Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 8-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2021
7298


Ҳамал (21 март-20 апрел)
Аз хотир набароред, ки саросемагӣ зарари инсон аст. Маълум аст, ки ҳарчи тезтар мехоҳед натиҷаи корҳоятонро бубинед, аммо саросема нашудан инҷо муҳимтар аст. Дар назари Шумо одамони гирду атроф низ хеле оҳиста кор мекунанд, аммо набояд онҳоро саросема кунед. Рӯз барои ҳали масъалаҳои кӯчак муносиб аст.

Савр (21 апрел-20 май)
Беҳтараш корҳоятонро ба оянда нагузоред, худи саҳар ба иҷрояшон пардозед. Аввали рӯз барои вохӯриҳо, сайругашт ва тамошои филм муносиб аст. Дар бораи нақшаҳоятон чунон образнок гап мезанед, ки барои дигарон рад кардани кӯмак дар иҷрои он душвор мегардад. Қисмати дуввуми рӯз бесамар хоҳад буд. Аммо бегоҳ аз натиҷаи корҳоятон дар ҳайрат мемонед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)
Аввали рӯз воқеае рух медиҳад, ки Шумо интизораш набудед. Аммо лоиқи ташвиш нест, ва фикрашро ҳам накунед. аллакай дар қисмати дуввуми рӯз имкониятҳои нав барои Шумо пайдо мешаванд. Барои мушкилие ки тӯли чанд рӯз дар фикраш будед, роҳи ҳал меёбед.

Саратон (22 июн-22 июл)
Дониши Шуморо бештари вақт нодида мегиранд, аммо Шумо имрӯз имконият доред, ба ҳамаи онҳо исбот кунед, ки дорои фикрҳои олиҷаноб ҳастед. Мардҳо бо ҳамсаратон бештар вақт ҷудо кунед, занҳо бошад, аз гуфтани баъзе сирҳои оилавӣ худро канор гиред.

Асад (23 июл-22 август)
Аввали рӯз хеле ором ва якхел мегузарад, аммо ба фикр фурӯ нарафта аз фурсат истифода баред. Дар қисмати дуввуми рӯз аз сабаби зиёд будани корҳоятон шояд ба ҳеҷ кас занг зада натавонед. То бегоҳ хусусан аввали рӯз мунтазири хабари хуш бошед. Дар охири рӯз ба хона рафта аз аҳволи волидайн хабар гиред. Эҳтимол аст меҳмони деринтизор биёяд.

Сунбула (23 август-23 сентябр)
Ин субҳ Шумо хабарҳои зиёдеро мешунавед. Аммо бояд пеш аз бовар кардан ба баъзе хабарҳо онҳоро бисанҷед. Бисёриҳо мехоҳанд шуморо фиреб дода ба доми найранг бикашанд. Аввали рӯз вақти муносиб барои муошират буда асабҳои ороматон боис мешаванд бо наздикон сӯҳбати хуше дошта бошед.баъзе зодагони бурҷи сумбула ба гузашта нигоҳ карда масъалаҳои кӯҳнаро баррасӣ мекунанд, аммо ёд кардан аз рӯзҳои гузашта барои қадам мондан ба оянда монеа мешавад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз барои ислоҳи баъзе хатогиҳои Шумо муносиб аст. Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки пеш аз тасмим гирифтан аввал хуб фикр кунед. Баъзе зодагон бурҷи мизон хеле сабукфикранд ва ин боис мешавад, ки ба хатгиҳо роҳ диҳанд. Аммо имрӯз аз ӯҳдаи иҷрои баъзе корҳои дар нақшабуда ба хубӣ мебароед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Шояд баъзе сабабҳо ба оромии Шумо халал расонанд. Имрӯз барои иҷрои корҳои душвор айни муддаост. Аммо худро идора карданро омӯзед. Нагузоред дилхоҳ масъалаи кӯчак асабҳоятонро хароб кунад. Ба кӯмаки Шумо онҳое меоянд, ки пеш вақт Шумо ҳам ба онҳо кӯмак карда будед. Ситораҳо ба шумо вохӯриҳои муфидро ваъда медиҳанд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рӯз аҷиб ва гуворо аст. Бекор нанишаста Шумо аз паи корҳо ва идеяяҳои нав мешавед. Имрӯз хеле чизҳои навро меомӯзед. Албатта Шумо муваффақиятҳоятонро ба намоиш намемонед, аммо дигарон ҳатман онҳоро мебинанд. Ин хуб аст, ки феъли худситоиро надоред. Аммо ба онҳое ки ин феълро доранд, зиёд кордор нашавед. Эҳтимол аст вохӯриҳои судманд ва сӯҳбатҳои муфид кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Забон як кардан бо атрофиён на он қадар осон аст. Имрӯз шояд Шуморро нодуруст фаҳманд, барои ҳамин бояд як чизи одиро чанд бор фаҳмонда диҳед ва ин ба Шумо писанд нест. Аммо ин Шуморо пурқувват мекунад ва баъзе аз зодагони бурҷи Ҷаддӣ шӯхтабиат ҳастанд, бинобар ҳамин хастагиро кам эҳсос мекунанд.

Далв (21 январ-18 феврал)
Аввали рӯз хеле пурсамар аст. Идеяҳои нав дар сари Шумо меоянд. Вазъият ба Шумо даст медиҳад, ки зудтар масъаларо баррасӣ кунед, аммо барои ҳалли он ба Шумо кӯмак лозим аст. Барои ҳамин вақтро беҳуда нагузаронед ва аз пайи амалӣ кардани нақшаҳоятон шавед. Қисмати дуввуми рӯз низ мисли қисмати аввал мегузарад. Истироҳати яксоатаро ситораҳо тавсия медиҳанд.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар аввали рӯз эҳтимоли зиёд аст ба баъзе мушкилиҳо дучор шавед. Масъалаҳои пулиро имрӯз ҳал карда наметавонед, зеро имрӯз барои пурсидани маош аз роҳбарият номуносиб аст. Ҳарчанд ба пул эҳтиёҷи сахт доред, аммо аз қарз кардан худдорӣ кунед. Ба наздикӣ мукофоти пулиро интизор бошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД