ТОЛЕЪНОМАИ 8-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2026
1137

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Ин рӯз барои ишқ, эҳсосоти гарм ва муоширати самимӣ хеле мувофиқ аст. Эҳтимол аввали рӯз дар масъалаҳои муҳаббат қарорҳои ҷиддӣ қабул мекунед. Шумо миёни ақл ва дил тавозуни хуб доред, бинобар ин бо атрофиён осон забон меёбед. Харидҳо бобарор мешаванд. Дар ҷои кор бо роҳбарият зиёд баҳс накунед. Аз хунукхӯрӣ эҳтиёт шавед, зеро ин метавонад ба саломатӣ таъсир расонад.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз зиндагии шахсӣ дар маркази диққат қарор мегирад. Муносибатҳо метавонанд каме ноустувор бошанд, вале наздикон шуморо танҳо намегузоранд. Ба онҳо таваҷҷуҳ нишон диҳед. Дар ҷои кор аз одамони ҳасуд эҳтиёт шавед, касе метавонад ба мавқеи шумо чашм дошта бошад. Фаъолият ва матонати шумо вазъро ба нафъи худ тағйир медиҳад. Барои саломатӣ бештар ҳаракат кунеду аз ҳавои тоза нафас кашед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Ин рӯз бештар барои оромӣ ва бо шахси дӯстдошта будан мувофиқ аст, на барои ҷустуҷӯҳои эҳсосии нав. Меҳнати шумо дар оила қадр мешавад, метавонед дастовардҳоро бо як ҷашни хурд қайд кунед. Душвориҳои муваққатӣ ба нақшаҳоятон халал намерасонанд. Барои пешбурди кори нав дастгирии шахсони бонуфуз муҳим аст. Имрӯз барои худ вақт ва маблағ сарф кардан иҷоза аст. Хабарҳои нохушро ба дил нагиред.

Саратон (21 июн-22 июл)

Ситораҳо маслиҳат медиҳанд, ки сабаби аслии нофаҳмиҳои рухдодаро оромона муайян кунед ва дигаронро ташвиш надиҳед. Субҳ диққататон парешон мешавад, эҳтиёт бошед, то иштибоҳ накунед. Бо вуҷуди ин, шумо қодиред ба ҳадафҳои баланд бирасед, агар нерӯятонро беҳуда сарф накунед. Имкони даромади иловагӣ пайдо мешавад. Истироҳат ва хоби кофӣ барои саломатии шумо хеле муҳим аст.

Асад (23 июл-22 август)

Барои нафарони танҳо ин рӯз хушхабар меорад: вохӯриҳои ҷолиб ва оғози эҳтимолии муносибати нав. Дар масъалаҳои корӣ ирода ва ҷасорати шумо натиҷаи хуб медиҳад, ҳатто пешрафти мансабӣ мумкин аст. Андешаи худро бо итминон ҳимоя кунед. Агар мушкилоти молӣ дошта бошед, барои қарз гирифтан шитоб накунед. Ба ғизо диққат диҳед, имрӯз парҳез чандон мувофиқ нест.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Дар миёнаи рӯз вохӯрие имкон дорад, ки дертар барои шумо аҳамияти калон пайдо кунад. Ба худ иҷоза диҳед каме аз корҳои рӯзмарра истироҳат кунед. Меҳнати охиронатон натиҷа медиҳад ва вазъи молӣ тадриҷан беҳтар мешавад. Барои соҳибкорон имкониятҳои нави рушд пайдо мегарданд. Агар худро хаста ё дилгир ҳис кунед, парҳез нагиред, бадан ба қувва ва ғизои кофӣ ниёз дорад.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Дар масъалаи ишқ имрӯз сабр лозим аст, беҳтараш диққатро ба корҳои дигар равона кунед. Харид кардан бобарор мешавад, аммо аз рубучини хона худдорӣ намоед. Нимаи аввали рӯз барои мулоқотҳои корӣ ва барқарор кардани робитаҳо мувофиқ аст. Дар хароҷот эҳтиёт бошед, пулро беҳуда сарф накунед. Ба саломатии чашм аҳамият диҳед ва бештар истироҳат кунед.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз нисбат ба шахси дӯстдоштаатон бодиққат бошед, эҳтимол ӯ ба дастгирии шумо ниёз дорад. Ҳама корҳо бо заҳмат анҷом меёбанд, аммо сабр натиҷа медиҳад. Рӯзро ором қабул кунед, то асабонӣ нашавед. Тӯҳфаи ногаҳонӣ аз ҷониби шахси азиз рӯҳияро беҳтар мекунад. Барои соҳибкорон омӯзиши таҷрибаи дигарон фоидаовар аст. Парҳези сабук ва ҳавои тоза муфиданд.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Агар тибқи нақша амал кунед, ҳатман ба натиҷаи хуб мерасед. Ба худ бештар такя намоед, на ба маслиҳатҳои беҳудаи дигарон. Корҳои рӯзмарра, ҳатто рубучин, метавонанд рӯҳияро беҳтар кунанд. Бо шахсони мансабдор баҳс накунед. Аз хариди гарон худдорӣ намоед. Фаъолияти ҷисмонӣ барои беҳтар сохтани саломатӣ хеле муфид аст.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Барои худ такягоҳ пайдо кунед, бо кори дӯстдошта машғул шавед. Ба мушкилоти рӯзгор пурра ғарқ нашавед, ба рушди фикрӣ низ вақт ҷудо кунед. Ин рӯз барои анҷоми корҳои муҳим хеле мувофиқ аст. Қарз гирифтан ё ба нафаре кумак расониданатон имконпазир аст. Банақшагирии дурусти рӯз ба шумо нерӯ мебахшад. Хоб ва истироҳати кофиро фаромӯш накунед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Бо шахси бароятон азиз тамос гиред, ҳатто як гуфтугӯи кӯтоҳ кифоя аст, ки табъатон болида гардад. Каме танҳо мондан ба шумо барои фикр кардан кумак мекунад. Банақшагирии молӣ хуб аст. Аз хастагии зиёд худдорӣ кунед. Имрӯз беҳтараш истироҳат намоед, бо наздикон суҳбат кунед ё ба кори дӯстдошта машғул шавед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Агар оромиро аз даст дода бошед, каме фосила гиред ва ба корҳои хона машғул шавед. Барои оиладорон гуфтугӯи ҷиддӣ дар пеш аст, вақти равшан баён кардани мавқеъ фаро расидааст. Кори оғозшуда натиҷа медиҳад, аммо ба нақшаи оянда диққат диҳед. Ба худ истироҳат диҳед, қувваро барқарор кунед. Аз пурхӯрӣ ва нӯшокиҳои газнок худдорӣ намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД