Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 9-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2025
1652

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз эҳсос мекунед, ки мушкилиҳоятон зиёд аст, аммо фазои хонаатон орому хушоянд хоҳад буд. Бахти хонаводагӣ шуморо хушбахт мекунад, эҳтиёт шавед, то онро бо суханҳои носоз хароб накунед. Бо ташаббуси шахсӣ амал кунед ва истеъдодҳои худро нишон диҳед. Барои оромии рӯҳӣ ва асаб, истироҳати хуб кунед.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз бо сабаби норасоии маблағ бо ҳамсафари зиндагӣ баҳс карданатон имкон дорад. Ба фикру ақидаи дигарон эҳтиром гузоред. Агар сардии муносибатҳо шуморо нигарон мекунад, вақт ҷудо карда, бо дӯстдоштаатон рӯ ба рӯ суҳбат кунед. Пулатон камтар мешавад ва ин ба масъалаҳои молӣ таъсир мерасонад, аз ин рӯ, ба касе қарз надиҳеду нагиред. Бештар берун бароед, ҳавои тоза ба шумо неру мебахшад.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз дар муносибатҳои шахсӣ бояд бодиққат бошед. Қарорҳои саросема мушкилӣ меоранд. Мушкили молӣ метавонад боиси муноқишаи хонаводагӣ гардад. Эҳтимол душманон худро нишон диҳанд, оромиро нигоҳ доред. Агар худро бо харидҳои гуворо хурсанд кардан хоҳед, барои харид рӯзи хуб аст. Эҳтимоли бемориҳои дилу рагҳо вуҷуд дорад, махсусан агар фишори баланд дошта бошед.

Саратон (21 июн-22 июл)

Рӯзи пур аз васвасаҳост, ҳам дар кор ва ҳам дар муҳаббат. Корҳои нотамомро ба анҷом расонед ва аз ашёи нодаркор халос шавед. Вақте ки муҳити хона хуб аст, беҳтараш ором гиред. Эҳтиёт шавед, ашёи қиматбаҳоро нигоҳ доред. Энергияи хуб доред, барои мулоқотҳо ва нақшаҳо вақти муносиб аст. Аз нафаре маслиҳати хуб хоҳед гирифт.

Асад (23 июл-22 август)

Агар бодиққат ба атроф нигоҳ кунед, метавонед шахси ба дил наздикро дар миёни мардум пайдо кунед. Муносибатҳои хонаводагӣ беҳтар мешаванд ва ба фарзандон наздиктар мешавед. Имрӯз масъалаҳои корӣ ва хонагӣ вақти зиёд мегиранд. Дар кор душвориҳо эҳсос мешаванд, эҳтимол сабаб шахсе бошад, ки ӯро дӯст мешуморед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Имрӯз рӯзест пур аз дигаргуниҳо дар ҳаёти шахсӣ. Бисёриҳо маҷбур мешаванд нақшаҳоро тағйир диҳанд. Мулоқот бо дӯстон ва меҳмонон фазои хонаатонро мусбат мегардонад. Энергияро дар танҳоӣ ва истироҳат барқарор намоед. Дар лотереяҳо ширкат накунед. Истироҳат дар табиат шуморо болидаруҳ месозад. Саломатӣ хуб аст, вале неруятон каме паст гаштааст.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Рӯзи ором аст. Муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ бо дӯстдошта эҳтимол дорад. Пешравӣ дар кор ҳам дида мешавад. Тоҷирон бояд маблағҳоро ба тиҷорати калон равона кунанд. Саломатиятон осебпазир аст. Аз кори вазнин худдорӣ кунед, хӯрокро зиёд истеъмол накунед ва барвақт хоб кунед.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз як ишқбозии кутоҳмуддат эҳтимол дорад. Дар ҷодаи муҳаббат дигаргунӣ рух медиҳад. Мардон бояд принсипҳои худро ҳифз кунанд. Мушкилиҳои ночизи рӯзгор метавонанд рӯҳияи шуморо паст кунанд. Агар кори нав меҷӯед, вақти хуб барои мусоҳиба аст. Дар корҳои молӣ фурсат хуб аст. Даромадҳо ногаҳон метавонанд ба даст оянд. Аз муноқишаҳо канорагирӣ кунед. Ба саломатии ҷисмонӣ аҳамият диҳед.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Тағйироти муҳим дар назар аст, шояд вохӯрии нав рух медиҳад ё аз дӯстдоштаатон ҷудо мешавед. Хонаатонро барои меҳмонон омода созед, шоми ошиқона ташкил диҳед. Имрӯз барои кор бо ҳуҷҷатҳо, пешниҳодҳои нав ва гуфтугӯ бо роҳбар муносиб аст. Маблағро ҳам дуруст сарф мекунед. Агар бемор бошед, нигарон нашавед, ба худ истироҳат диҳед.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Агар шумо дӯстдошта надошта бошед, эҳтимолияти вохӯрии муҳаббатомез баланд аст. Оиладорҳо бояд ба наздиконашон вақти бештар бахшанд. Аз хароҷоти нозарур худдорӣ кунед, вақти беҳтар барои харид баъдтар хоҳад расид. Буҷаро банақшагирӣ кунед, то ки талафоти ногаҳонии пулӣ пешгирӣ шавад.

Далв (20 январ-18 феврал)

Рӯзи олӣ барои муҳаббат аст. Шиносоии нав метавонад ба муносибатҳои пойдор мубаддал шавад. Рӯҳияи хуб ва нақшаҳои олиҷаноб доред. Масоили оилавӣ вақт талаб мекунанд, вале натиҷаашон хушбахтӣ меорад. Дар кор неруи тоза мебахшед ва роҳбарият ташаббусатонро қадр мекунад. Дар масъалаҳои молӣ эҳтиёткор бошед, хароҷоти нолозимро кам кунед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар муносибат бо дӯстдошта ё ҳамсафари ҳаётӣ суҳбатҳои нохуб метавонанд ба вуҷуд оянд. Ба ҳамдигар каме фурсат диҳед. Бо наздикон баҳс накунед, энергияатонро беҳуда сарф накунед. Даромадҳои ногаҳонӣ метавонанд хароҷоти рӯзмарраро пӯшонанд. Рӯз пур аз рӯйдод ва фоидаовар хоҳад буд. Энергияатон зиёд мешавад ва рӯҳияи шуморо баланд мебардорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД