарҳое мешунавед, ки боиси асабониятатон мегардад. Хабарҳои мазкур ғайриихтиёр фикру зикри шуморо ба худ банд мекунад ва шумо дар андешаи он меафтед, ки барои тағйир додани вазъият чӣ бояд кард. Пеш аз хулосабарорӣ то кадом андоза ҳақиқат доштани ин хабарро санҷед беҳтар мебуд. Таоми рӯз асабӣ гашта бо атрофиён забон ёфтанатон мушкил мегардад.

 

Савр ( 21 апрел – 22 май)

 

Тамоми рӯз шумо танбалӣ карда, дар пайи иҷрои ягон кор намешавед. Ҳарчанд ба хубӣ дарк мекнед, ки ин рафторатон оқибатҳои хуб намеорад. Беҳтараш танбалиро канор гузоред ва худро ба кор кардан маҷбур созед. Наздиконатон айни замон ба кумаку дастгирии шумо ниёз доранд, бинобар ин фориғболӣ накунед ва ҷилави аспи тақдирро ба дасти хеш гиред.

 

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

 

Давоми рӯз мувозиби саломатии хеш бошед. Саломатиатон бе восита ба табъи шумо вобаста аст. Бинобар ин аз муошират бо одамоне, ки мувофиқи табъатон нестанд, ё онҳое, ки ҳамеша аз зиндагӣ меноланд канораҷӯӣ кунед. Беҳтараш ба сайругашт равед то табъатонро болидаву саломатиатон хуб гардад. Ба эроду хурдагириҳои атрофиён аҳамият надиҳед, фикри дигарон набояд боиси бедорхобиву асабонияти шумо гардад. Барои худатон зиндагӣ кунед.

 

Саратон (22 июн- 22 июл)

 

Шумо ҳамеша кӯшиш мекунед, ки новобаста аз мушкил буданаш ба боварии атрофиён сазовор бошед. Ба умеде, ки ин амалатонро қадр мекунанд ва нисбат ба шумо эҳтиромашон зиёд мегардад. Аммо ҳайҳот нозу хоҳиши онҳо ҳар бор аз пешина зиёдтар мешаваду миннатдорие намебинед. Чунин ҳолат боиси асабоният ва рӯҳафтодагииатон гашта, метавонад сабаби фишори равонӣ гирифтанатон гардад. Беҳтараш рухсатии меҳнатӣ гиред ва бо азизонатон бештар вақт гузаронед

 

Асад ( 23 июл – 23 август)

 

Ҳарчанд давоми рӯз пешниҳодҳои хубе мегиред, лекин имконияти қабул кардани онро намеёбед. Ва ё шояд барои қабули он омода нестед. Дар маҷмӯъ рӯз хуш мегузарад. Ҷисми шумо пур аз нерӯву дилатон пур аз фараҳ аст ва бо ин зиндадиливу қувваи худ ба наздиконатон хушиву хурсандӣ мебахшед. Дар муошират бо ҳамсар ё дӯстдоштаатон боэҳтиёт бошед, зеро чизе, ки маъмулӣ меҳисобед метавонад аз нигоҳи вай ғайри қобили қабул бошад

 

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

 

Сабур бошед, ба наздикӣ ҳама корҳоятон хуб мешаванд. Вале имрӯз чи дар корхона ва чи дар хона ба мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ мешавед. Рӯз барои оғози кори нав, машғулиятҳои варзишӣ ва кори вазнинӣ ҷисмонӣ мувофиқ нест. Инчунин аз шиносоии нав дар ин рӯз худдорӣ намоед беҳтар аст. Муошират ва саёҳат бо кӯдакон ва ҳайвонҳои хонагӣ метавонад табъатонро болида созад. Барои раҳоӣ ёфтан аз якрангии дилгиркунанда ба ҳаёти маҳрамонаатон навгоние ворид созед.

 

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

 

Ҳушёр бошед, бадхоҳон ва душманон дар каминанд ва мунтазири оддитарин хотагии шумо ҳастанд. Кӯшиш кунед, ки ба онҳо сабаб надиҳед. Либоси нав ба бар кунед, баъзан худатонро низ ба қавле эрка кунед. Шарт нест, ки ҳамеша ҷиддиву дар фикри кор бошед. Худхоҳ нашавед, дар бораи хушии ҳамсафари ҳаётиатон низ фикр кунед. Кӯшиш кунед, ки ин ҳафта на танҳо барои шумо, балки барои наздиконатон хуш гузарад

 

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

 

Нимаи аввали рӯз маъюсу ғамгин мешавед. Чизҳое, ки рӯзе пеш ба шумо хушӣ меоварданд, айни замон ба назаратон хато ва номақбул менамояд. Вале дар чунин ҳолат ба эҳсосот дода нашавед ва хулосабарорӣ накунед. Нимаи дувуми рӯз вазъият ранги дигар мегирад. Агар дар интихоби роҳи дуруст мушкилӣ мекашед, аз ҳамсари ҳаётиатон кумак пурсед. Вай бо маслиҳати хеш шуморо аз ин варта раҳоӣ мебахшад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

 

Давоми рӯз шумо маҷбур мешавед, ки мушкилоти зиёдеро паси сар кунед. Ва ин корро бояд дар танҳоӣ анҷом диҳед аз машварату маслиҳати касе кор набаред. Илова бар ин нимаи дувуми рӯз ба сафари кории ногаҳонӣ фиристода мешавед ва маҷбур мешавед, ки маблағи зиёдеро сарф намоед. Аммо шумо бояд оромиро аз даст надиҳед. Барои истироҳат ва барқарории нерӯятон вақт ҷудо кунед, чунки охири рӯз шумо ба он ниёз пайдо мекунед. Ба ҳар кори ҳамсафари ҳаётиатон шарик шуда, ӯро аз худ дилсард накунед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Воқеаҳо давоми рӯз тибқи хоҳиши шумо сурат намегиранд. Кореро, ки ба вай умеди зиёд баста будед, бо сабабҳои гуногун ба ақиб гузошта мешавад. Вале шумо таслим намешавед ва қаҳрамонона бо мушкилот мубориза мебаред ва ин рафторатон барои дӯстони наздик намунаи ибрат мегардад. Нимаи дувуми рӯз барои шиносоии нав мусоид аст. Шиносоии мазкур метавонад ба муносибати нави ошиқона ва фаромӯшношаванда асос гузорад. Хело вақт дар фикри оғози кори нав будед, барои ин фурсати муносиб фаро расидааст. Дӯстдоштаатон шуморо дар ҳама ҳолат дастгирӣ мекунад.

 

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

 

Рӯз дар маҷмӯъ хуб мегузарад. Махсусан нимаи аввали он бобарор меояд. Эҳтимол дар зинаи кор боло равед. Нимаи дувуми рӯз дар машварат ва баҳсу мунозираҳои корӣ фаъолона ширкат варзед. Шояд маҳз идеяи шумо аз ҳама беҳтарин эътироф гардад. Сӯҳбати самимӣ бо наздикон боиси ҳалли муноқишаҳои куҳан ва хуб гаштани муносибатҳо мегардад. Ба эҳсосот дода нашавед, хунсардиро дар ҳама ҳолат нигоҳ доред то дили касеро озор надиҳед.

 

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

 

Шахсонеро, ки зери ин бурҷ тавлид шудаанд, воқеаҳои хубу хотирмон инчунин хушиҳо гӯшношунид интизоранд. Нимаи дувуми рӯз бисёре аз орзуҳояшон амалӣ мешаванд. Дар коргоҳ ҳасудон махсус шуморо ба баҳсу ҷанҷол мехонанд, аммо беҳтараш аз ҳама гуна вазъияте, ки боиси асабониятатон мегардад др бошед. Саломатиатонро эҳтиёт кунед, ҳатто хархашаи кучак метавонад боиси баланд гаштани фишор ва руҳафтодагиатон гардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД