Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз ташвишатон зиёд мегардад. Робита бо наздикон ва шиносҳову ҳамсояҳо чандон хуб ҷараён намегирад. Нафароне, ки дар вазифаҳои давлатӣ кору фаъолият мекунанд, бояд тамоми тағйиротҳои сарзадаро ба эътибор гиранд. Саломатии худро эҳтиёт карда, аз истеъмоли хӯрокҳои хамирӣ худдорӣ намоед.
Савр (21 апрел-20 май)
Рӯзи фиребу иғвогарӣ аст. Аз робита бо шахсоне, ки хуб намешиносед, худдорӣ намоед. Муҳити носолим ва ноором ба рӯҳу равонатон беасар намемонад. Таваккал накунед ва нақшаҳои амалиношуданиро накашед. Бо мумури замон наздикон шуморо дарк мекунанд ва ба қадри заҳматҳоятон мерасанд.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Имрӯз майл ба сафари роҳи дур мекунед. Сарчашмаҳои нави даромадро пайдо карда, хушҳол мешавед. Кору фаъолияте, ки қувваи зиёди ҷисмониро талаб мекунад, ба саломатиятон беасар намемонад. Ба саросемагиву шитоб роҳ надиҳед, вагарна сахт пушаймон мешавед. Барои ошиқон рӯзи бобарор аст.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯзи душвор аст. Бори дигар ба имтиҳони қисмат дучор мегардед. Кам шудани нерӯи ҳаётӣ ба қобилияти кориятон таъсир расонида, асабӣ мегардед. Танқиди атрофиён вазъиятро душвортар мегардонад. Робита бо намояндагони ҷинси муқобил хуб ҷараён намегирад. Аксари саратонҳо аз қарзҳояшон халос мешаванд.
Асад (23 июл-22 август)
Рӯзи муқаррарӣ аст. Аз якравию асабониятатон осоре намонда, ҷойи онро меҳрубониву нармдилӣ мегирад. Ҷонфидоӣ нисбати наздиконатон ҳайрати атрофиёнро меорад. Дар ҷодаи муҳаббат ҳам садоқат мехоҳеду ҳам гуногунрангӣ. Дӯстдоштаатон бо муҳаббат посух гуфта, саратонро ба осмон мерасонад.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Рӯзи душвор аст. Вохӯриҳо бебарор ва орзуҳоятон амалӣ намегарданд. Ҳодисаҳои манфии рӯзро ба дил наздик қабул накунед. Эҳтимоли каме рӯҳафтода шуданатон дар назар аст, вале айни замон ба дунёи худ фурӯ рафтанро маслиҳат намедиҳем, зеро аз оне ки худро дарун ба дарун хӯрда, обу адо мешавед, суде нест.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Воқеаҳои имрӯз шуморо саргаранг месозанд. Кӯмаки шумо ба ҳама лозим мешавад. Наздикон аз дуриятон шиква мекунанд. Худро хаставу абгор эҳсос мекунед. Агар фикрҳои худро ба ягон чизи дигар равона сохтан хоҳед, ба мусиқиву адабиёт рӯ оваред. Баъзе мизонҳо ҷойи зисти худро иваз мекунанд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Нақшаи корҳои худро тавре тарҳрезӣ намоед, ки аз нобарориҳо эмин монед. Нерӯву тавоноиятонро низ ба инобат гиред. Барои сафару саёҳат рӯзи бебарор аст. Барои ақрабҳои ҳуқуқшинос ва табиб рӯзи бебарор аст. Мардҳо бояд ба саломатии худ диққати бештар диҳанд, зеро дар ин рӯз нерӯяшон кам мешавад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Бо сабаби пеш омадани монеаҳои вазнин корҳоятон ба таъхир меафтанд. Дар ин рӯз аз раҳмдиливу мулоимиятон ягон нишона намонда, якраву асабӣ мегардед. Аз ин рӯ, кунҷи танҳоӣ ихтиёр карданатон беҳтар аст, то касеро наранҷонед. Мулоқоти ошиқонаро беҳтараш ба рӯзи дигар ба таъхир гузоред.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рӯзи мушкил аст. Бори дигар қисмат шуморо имтиҳон мекунад. Саломатиро эҳтиёт кунед, эҳтимоли рух додани садама ё ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. Муносибати ошиқона бо сабаби ғурури дутарафа чандон хуб ҷараён намегирад. Барои аз муноқишаи тӯлонӣ раҳоӣ ёфтан зиракиро пеша намоед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Рӯзи душвор аст. Аз доми фиреб гурехтанатон душвор мегардад. Эҳтимоли ба садама дучор шудану аз даст додани маблағи калон вуҷуд дорад. Монеаҳои ҷиддӣ пеши роҳи пешравиҳоятон мегарданд. Ҳодисае рух медиҳад, ки ба кору саломатиятон таъсири ҷиддӣ мерасонад. Дар хоб дидани саг ё гурба нишонаи хуб аст.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Рӯзи хубест барои кору истироҳат ва варзиши бадан. Ягон монеа сари роҳатон падид намеояд ва душвориҳои рӯз аз каноратон гузашта мераванд. Эҳтимол, дар ҳаётатон воқеаи хотирмон рух медиҳад. Бо нафаре шинос шуда, ба ӯ сахт ошиқ мешавед. Барои табобати бемориҳо рӯзи мувофиқ аст.