Arzon march 2024
Толеъномаи 9-уми марти 2020, душанбе
2638

Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯзи бебарор аст, хусусан барои мардон душвориҳои зиёде пеш меояд. Хатари аз даст додани маблағи пулӣ дар ин рӯз зиёд аст, аз ин рӯ, дар масъалаҳои пулӣ ба шитобкорӣ роҳ надиҳед. Бо наздикони худ баҳсу мунозира накунед, он гоҳ корҳоятон бобарор мешаванд. Бо шахси бароятон наздик муноқиша карданатон имкон дорад. Хоби дидаатон ҳамин рӯз амалӣ мешавад.

Савр (21 апрел-22 май)
Бад шудани вазъи саломатӣ ва гирифтори аллергия шуданатон имкон дорад. Агар саломатиятон кайҳо боз ташвиш медода бошад, дорувориҳои даркориро харидорӣ намоед. Ҳамзамон барои ба назди стоматолог рафтану аз ташхис гузаштан рӯзи мусоид аст. Хатари ҷароҳат бардоштану рух додани ҳодисаҳои нохуш зиёд аст. Зиёд нӯшидани нӯшокиҳои спиртиро тавсия намедиҳем.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)
Барои нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, рӯзи номусоид аст. Беҷуръатӣ ва ғалатҳоятон боиси аз даст додани маблағи пулӣ мегардад. Дар муносибатҳои ошиқона ҳодисаи хуш рух медиҳанд. Мушкилиҳои ошиқонаро бобарор рафъ месозед. Ҷавзоҳое, ки дилбастаи май ва машрубот ҳастанд, дар ин шабу рӯз аз одати бад бояд даст кашанд.

Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар ин рӯз бо масъалаҳои хариду фурӯши хона ва ба манзили нав кӯчиданро тавсия намедиҳем. Аз ҷониби рақибон ва бадхоҳон ҳуҷумро ҳис мекунед. Тамоми кӯшишҳоятон барои беҳтар сохтани вазъиятро атрофиён манфӣ қабул мекунанд. Хатари хурӯҷ намудани бемориҳои музмин имкон дорад.

Асад ( 23 июл- 23 август)
Рӯзи бебарор аст. Асабоният боиси муноқиша бо наздиконатон мегардад. Дар сафари роҳи дур бо нафарони аҷиб шинос мешавед. Аз меҳрубониву ғамхории шумо муносибатҳои шахсиятон ранги тоза мегирад. Яку якбора ба чанд кор даст задан боиси ғалат ва аз даст додани маблағи пулӣ мегардад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз аз мушкилиҳои ногаҳоние, ки дар ҳаёти шахсиятон пайдо мешаванд, эҳтиёт шавед. Қисми аввали рӯз асабонияту дағалӣ нисбати атрофиён боиси қаҳру ғазаби наздикону хешовандон мегардад. Дар ин рӯз бахшидани гуноҳҳо, гирифтани туҳфа, иҷро намудани хоҳишу дархост хуб аст. Қарз гирифтанро маслиҳат намедиҳем.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)
Рӯзи душвор аст. Ба ғалат роҳ додану ба камбудиҳои худ чашм пушиданатон боиси аз даст додани маблағи пулӣ мегардад. Ба баҳсу мунозирае, ки ба шумо комилан дахл надорад, қӯш нашавед. Аз ҷанҷолу муноқиша дурӣ ҷуста, на танҳо обрӯ, балки табъи хуши худро нигоҳ медоред. Баъди нисфирӯзӣ саломатиятон нохуб мегардад.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)
Тамоми қарзҳои худро баргардонед. Агар дӯстону наздикон ба кӯмакатон омада, маслиҳати хуб диҳанд, рад накунед. Сирру асрори дӯстонатонро фош насозед, вагарна аз боварии эшон мебароед. Бегоҳирӯзӣ сабаби моҷарои байни шумову ҳамсаратон рашк мегардад. Саломатии худро дар ҷойи аввал гузоред.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)
Рӯзи бебарор аст. Уҳдадориҳои худро ба дӯши дигарон бор накунеду аз тақдири бадатон шиква накунед. Мушкилиҳои баногаҳ пайдошудаи ошиқонаро рафъ карда наметавонед, вале маблағи хуби пулӣ ба даст меоред. Беҳтараш дар ин бора ба касе чизе нагӯед, вагарна сафи душманонатон зиёд мегардад.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)
Рӯзи бебарор аст, хусусан барои мардон. Аз саҳарӣ нофаҳмиву низоъ пеш меояд. Хабарҳои нохуши вобаста бо наздикон ё нобарорӣ дар касбу коратон имкон дорад. Имкони сарф кардани пул вуҷуд дорад. Дар ин рӯз аз нӯшокиҳои спиртӣ ва мулоқоти ошиқона худдорӣ намуда, ба роҳи фиреб нараведу ба маслиҳати касе гӯш надиҳед.

Далв (21 январ- 20 феврал)
Хатари хурӯҷ намудани бемориҳои музмин вуҷуд дорад, аз ин рӯ худро аз ҳад зиёд хаста накунеду ба корҳои хатарнок роҳ надиҳед. Аз ҳад зиёд ба эҳсосот дода нашавед, вагарна ба муноқишаву ноумедӣ гирифтор мешавед. Вақти аз роҳ гузаштан боэҳтиёт бошед, ҳангоми кор бо ашёҳои нӯштез ва асбобҳои барқӣ аз ҷароҳат бардоштан ҳушёр шавед.

Ҳут (21 феврал- 20-март)
Дар ин рӯз ба пул сахт эҳтиёҷ пайдо мекунед. Бегонаҳоро аз нияту нақшаҳои худ огоҳ насозед, сергапӣ накунед, вагарна ба худатон зарар мерасонед. Ба саломатии худ бодиққат бошед. Агар нишонаҳои шамолкашӣ ва гриппро ҳис кунед, истеъмоли витаминро сар кунеду аз шамол хӯрдан эҳтиёт шавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД