Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 9-УМИ МАРТИ СОЛИ 2021
3404

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи душвор аст. Аксарияти ҳамалҳо бо душворӣ ба кор ҳозир мешаванд. Дар ин рӯз ба ҳолати яъсу ноумедӣ гирифтор шуданро маслиҳат намедиҳем. Ӯҳдадориҳои навро ба дӯши худ бор накунед. Бо корҳои пештараи худ машғул шуда, ғами ишқро то андозае фаромӯш мекунед.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз ба танбалӣ роҳ надиҳеду орзуҳои хомро аз сар дур созед. Агар шумо оиладор бошед, бо яке аз наздикони ҳамсафари ҳаётӣ муноқиша имкон дорад. Дар ин маврид ором шаведу тавре рафтор кунед, ки қалбатон мегӯяд. Ба зихнагӣ ва шубҳаву гумони бад роҳ надиҳед ва ба наздикони худ бовар кунед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Нерӯи худро барои ҳар кор сарф накунед. Барои расидан ба мақсад роҳи мувофиқро интихоб намоед. Бо нафароне, ки хуб намешиносед, ба муносибатҳои ошиқона роҳ надиҳед, вагарна дучори мушкиливу душвориҳо мегардед. Беҳтараш муҳаббати асили худро ба шахсе бубахшед, ки арзанда бошад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз вазъи молиявиатон душвор мегардад, аз ин рӯ, аз дӯстону наздикон кӯмак пурсиданатон лозим меояд. Ба ҳеҷ ваҷҳ аз бонк қарз нагиред. Саратонҳои ошиқ ошиқтар мешаванд. Хоби дар ин рӯз дидаатон баъди як ҳафта амалӣ хоҳад шуд. Дар хоб дидани оина аз оиладор шудан дарак медиҳад.  

Асад (23 июл-22 август)

Рӯзи душвор аст. Ҳолати рӯҳиятон нохуб гашта, дилатон аз пешомади баде гувоҳӣ медиҳад. Тағйиротҳои ногуворе, ки дар ин рӯз сар мезананд, чанд ҳафтаи дигар шуморо тарк намесозанд. Худро рӯҳану ҷисман хаста насозед ва барои истироҳат вақт ҷудо намоед. Баъди нисфирӯзӣ хабари хуш мешунавед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз аз нафарони бадхоҳу бадкирдор худро дур гиред. Нисбати наздикону атрофиён саховатманду дилкушод буданатон хуб аст, вале ба доми нафарони дилсиёҳ афтиданатон имкон дорад. Дар бораи ояндаи худ зиёд фикр карда, имкониятҳои муваффақ шуданро аз даст медиҳед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Агар ғами саломатии худро хӯрда, аз одатҳои бад худдорӣ намоед, аз нохӯшиҳои зиёде халосӣ меёбед. Нафароне, ки дар фикри бунёди оила ҳастанд, бояд нисбати дӯстдоштаи худ меҳрубону ғамхортар бошанд. Аз ҳад зиёд ғами мушкилиҳои молиявиро хӯрда, гирифтори асабхаробӣ мегардед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Муносибати худро бо нафаре, ки ба наздикӣ муноқиша карда будед, беҳтар созед. Имрӯз қувваву имкониятҳоятон барои амалҳои ҷавонмардона кифоя аст. Нафарони оиладор бояд ояндаи худро пешбинӣ карда, эҳсосоти худро идора намоянд. Бегоҳирӯзӣ вазъи саломатии мардҳо нохуб мегардад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Субҳи имрӯз бо хабарҳои хуш оғоз ёфта, бо воқеаҳои хотирмонаш табъатонро болида месозад. Дар ҷодаи муҳаббат агар муносибатҳоро мустаҳкам нигоҳ доштан хоҳед, ба дӯстдоштаи худ гузашт карданатонро омӯзед. Ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёт кунед. Ба баҳсу мунозира бо наздиконатон хотима бахшед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Бо нафаре вомехӯред, ки шуморо дар тиҷорат дастгирӣ мекунад. Дар хиёнату фиреб касеро гунаҳкор насозед. Вохӯрии ошиқона табъатонро болида месозад. Корҳои муҳими худро то бегоҳирӯзӣ ба анҷом расонед. Ба ҳолати яъсу ноумедӣ афтиданатон боиси вайрон гаштани муносибат бо атрофиён мегардад.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз масъалаи душвореро рафъ карданатон лозим меояд, ки аз он на танҳо пешравиҳо дар касбу кор, балки вазъи молиявиатон низ вобастагӣ дорад. Сирру асрори худро ба нафаре, ки шуморо дӯсти худ намешуморад, фош насозед. Ба фишори рӯҳӣ ва дигар мушкилиҳо тоб оварда наметавонед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз навигариҳои аҷибро интизор нашавед. Каме нотоб гаштанатон эҳтимол дорад, аз ин рӯ, баъди шом бо пурхӯрӣ ё корҳои ҷисмонӣ худро хаста нагардонед. Дар ҷодаи муҳаббат на танҳо ҳасудон, балки рақибон пайдо мешаванд. Дар ин ҷода дӯстдоштаатон гуноҳе надорад, беҳуда муносибати худро сард насозед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД