Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 9-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2021
6003

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи душвор аст. Ба бурдбориҳои рӯякӣ нигоҳ накарда, дар дилатон изтиробу асабоният ҷой мегирад. Барои он ки ба ғалат роҳ надиҳед, боқимондаи рӯзро дар танҳоӣ гузаронед. Саломатиятон аз шумо истироҳати бардавом ва чораҳои пешгирикунандаи бемориҳоро талаб мекунад.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ҷодаи касбу кор танҳо бо майлу хоҳиши худ амал намоед. Вохӯриву масъалаҳои корӣ бобарор анҷом ёфта, даромади хуб ба даст меоред. Дар ҳаёти шахсиятон тағйиротҳои назаррас имкон доранд, хусусан, мардҳоро навигарӣ интизор аст. Барои қабули меҳмонҳои нохонда омода бошед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи бебарор аст. Қабл аз кореро ба анҷом расонидан вазъиятро нағзакак ҳаллу фасл намуда, варианти беҳтаринро интихоб намоед. Маблағи хуб ба даст оварда наметавонед. Саломатиятон дар ин рӯз хуб аст, вале каме худро бемадор эҳсос мекунед. Дӯстдоштаатон бо рашкаш табъатонро хира мегардонад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз дар масъалаҳои пулӣ хеле сарфакор бошед. Ба касе қарз надиҳед. Ҳар коре ки бо сарф кардани маблағ вобастагӣ дорад, гузашт накунед. Ҳангоми харидорӣ намудани чизҳои даркорӣ ва хӯрока маблағи зиёд сарф карданро маслиҳат намедиҳем. Вохӯрии ошиқона ногувориҳои зиёдеро ба саратон меорад.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз ҳодисаҳое имкон доранд, ки шуморо ба тағйиротҳои судманд водор месозанд. Вақте расидааст, ки зиндагиии худро беҳтар гардонед. Корҳои нотамомро ба анҷом расонида, мушкилиҳоро рафъ намоед. Дар ҳаёти шахсиятон оромӣ ҳукмфармо бошад ҳам, ба тағйироти ногаҳонӣ омода бошед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи бобарор аст. Муносибататон бо ҳамкорон, сардор, дӯстон ва наздикон беҳтар мегардад. Вохӯрие имкон дорад, ки бароятон шодиву нишот меорад. Нимаи дуюми рӯз каме нотоб мегардед. Қабл аз хоб сайругашт кардан хуб аст. Маблағеро, ки кайҳо боз интизор будед, дар ҳамин рӯз ба даст меоред.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Барои он ки муносибататон бо дӯстдоштаатон вайрон нагардад, бояд якдигарро дарк карда тавонед. Ин кор бо душворӣ даст медиҳад, вале сабру таҳаммул ба шумо мадад мерасонад. Айни замон мушкилиҳои ҷиддӣ пеши роҳатон намеоянд. Маблағи дар даст доштаро сарфакорона истифода кунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Қобилиятҳои кориятон баланд мегардад, вале хабар ё рафтори шахси наздик боиси хира гаштани табъатон мегардад. Вохӯриҳои корӣ бобарор анҷом меёбанд. Меҳнати коллективона дар ин рӯз самар намеорад, аз ин рӯ, танҳо ба қувваи худ умед бандед. Саломатии худро дар мадди аввал гузоред.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Диққататон ба мушкилиҳои корӣ равона мегардад. Ба саломатии худ аҳамият диҳед, ба асабоният роҳ надиҳед. Баъди нисфирӯзӣ дар муҳити ором истироҳат намоед. Дӯстдоштаи худро наранҷонед, вагарна оштӣ шуданатон душвор мегардад. Ҳангоми ба бозор рафтан чизҳои нодаркорро харидорӣ накунед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Нохуб шудани саломатиятон ба коратон таъсир мерасонад. Эҳтимол, муносибататон бо ҳамкорон, дӯстону наздикон бад мегардад. Қабл аз хоб сайругашт карда, як пиёла ширу асал нӯшед. Вохӯрие имкон дорад, ки ногувориҳои зиёде ба бор меорад. Ғалатҳои худро дар масъалае ба гардан гирифта, пушаймон намешавед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз монеаву мушкилиҳои зиёде дар касбу коратон пеш меоянд. Орзуи деринаи мардҳо ҷомаи амал мепӯшад. Зиндадилиятон атрофиёнро мафтун месозад. Аз дағаливу якравӣ худдорӣ намоед. Бонувон ба асабхаробӣ ё хасташавӣ мубтало мегарданд. Имкони дарди сар, ғамгинӣ ё бемадорӣ вуҷуд дорад.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз маҷбур мешавед, ки нақшаҳои аввалиндараҷаи худро иваз намуда, ӯҳдадориҳои иловагиро ба дӯш гиред. Дар зарурат аз дӯстону наздикон кӯмак пурсед. Агар шумо дӯстдошта дошта бошед, бегоҳирӯзиро ҳамроҳ гузаронед. Рафту муҷаррад бошед, барои шиносшавӣ омода бошед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД