Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 8-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2025
1693

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Шумо энергияи беандоза доред ва дар баробари мушкилиҳо қаҳрамонона мубориза мебаред. Бе душворӣ монеаҳои дар роҳ пайдошударо бартараф мекунед. Бо одамоне, ки то ба ҳол бо онҳо забон наёфтед, забон ёфтан осон мешавад. Андешаҳои шумо ба бисёриҳо писанд аст ва эҳтимол дорад, ки дӯстони кӯдакиву шиносҳои кӯҳна дар баъзе корҳоятон кумак мерасонанд. Бо корҳои ҳуҷҷатгузорӣ машғул шудан мумкин аст. Иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ барои шиносоӣ бо шахсони ҷолиб фоидабахш хоҳад буд. Одати мисли кӯдак шодӣ карданатон шуморо дар назари ҷинси муқобил боз ҳам ҷолибтар мекунад. Ба ҳалли корҳое машғул шавед, ки пайваста ба таъхир гузошта мешуданд.

Савр (20 апрел-20 май)

Рӯзи мусоид барои гуфтушунид, баррасии масъалаҳои корӣ, мулоқот бо шахси дӯстдошта ва корфармоён. Шумо одамонро хуб мефаҳмед, аз ниятҳои пинҳонии онҳо бо осонӣ огоҳ мешавед ва рафтори онҳоро пешгӯӣ мекунед. Бо ҷасорат амал кунед ва аз чизе натарсед. Чорабиниҳои ин рӯз ба ошиқон кӯмак мекунанд, ки нофаҳмиҳоро бартараф намоянд ва ба давраи душвори равонӣ нуқта гузоранд. Шумо мехоҳед таассуроти қавӣ ба дигарон гузоред ва барои ин омодаед, ки амалҳои ғайримуқаррарӣ ва ҳатто хатарнокро анҷом диҳед. Бо вуҷуди ин, эҳтиёткор бошед, зеро имрӯз ҷароҳат бардоштанатон мумкин аст.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Шумо ба ҳар чизи наву ғайримуқаррарӣ шавқ доред ва имрӯз ин хеле муфид аст. Ин рӯзест, ки шумо метавонед ҳаёти худро куллан тағйир диҳед ё онро ба шакле созед, ки ҳамеша орзу доштед. Эътибори шумо дар назари атрофиён меафзояд, ба фикри шумо одамоне гӯш медиҳанд, ки бо хирадмандии худ машҳуранд. Рӯз барои сафарҳо, суханронӣ дар ҷамъомадҳо ва иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ мувофиқ аст. Аммо, дар хотир доред, ки атрофиён на танҳо дастовардҳо, балки хатогиҳои шуморо низ мебинанд. Бо наздиконатон дар бораи он чизе, ки шуморо нигарон мекунад, суҳбат кунед. Эҳтимол, ин чизест, ки шумо бештар аз ҳама ниёз доред.

Саратон (21 июн-22 июл)

Барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда, бояд танҳо амал кунед ва ба худ эътимод дошта бошед. Фикр ва амалҳои шумо на ҳамеша дуруст арзёбӣ мешаванд, аммо шумо интиқодро ба дил наздик намегиред, ва дуруст мекунед – аз ин ташвиш накашед. Имрӯз муваффақ шудан дар кори комилан нав барои шумо имконпазир аст. Рӯз барои истироҳати фаъол ва иштирок дар мастер-классҳои эҷодӣ мувофиқ аст. Нерӯи баланд ва табъи болида ба шумо дар ҳалли масъалаҳои ташкиливу шиносоӣ бо одамони ҷолиб кӯмак мекунад. Боварии зиёди шумо метавонад ба манфиати бадхоҳон истифода шавад. Эҳтиёт шавед.

Асад (23 июл-22 август)

