Alif Intiqol
ТОЛЕЪНОМАИ 8-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2021
2624

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Беҳтар шудани вазъи молиявиатон аз худи шумо вобастагӣ дорад, аз ин лиҳоз, ба умеди кӯмаки касе нашавед. Саломатиятон низ дар дасти худатон аст. Агар хӯрокатон дуруст бошаду сари вақт истироҳат кунед, аз бемориҳои зиёд халосӣ меёбед. Баъзеҳо имкони соҳиби ҷойи кори нав шуданро пайдо мекунанд.

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз бо рақибон муборизаро оғоз мекунед ва дар натиҷа саратон ба дард омада, рӯҳафтода мегардед. Ба ҳар ҳуҷҷате, ки имзо мегузоред, пешакӣ аз назар гузаронед. Аз мулоқоти ошиқона табъатон хушу болида мегардад. Ҳангоми интихоби туҳфа вазъи молиявии худро ба назар гиред, то ки тамоми моҳ азоби бепулӣ накашед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз дилатон моломоли шодиву фараҳ мегардад. Сабаби дилхушии шумо дигарбора ошиқ шуданатон аст. Бо кори якрангу дилбазан машғул шуданро маслиҳат намедиҳем. Хатари ҷароҳат бардоштану бо баъзеҳо муноқиша кардан имкон дорад. Нӯшидани машрубот бар зарари саломатиатон аст.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯз барои сафару саёҳат номусоид аст. Мардҳо бояд ба саломатии худ бодиққат бошанд. Яку якбора табъатон нохуш гашта, бе ягон сабаб ғамгин гаштану асабонӣ шуданатон имкон дорад. Агар худро ба даст гирифта натавонед, рӯзатон якрангу бемаънӣ мегузарад. Нисбати ёратон хеле боэҳтиёт бошед.  

Асад (23 июл-22 август)

Ҳангоми робита бо атрофиён ба забони худ нигоҳ карда гап занед, вагарна дағалиатон ба худатон зарар меорад. Ба дӯстдоштаи худ туҳфаи ҷолибу гуворо тақдим карда, муносибатҳоятонро мустаҳкам созед. Агар минбаъд низ нисбати саломатӣ бепарвоӣ зоҳир кардан гиред, табобат тӯл мекашад.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Душманон дар бораатон овозаҳои бадро паҳн мекунанд. Беҳуда кӯшиши худро сафед карданро накунед. Рӯзро дар танҳоӣ нагузаронед, ҳатто агар бекор бошед ҳам, бо наздикону дӯстон дар робита бошед. Бо касе шинос шуданро дар ин рӯз тавсия намедиҳем. Бегоҳирӯзӣ дӯстдоштаи худро ба театр ё қаҳвахона таклиф кунед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Барои саломатӣ ва сафар кардан рӯзи бебарор аст. Ҷароҳат бардоштану бо нафарони бегона муноқиша карданатон имкон дорад. Саломатиятон нохуб гашта, баъди нисфирӯзӣ худро бад ҳис мекунед. Гирифтори мушкилиҳои хурди молиявӣ мегардед. Дар бораи муносибатҳои ошиқона ба дӯстони худ чизе нагӯед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи бебарор аст. Нафари бегонае ба пешравии корҳоятон халал мерасонад. Минбаъд аз нафароне, ки зарарашон ба шумо мерасад, дурӣ ҷӯед. Саломатиятон нохуб гашта, эҳтимоли хурӯҷ намудани бемориҳои сироятӣ зиёд аст. Нисбати ёратон меҳрубонтар шавед. Ғуруру такаббур бар зарари муносибатҳои шахсиятон аст.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Мушкилии асосии шумо дар ин рӯз масъалаҳои молиявӣ мешаванд. Тамоми маблағҳои коммуналиро супорида, қарзҳоятонро баргардонед. Саломатиятон каме нохуб мегардад, серкориро баҳона накарда, аз пайи табобат шавед. Барои мулоқоти ошиқона ва интихоби туҳфа барои шахси дӯстдошта рӯзи мусоид аст.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Нимаи аввали рӯз ба саломатиятон хатар таҳдид карда, ҷароҳат бардоштану мушкилии зиёд имкон дорад. Мушкилиҳои хурди оилавӣ ва пулиро рафъ карданатон лозим меояд. Саломатиро дар ҷойи аввал гузоред, бо пайдо шудани аввалин нишонаҳои беморӣ ба назди табиб шитобед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз ҳам дар ҷойи кор ва ҳам дар хона меҳнати зиёд карданатон лозим меояд. Каме даромади пулӣ ба даст меоред. Корҳои зиёди рӯзгор ва хонаатон бе иштироки шумо рафъ мегарданд. Барои таъмири мошин, таълими фарзандон ва витаминҳои қавикунандаи масуният маблағи зиёд сарф мекунед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз бо рафъ намудани мушкилиҳои ошиқона машғул мешавед. Нисбати дӯстдоштаатон аз ҳад зиёд хираву дилбазан нашавед, хусусан, агар ба наздикӣ шинос шуда бошед. Дар масъалаҳои молиявӣ бе кӯмаки ҳуқуқшиноси ботаҷриба коратон пеш намеравад. Ба баҳсу мунозираи беҳуда роҳ надиҳед.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД