Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз миёни шумову роҳбарият ва ҳамкорон нофаҳмиҳо ба вуҷуд меоянд. Шумо ҳатто дар муносибат бо кӯдакон ва аҳли оила дағалӣ мекунед. Қаҳру ғазаби худро ба сари дигарон нарезед ва мулоҳизакор бошед. Агар кӯмак лозим бошад, пеш аз ҳама аз хонаводаи худ ёрӣ хоҳед. Дар ин рӯз қарз нагиред, хубтар аст.
Савр (21 апрел-20 май)
Имрӯз бештар муваффақ мешавед, агар аз касе чизе интизор нашуда, худатон аз паси кор шавед. Баъзе зодагони зери ин бурҷ дӯстони нав пайдо мекунанд. Фаромӯш накунед, ки тарзи ҳаёти солим нахуст аз хӯроки шумо вобастагӣ дораду баъдан аз варзиш. Охири рӯз даромади иловагӣ шуморо хурсанд мекунад.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки имрӯз бисёр масъалаҳо, хусусан, масъалаҳои алоқаманд бо дӯстону наздикон бомуваффақият ҳалли худро пайдо мекунанд. Дар зиндагӣ вақти он фаро расидааст, ки нақшаҳои пешинаро амалӣ созед. Аз истеъмоли ғизоҳое, ки ба саломатӣ зарар доранд, худдорӣ намоед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз барои иҷрои корҳои душвор рӯзи чандон хубе нест, аммо агар кӯшиш кунед, натиҷаи хуб ба даст оварда метавонед. Вақти он расидааст, ки аз ҳарвақта фаъолтар бошед ва ба иҷрои корҳои муҳимтаре камар бубандед. Ба хотири интиқом гирифтан аз касе кор накунед, вагарна ба худатон зарар мерасонед.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз хатари ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст, бинобар ин, эҳтиёт кунед. Ба ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда имзо нагузоред, иҷрои ҳама корҳоро ба таъхир гузоред, аз амалӣ намудани нақшаҳо даст кашед. Агар ҷои зисти худро иваз кардан мехоҳед, пас шуморо зарур аст, ки бори дигар фикр карда бароед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Рӯзро бо қувваи тоза ва нерӯи нав шурӯъ мекунед ва қисми зиёди корҳоятон бомуваффақият ҳалли худро меёбанд. Барои шиносоиҳои нав, вохӯрӣ бо дӯстони пешина ва мулоқот бо ҳамкорон рӯзи нек аст. Одамони наздикатонро наранҷонед ва онҳоро таъқиб ҳам накунед, вагарна ранҷиданашон мумкин аст.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз ситораҳо иҷрои корҳои вазнини ҷисмониро тавсия намедиҳанд ва шумо бояд аз ин корҳо худдорӣ намоед. Бо аҳли оила ба сафар баромада, масъалаҳои оилавиро ҳал карда метавонед. Кӯшиш кунед, ки бо дигарон муноқиша накунед ва нуқтаи назари худро низ ба сари дигарон бор накунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз барои барқарор кардани муносибатҳои нав рӯзи мусоиду бобарор аст. Аз муошират бо нафарони наздик ва мулоқотҳои дӯстона лаззат хоҳед бурд. Пеш аз истеъмол ба сифати хӯрокатон диққат диҳед, зеро заҳролуд шуданатон аз эҳтимол дур нест. Чуноне мегӯянд, пешгирӣ аз табобат беҳтар аст.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Нигаронии беҳуда мекунед. Агар ба гуфтаи ситораҳо барои имрӯз нигоҳ кунем, шумо бояд ба худ эътимоди қавӣ дошта бошед. Дастгирии ногаҳонӣ ва сарпарастии шахсони бообрӯ дар назар аст. Ба ҳамкасбони худ имкон диҳед, ки дар ҷои кор худро нишон диҳанд, зеро онҳо бе назорати шумо низ кор карда метавонанд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз шуморо зарур аст, ки барои ҳалли мушкилиҳои марбут ба ҳаёти шахсӣ ва кор фаъол бошед. Дар харҷ карани маблағҳои калон саросема нашавед ва як қисми корҳои бо маблағ алоқамандро ба вақти дигар ба таъхир гузоред. Агар ҳис мекунед, ки тиҷорати шумо оқибати хуб надорад, беҳтараш аз он даст кашед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Имрӯз корҳои шумо он қадар барор намегиранд ва худатон ҳам нафаҳмида мемонед, ки чӣ ҳодиса рух дода истодааст. Агар имкон дошта бошед, барои истироҳату фароғат вақти бештар ҷудо кунед. Камхобии шумо ба тарзи ҳаёти солим таъсир мерасонад ва кӯшиш кунед, ки аз ин одат даст кашед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки имрӯз ҳама вазифаҳои касбиро ҳал карда, музокиротҳои кориро самаранок анҷом медиҳед. Эҳтиёткор бошед ва ҳар қадами худро санҷида гузоред, зеро ҷароҳат бардоштанатон мумкин аст. Аз ҳад зиёд ба андешаи дигарон гӯш надиҳед. Онҳо рӯзе бар зидди шумо баромада метавонанд.