Ҳамал
Ба назаратон чунин мерасад, ки ҳам одамони гирду атроф ва ҳам вазъият бар зидди шумост. Асабонӣ нашаведу каме фикр кунед, зеро дар урфият «шохи дарахт бе шамол намеҷунбад» гуфтаанд. Мағрурӣ накарда, хатои худро ба гардан бигиреду ислоҳ шавед, то вазъият мураккабтар нагардад.
Савр
Дар ин рӯз ҳар коре, ки дилатон мехоҳад, накунед, вагарна ба худ зарар мерасонед. Агар ақлатонро кор фармоеду ландаҳурӣ накунед, пайдо намудани шарикони корӣ ва бастани шартномаҳои муфид бароятон осон мешавад. Албатта ҳар як ҳуҷҷатро аввалан пурра аз назар гузаронеду баъдан бо дили пур имзо намоед.
Ҷавзо
Ин рӯз дар коргоҳатон нофаҳмие байни ҳамкасбонатон сар мезанад, кўшиш намоед, ки ба моҷаро ҳамроҳ нашавед, вагарна дар охир ҳама айбро ба гарданатон бор мекунанду дигарон мўсичаи бегуноҳ мешаванд.
Умуман, зодагони бурҷи ҷавзо ин рӯз бояд дар масъалаҳои корӣ ва корҳои ба ҳуҷҷату ҳуҷҷатгузорӣ алоқаманд хеле эҳтиёткор бошанд.
Саратон
Ин рӯз ситораҳо ба зодагони бурҷи саратон тавсия медиҳанд, ки майнаашонро аз фикрҳои хому нолозима тоза намуда, бо корҳои манфиатбахш машғул шаванд. Маблағро сарфа кунед, баъдтар барои ҳалли як масъалаи ҳаётан муҳим лозим хоҳад шуд. Охири рӯз вазъи саломатиятон шуморо каме ба ташвиш меорад.
Асад
Ин рӯз ҳис мекунед, ки қувваи ноаёне ҳамроҳиатон мекунад. Ҳар коре, ки оғоз кунед, бе каму кост анҷом меёбад. Пеш аз кореро кардан албатта фикр кунед. Нимаи дуюми рӯз каме мушкилоти пулӣ пеш меояд, вале ба зудӣ ҳал мешавад. Дар оилаатон вазъият каме ноором хоҳад гашт. Кўшед мушкилотро бо ақли расо ва муросо ҳал кунед. Ба қаҳру ғазаб роҳ надиҳед, то ба решаи ниҳоли бахтатон теша назанед.
Сунбула
Имрӯз сунбулаҳои муҷаррад бо масъалаи муҳим-интихоби бахт рў ба рў мегарданд. Ба садои қалбатон гўш кунед ва нагузоред, ки тақдири шуморо дигарон бо майлу хоҳишу иродаи худ ҳал намоянд. Бегоҳирӯзиро беҳтараш дар ҳалқаи дўстон гузаронед. Зиёрат намудани волидонро низ ба гўшаи фаромўшӣ наниҳед.
Мизон
Якравӣ танҳо бар зарари зодагони бурҷи мизон аст, аз аспи ҷаҳл фароед. Эҳтимол ошиқи гумгаштаатон боз ба ҷустуҷўятон меояд. Шодикаф нашавед, аввал садоқаташро бисанҷед. «Кўр як маротиба асояшро гум мекунад» гуфтаанд, эҳтиёт бошеду ба ваъдаҳои болохонадор бовар накунед, фаромўш насозед, ки дубора бевафоӣ кардани каси як маротиба хиёнатро раво дида аз эҳтимол дур нест.
Ақраб
Ин рӯз истироҳатро дар шаби хобатон ҳам намебинед. Агар ҳис кунед, ки зўратон ба сари вақт анҷом додани ҳама корҳоятон намерасад, аз дўстонатон ёрӣ пурсед, то кор кашол ёфта, боиси норозигӣ нагардад.
Нимаи дуюми рӯз ба корҳои майда-чуйда аҳамият надода, аз паи амалӣ намудани нақшаҳои бузургатон шавед. Соҳиби даромади калон мешавед, агар тамоми маҳорат ва ақлу заковататонро ба кор андозед.
Қавс
Ин рӯз барои зодагони бурҷи қавс хело бобарор ба ҳисоб меравад. Шунидани хабари хуш зиндагиро дар назаратон рангинтар месозад. Хабарро ҳамчун сир маҳфуз доред, вагарна душманон коре кард,а ба косаи шаҳдатон заҳр мерезанд. Эҳтиёт бошед. Нимаи дуюми рӯз дўстатон бо мушкилие наздатон маслиҳатпурсӣ меояд.
Ҷаддӣ
Имрӯз барои ҷаддиҳо каме дилгиркунанда ба ҳисоб меравад. Лоиҳае, ки тарҳрезӣ намуда будед, рад мешавад. «Дилмонда нашавед, як дари бастаю сад дари дигар кушода аст», шояд дар ҷои дигар дастгирӣ меёбед. Нимаи дуюми рӯз бо ошиқатон каме гапатон мегурезад. Хархаша набардоред, беҳтараш серкориро баҳона накарда, барои азизи дилатон вақт ҷудо намоеду дилашро ёбед.
Далв
Амалӣ шудани орзуи деринатон рашку ҳасуди атрофиёнро меорад. Гирифтани вазифае, ки орзуяш мекардед, дар назар аст. Агар содиқона кор кунед, минбаъд албатта қуллаҳои баландтареро фатҳ менамоед. Ақлатонро кор фармоед, кордатон ҳатман болои равған хоҳад гашт. Нимаи дуюми рӯз дар оилаатон эҳтимол каме нофаҳмӣ сар мезанад.
Ҳут
Ин рӯз ҳутҳо худро тавоно ҳис менамоянд. Ба назарашон кўҳро чаппа карда метавонанд, вале иштибоҳ мекунанд. Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки ҳама корро бар дўши худ нагирифта, аз ҳамкорон кўмак бипурсед. Сарчашмаи нави даромад пайдо шуда, имкони баргардонидани қарзҳоятонро медиҳад.