Ҳамал
Бо вуҷуди он ки шумо ҳама чизро таҳти назорат мегиред, атрофиён ба қадратон расида эҳтиром мекунанд, вале бисёр чизҳое ҳастанд, ки аз мадди назаратон дур мемонанд. Хатари ба доми ҳаннотон афтидану фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад. Ҳушёриро аз даст надиҳед, аз макри душманон бехабар намонед.
Савр
Барору комёбӣ ҳамсафари шумо мегардад. Нимаи аввали рӯз кори зиёд ба саратон бор шавад ҳам, аз уҳдааш ба хубӣ мебароед. Шиносоӣ бо шахсони аҷиб боиси беҳтар гаштани вазъи иҷтимоиятон мегардад. Бо суханпардозӣ ва дилрабоӣ ҳамақидаҳои худро меёбед.
Ҷавзо
Дар ин рӯз дар ҳаёти баъзеҳо мушкилоти вобаста бо ҳуҷҷатҳои муҳим пеш меоянд, кор ҳатто ба суд мерасад, вале хавотир нашавед, шумо бурд мекунед. Муҳим он аст, ки нуқтаи назари худро пайгирӣ намоед, он гоҳ муваффақ мегардед. Бо атрофиён муомилаи хуб карда, чанд хабари тоза мефаҳмед.
Саратон
Дар зиндагии шумо даврае фаро мерасад, ки «хомӯшии қабл аз тӯфон» ном дорад. Айни замон даст рӯйи даст монда шинед, зеро ҳамаи кору ҳодисаҳо ғайри хоҳиши шумо рух додан мегирад. Саратонҳои коргар имкони ба вазифаи нав ё кори дигар гузаштанро меёбанд.
Асад
Муносибатҳои оилавӣ мустаҳкам мешаванд, шумо якдигарро хубтар мефаҳмидагӣ мешавед. Асадҳои оиладор хоҳиши зиёд намудани сафи фарзандони худро мекунанд. Ба саросемакорӣ роҳ надиҳед, қабл аз кореро кардан нағзакак андеша намоед. Вазъи молиявиатон мунтазам рӯ ба беҳбудӣ меорад.
Сунбула
Тамоми рӯз аз пайи беҳбудии хонаву манзилатон кӯшида, дар дили аҳли оила тухми меҳру муҳаббат мекоред. Бо сабаби фикру ақидаҳои гуногун бо ҳамсаратон муноқиша мекунед, вале ин муваққатӣ аст. Кӯшиши зиёд сохтани маблағи кисаатонро мекунед, вале танбалӣ имкон намедиҳад ба мақсад расед.
Мизон
Шумо бо нерӯву истеъдоди зотиятон ба тамоми мақсадҳоятон расида метавонед. Мушкили ягона дар он аст, ки мизонҳо аз бурдборӣ илҳом гирифта, бепарво мешаванду аз бадкирдориҳои рақибон бехабар мемонанд. Ҳасудоне пайдо мешаванд, ки нонатонро нимта карда, шуморо неш задан мехоҳанд.
Ақраб
Ақрабҳо бояд ҳушашонро ба сар гирифта, ба ҳар нафаре ки барояшон куҳи тилло ваъда мекунад, бовар накунанд. Бештар истироҳат намоед, он гоҳ нақшаҳоятон ҷомаи амал мепӯшанд. Ба умеди ҳамкору шарикон шудан маънӣ надорад, беҳтараш мустақилона амал намоед.
Қавс
Фикру ақидаҳоятонро ҳамкорону роҳбарият бо хушнудӣ қабул мекунанду шумо пуштибони муътабар пайдо мекунед. Имкон надиҳед, ки шуморо аз сари кор дур кунанд. Одати ба дигарон айб мондану камбудӣ ҷустанро партоед, вагарна муносибататон бо ҳамкорону аҳли оила вайрон мегардад.
Ҷаддӣ
Дар масъалаҳои корӣ эҳтиёткор бошед, вагарна ба доми фиребгарон меафтеду пули калонро аз даст медиҳед. Агар чунин нохушӣ аз саратон гузарад, фаромӯш накунед, ки «раъду барқ ба як ҷой ду бор намезанад».
Далв
Шуморо лозим меояд, ки ба хотири оромиши қалби худ ва ба хотири нафари дигаре аз бисёр чизҳо гузашт намоед. Дар ҳама кор муваффақ мегардед, зеро зотан шахси дилёбу кордон ҳастед. Барои он ки кордатон болои равған бошад, дар масъалае гузашт кардану қарзҳоро баргардониданатон лозим меояд.
Ҳут
Имкони худро ҳамчун мутахассиси касбӣ ва шахси масъул нишон доданатон пайдо мешавад. Пешниҳодҳоеро, ки пули калонро ваъда медиҳанд, қабул накунед, зеро “ҳарчи осон ба даст ояд, дер напояд” гуфтаанд. Барои ба худ омадан нағзакак истироҳат намоед.