Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 8-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2024
2054

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз аз ӯҳдаи ҳар коре, ки баромада метавонед, онро анҷом диҳед. Натиҷаи заҳматҳои худро ҳатман мебинед. Эҳтимол, сафи дӯстонатон зиёд мешавад. Барои васеъ кардани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва омӯхтани донишҳои нав вақти хуб аст. Аз худ қаҳрамон натарошед ва хоксор бимонед.

Савр (21 апрел-20 май)

Нерӯятон зиёд гардида, аз уҳдаи ҳама гуна кор баромада метавонед. Барои беҳбудиву ободии хонаатон кӯшиш карда, дили наздиконро ба худ гарм мекунед. Ба аёдати пайвандони беморатон рафтанро фаромӯш накунед. Фаромӯш насозед, ки пешгирӣ намудани беморӣ аз табобаташ осонтар аст.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз корҳои навро ба нақша гирифта, аз баҳри корҳое, ки даромади хуб ба даст намеоранд, бароед. Барои боздид аз ҷойҳои фарҳангиву фароғатӣ рӯзи хубу бобарор аст. Шиносҳои нав пайдо мекунед, ки ҳаёти шуморо тағйир медиҳанд. Барои дӯстдоштаатон вақт ҷудо кунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ҷодаи муҳаббат бо баъзе мушкилиҳо дучор мешавед. Кӯшиш кунед, ки бештар дар ҳавои кушод сайр кунед ва пиёда қадам занед. Ба гапҳои беҳуда бовар накунед ва ба ғайбати дигарон ҳамроҳ нашавед. Танҳо ба дониши худ такя кунед, танҳо дар ҳамин сурат аз ӯҳдаи ҳама кор баромада метавонед.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ҳаёти шумо тағйиротҳои хушу гуворо ба амал меоянд. Барои шиносоии нав ва иштирок дар ҷашну маҳфилҳо рӯзи хуб аст. Вақти он расидааст, ки ҳақиқатро бигӯед. Аз касе натарсед, зеро ҳақиқат дер ё зуд маълум мешаваду ҳақ ба ҳақдор мерасад.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Хабари нохуше шуниданатон имкон дорад, ки асабҳои шуморо то ҳадде хароб месозад. Аз ҷониби хешовандон ва наздикон дастгирӣ меёбед. Барои ба даст овардани даромадҳои иловагӣ имкониятҳои зиёд вуҷуд дорад, аммо барои ин аввал бояд маблағи зиёдеро сармоягузорӣ кунед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз якчанд низоъ бармехезад ва шумо бетараф буда наметавонеду ба он ҳамроҳ мешавед. Ҳеҷ гоҳ бо одамони ҳангомаҷӯву беобрӯ рафтуомад накунед. Дар масъалаҳои молиявӣ даромади иловагии молӣ дар назар нест, бинобар ин, харҷи беҳуда накунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Агар дар ин рӯз сабру тамкинро пеша накунед, корҳоятон барор намегиранд. Дар назди худ мақсадҳои мушаххас гузоред ва аз як вазифа ба вазифаи дигар гузаред. Агар танбалиро дар худ мағлуб кунед, ба чандин муваффақиятҳои назаррас ноил мегардед. Ба худ боварӣ дошта бошед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Барои харид ва ҳалли мушкилиҳои рӯзмарра рӯзи мувофиқ аст. Кӯшиш накунед, ки ба гузашта баргардед. Баръакс, барои ба пеш рафтан саъй кунед. Бо иваз кардани зиндагии имрӯза чизеро тағйир дода наметавонед. Хусусан нафарони оиладор бояд ҷангу моҷаро накунанд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз хабари хуше мешунавед, ки шуморо рӯҳбаланд месозад. Нафаре коре пешниҳод мекунад, ки аз шумо масъулияти зиёдро талаб мекунад. Барои пирӯз шудан бояд масъулиятшинос бошед. Ба самтҳои гуногуни тиҷорати худ навгонӣ ворид кунед. Оромӣ ва оқилиро аз даст надиҳед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Вақти он расидааст, ки бояд озод бошед. Фаъолияти касбиатон ба шумо мисли як бори вазнин аст. Ин вазнинӣ шуморо хаста мекунад, ки ояндааш он қадар хуб нест. Аз ин кор ҳарчӣ тезтар ҷилавгирӣ кунед. Барои ором кардани асаб бештар дар ҳаракат бошед, беҳтараш машқи бадан кунед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз бояд пурра истироҳат кунед. Хастагиву ташвиши рӯзҳои охир шуморо асабиву хонагурез кардааст. Нисбати наздикон дағалӣ накунед, беҳтараш аз мушкилоташон пурсон шуда, дар пайи ислоҳи он шавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД