Ҳамал (21 март-19 апрел)
Дар ин рӯз эҳтимоли оғози ишқбозии гуворо вуҷуд дорад, ки метавонад ба муносибатҳои ҷиддитар мубаддал шавад. Меҳру муҳаббат ба наздикон зиёд мешавад. Дилёбӣ ва қобилияти созиш карданатон метавонад дар кору тиҷорат натиҷа диҳад. Технологияҳои нав таваҷҷуҳи шуморо ҷалб мекунанд. Аз хароҷоти бузурги нодаркор худдорӣ намоед. Дар охири рӯз эҳтимоли хастагии ҷисмонӣ ҳаст - худатонро аз ҳад зиёд хаста насозед.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз метавонад оғози як муҳаббати хотирмон бошад. Шахсе пайдо мешавад, ки шуморо дарк мекунад. Агар бо ҳамсаратон нофаҳмӣ шавад, муваққатӣ хоҳад буд. Ба ақидаи нафароне, ки бо пул сарукор доранд, гӯш диҳед. Агар бемор бошед, имрӯз фурсати хубест барои рафтан ба назди табиб.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Имкони беҳтар кардани равобити ошиқона бо касе, ки дӯсташ медоред, вуҷуд дорад. Бо дӯстон эҳсосотатонро идора кунед, то ихтилофе рӯй надиҳад. Дар муҳити кор, эҳтимол дорад дигарон аз эҳсосоти шумо истифода баранд. Даромади пулӣ зиёд мешавад ва шумо пулро беҳтар сарф хоҳед кард. Ба варзиш машғул шавед, ин ба саломатиятон фоида мебахшад.
Саратон (21 июн-22 июл)
Хонумони ҷавон бояд имрӯз ҳушёр бошанд - ҷозибаи шумо мардонро ҷалб мекунад. Низоъҳо нишон медиҳанд, ки сабру тамкин кам шудааст. Аз сафар худдорӣ намоед, гарчанде нақша доштед. Дар масъалаҳои молӣ диққат диҳед. Аз хариди либос ва ороиш худдорӣ кунед. Дар охири рӯз эҳсоси хастагии ҷисмонӣ эҳтимол дорад.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз эҳтимоли ҳасад ва рашки атрофиён зиёд аст, ки метавонад сабаби нофаҳмӣ шавад. Бо эътимод ҳуқуқи худро ҳимоят кунед. Аз ваъдаҳои калон худдорӣ намоед - вақти муносиб нест. Дар хонавода суҳбатҳо муҳиманд, ҳатман бо наздикон вақт гузаронед. Корҳои маъмулиро иҷро намоед, то ором шавед.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Фурсати хубест, ки танҳо бошед ва эҳсосоти воқеии худро дарк кунед. Ба чорабиниҳои фарҳангӣ равед, аммо аз нӯшокиҳои спиртӣ парҳез намоед. Мумкин аст даромадатон зиёд шавад ва дар кор пешравӣ ба даст оред. Ба маслиҳатҳои "дӯстона" бо шубҳа нигоҳ кунед. Имрӯз лаҳзаи мувофиқест барои тарки одатҳои бад ва сар кардани парҳез.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имкони пайдоиши ишқбозии кӯтоҳмуддат вуҷуд дорад. Рӯзи хубест барои суҳбат бо наздикон. Агар аз рафтори ҳамсафари зиндагӣ норозӣ бошед, ба шитоб қарор надиҳед. Имрӯз лаҳзаи хубе барои бартараф кардани мушкилот аст. Аммо аз оғози нақшаҳои бузург худдорӣ кунед. Эҳтимол дар хона ҷароҳати хурд мебардоред, эҳтиёт кунед.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Шояд ҳаёти шахсиятон хеле якранг ва дилгир шудааст. Дар муносибат бо ҳамсар мушкилот пеш меоянд. Дар кор, қобилиятҳои худро нишон диҳед. Аз шиносоии нав бо одамони носолим парҳез намоед. Эҳсосотатон метавонад тағйир ёбад, худро ба даст гиред.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Дар муносибатҳои ошиқона ва оилавӣ оромиро барқарор кардан мумкин аст. Имкони бурди молӣ ё шодии ногаҳонӣ вуҷуд дорад. Бо вуҷуди ин, аз хароҷоти нодуруст худдорӣ кунед. Калиди худро эҳтиёт кунед, эҳтимоли дуздӣ зиёд аст. Агар мехоҳед вазн кам кунед, ба парҳез ва машқ аҳамият диҳед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Имрӯз эҳтиёҷ ба танҳоӣ эҳсос мешавад. Ин фурсатест барои андеша ва тағйири равияи зиндагӣ. Пеш аз қабули қарор, ҳама тарафҳоро баррасӣ кунед. Ба назари дигарон бо таваҷҷӯҳ гӯш диҳед. Аз одамони тасодуфӣ дурӣ ҷӯед. Барои соҳибкорон эҳтимоли мушкилоти ҳуқуқӣ зиёд аст. Нисбати саломатии худ бетараф набошед, дар ҳолати зарурӣ ба духтур муроҷиат кунед.
Далв (20 январ-18 феврал)
Мушкиле дар муносибати корӣ пеш омадааст, ҳоло беҳтараш онро ҳал кунед. Хабари як дӯсти наздик шуморо ба андеша мебарад. Шояд раҳбарият кори ҷолибу душвор пешниҳод кунад, онро қабул кунед, фурсате хуб аст. Аз қарзгирӣ худдорӣ кунед. Агар лозим шавад, бо дӯстон маслиҳат кунед. Пеш аз хоб ором шавед ва фикри мусбат кунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Агар касе, ки дӯсташ медоред, ба шумо аҳамият намедиҳад, бо ӯ сӯҳбати самимӣ кунед. Аз ҷангу баҳс худдорӣ кунед ва роҳҳои созиш биҷӯед. Ба фикру ақидаи шахсӣ такя намоед. Бештар фаъол бошед, агар ба маблағ эҳтиёҷ доред. Аз хӯрдани ғизои носолим ва нӯшокии спиртӣ парҳез кунед. Шомро бо хонавода дар муҳити ором гузаронед.