Ба қувваи худ такя кунед ва ба иғвоҳо дода нашавед. Ба касе иҷозат надиҳед, ки шуморо ба чаҳорчӯба гузорад: озодии ботинӣ – ҳамон чизест, ки метавонад ин рӯзро беҳтар созад. Муносибатҳо бо шахсони дорои мавқеи баланд дар ҷамъият самарабахш хоҳанд буд. Шумо метавонед масъалаҳои молиявиро ҳал кунед ва ихтилофҳои марбут ба молу мулкро бартараф намоед. Имрӯз атрофиён аз шумо ташаббус интизоранд. Дар бораи ҳиссиёт, хоҳишҳо ва интизориҳои худ ошкоро сухан гуфтан мумкин аст – ин бо хушнудӣ қабул хоҳад шуд. Ҳама дарҳо ба рӯятон кушодаанд. Ҳаққи худро ҳамеша соҳиб шавед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Шумо пурсабру устувор ҳастед, аз нақшаҳои худ рӯй намегардонед, новобаста ба он ки шароит чӣ гуна аст. Ҳеҷ чиз ба шумо барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда монеъ намешавад. Саъй кунед, ки ба он чизе, ки ба даст овардед, қонеъ нашавед – натиҷаи ин рӯз аз энергияи шумо вобаста аст. Сахтгирии шумо, ки имрӯз зоҳир мешавад, ба ҳама писанд намеояд, аммо ба ихтилофҳои ҷиддӣ намеорад. Рӯз барои тартиб додани нақшаҳои дарозмуддат, фикр кардан дар бораи оянда ва мувофиқа бо дӯстон барои амалҳои муштарак мувофиқ аст. Зиндагӣ мисли кӯҳнавардӣ ба қуллаи Эверест аст. Ба атрофиён нишон диҳед, ки шумо ҳатман ба қулла мерасед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Шумо аз гапу корҳои ночиз парешон мешавед, ки умуман набояд ба онҳо диққат диҳед. Баъзе мушкилиҳои гузашта аз нав ташвиш медиҳанд, ҳол он ки шумо ҳамаашро ҳал карда будед, аммо рӯйдодҳои имрӯза шуморо ба ҳолати душвори гузашта бармегардонанд. Худ ва дигаронро азоб надиҳед, гузаштаро фаромӯш кунеду ба ҳозира ва оянда диққат диҳед. Шумо наметавонед ба як кор диққати худро банд созед ва ба он диққати кофӣ диҳед, зеро пайваста чизе шуморо парешон мекунад. Ҳолати манфии шумо ба наздиконатон таъсир мерасонад. Хотираҳои гузаштаро фаромӯш кунед ва пеш равед.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз рӯзи ноором аст ва баъзан ба назар мерасад, ки ҳама чиз бар зидди шумо меравад. Аввалан, шумо худро ором нигоҳ медоред, аммо бо мурури вақт асабоният ва хашм болои шумо ғолиб меоянд. Кӯшиш кунед, ки вазъиятҳои стрессоварро пешгирӣ кунед, мушкилиҳоро бартараф ва аз низоъҳо дурӣ ҷӯед. Беҳтар аст, ки реҷаи маъмулро риоя кунед ва одатҳои мавҷударо тағйир надиҳед. Рӯз пур аз ҳолатҳои гуногунҷабҳа аст ва пайдо кардани роҳи ҳал на ҳамеша осон хоҳад буд. Байни хашму ғазаб ва некӣ мувозинатро нигоҳ доред. Танҳо дар ҳамин ҳолат хатое содир намекунед.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Шумо метавонед аз ӯҳдаи ҳар гуна масъалаҳо бароед, ҳатто душвортаринҳо. Дониш ва таҷрибаи пешина хеле муфид хоҳад буд; шумо шод хоҳед шуд, ки бисёр чизҳоро омӯхтаед. Ба ҳадафҳои худ бо суръати баланд ҳаракат мекунед ва монеаҳоро, ки дар роҳ пайдо мешаванд, ба назар намегиред. Эҳтимоли гирифтани маълумоти муфид аз сарчашмаҳои боэътимод вуҷуд дорад. Рӯз барои муоширати ғайрирасмӣ ва ёдрас кардани худ ба одамоне, ки аз онҳо ёд мекардед, мувофиқ аст. Барои қабули меҳмон рӯзи хуб хоҳад буд. Шакку шубҳаро канор гузоред, ҳамаи корҳоятон хуб мешавад. Беҳтараш дасту остин барзада, аз паси кор шавед.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Шумо ба бисёр чизҳо ба таври ғайриоддӣ нигоҳ мекунед, ва ин рафторатон атрофиёнро ба ҳайрат меорад. Шояд лозим шавад, ки зуд, ҳатто дар ҷараёни кор, чизе омӯзед ё маълумоти заруриро ҷустуҷӯ кунед. Манфиатҳои нав пайдо мешаванд, доираи ҷаҳонбинии шумо васеъ мегардад. Имрӯз барои муошират бо одамоне, ки аз дур омадаанд, инчунин барои сафарҳои хориҷӣ мусоид аст. Шуғле, ки имрӯз пайдо мекунед, метавонад дертар ба манбаи даромади иловагӣ табдил ёбад. Аз дилгирӣ дурӣ ҷӯед: он ба шумо таъсири манфӣ мерасонад ва шуморо ноором мегардонад. Нуқтаи назари махсуси шумо имкон медиҳад, ки ҳама чизро аз кунҷҳои гуногун бинед. Шояд паси яке аз онҳо ганҷи тиллоӣ интизори шумост.

Далв (20 январ-18 феврал)

Шумо атрофиёнро хуб мефаҳмед ва ба манфиати онҳо ғамхорӣ мекунед. Онҳо инро ҳис мекунанд ва бо мушкилот ва дардҳои худ ба назди шумо меоянд, то кӯмак ва дастгирӣ ёбанд. Босабру таҳаммул ва ҳассос бошед, вагарна аз низоъҳо канорагирӣ кардан ғайриимкон мешавад. Одамоне, ки ба онҳо эътимод доштед, метавонанд кӯшиш кунанд, ки шуморо фиреб диҳанд ё аз заъфҳои шумо истифода кунанд. Эҳтимоли гирифтани пул ва тӯҳфаҳо мавҷуд аст, ва вазъи молиявии шумо мусоид хоҳад буд. Имрӯз барои муомилаҳо ва харидҳо мувофиқ аст. Шумо метавонед ба театр ё консерт равед — ин ба шумо лаззат мебахшад. Даромади молиявӣ табъатонро болида месозад. Ҷайбатонро васеътар кушоед, натиҷа дар пеш аст.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Шумо дар пеш рӯзи пур аз имкониятҳои нав доред. Ба ҳифзи манфиатҳои худ омода бошед ва агар чизе мувофиқи нақшаи шумо нашавад, таслим нашавед. Дар ин вақт устуворӣ ва эътимод ба худ хеле муҳим аст. Иштироки фаъол дар чорабиниҳо ва мулоқот бо одамони дорои манфиатҳои умумӣ тавсия дода мешавад. Имрӯз машғулиятҳои варзишӣ ва фаъолиятҳои ҷисмонӣ барои саломатии шумо муфид хоҳанд буд. Ба хариди таҷҳизоти маишӣ машғул шудан мумкин аст. Наздикону атрофиён шуморо дар ҳама гуна ибтикорот дастгирӣ мекунанд. Ҷасурона изҳори назар кунед, шуморо хоҳанд шунид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД