sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 7-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2023
2122

Ҳамал

Дар ин рӯз ба ягон ғалату камбудӣ роҳ намедиҳед. Ба ҳар гапе, ки мешунавед, бовар накунед, хусусан ба ваъдаҳои нафаре умед набандед. Эҳтимол шуморо фиреб додану ба чашматон хок пошидан мехоҳанд. Мутаассифона бештар бо рафъ сохтани мушкили дигарон машғул шуданатон лозим меояд.

Савр

Барои фаъолияти касбии шумо рӯзи бобарор аст. Қабл аз даст задан ба коре нақшаи аниқи худро тартиб дода, баъдан амал намоед, вагарна эҳтимоли беҳуда сарф кардани қувату маблағ вуҷуд дорад. Дар ин рӯз ба касе ҳақ будани худро исбот карда наметавонед, аз ин рӯ, ба ҷои сухан амал намоед.

Ҷавзо

Дар ин рӯз ягон кори ҷиддиро ба нақша нагиред. Ба рафтору гуфтори беандеша роҳ надиҳед. Ба хӯроки мехӯрдаи худ бодиққат бошед. Аз чӣ гуна истеъмол намудани ғизо қобилияти корӣ, болидарӯҳӣ ва нерӯятон вобастагӣ дорад. Баъди нисфирӯзӣ пул сарф карданро маслиҳат намедиҳем.

 

Саратон

Қобилиятҳои сухангӯии худро ба кор бурда, ҳақ буданатонро исбот карда метавонед. Пешниҳодҳои хуби корӣ пайдо мешаванд, вале аз пайи чанд кор якбора надавед. Дар ҷодаи муҳаббат низ домони як ёрро доштанатон беҳтар аст. Қабл аз сарф кардани пул ва харидкунӣ нағзакак андеша намоед.

Асад

Барои пешравии корҳоятон имкониятҳои мусоид фаро мерасанд. Корро ба таъхир нагузоред. Барои сафару саёҳат рӯзи мувофиқ нест. Дар оилаатон ҷангу нофаҳмӣ рух медиҳад. Эҳтимоли хурӯҷ намудани бемориҳои музмин вуҷуд дорад, аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед.

Сунбула

Дар ин рӯз диққати асосии худро ба оилаву наздикони худ равона созед. Аз баҳсу мунозира ва киноя задани нафароне, ки дӯсташон медоред, худдорӣ намоед. Баъзеҳо гирифтори яъсу ноумедӣ мегарданд. Муносибати худро бо роҳбарияти коргоҳатон вайрон насозед.

Мизон

Дар ин рӯз аз уҳдаи ҳама кор ба хубӣ мебароед. Агар шахси дӯстдошта дошта бошед, нисбаташ мехрубонии бештар зоҳир намоед. Сайругашти якҷоя, сафарҳо ва суҳбати муқаррарӣ табъатонро болида мегардонад. Бо нафароне, ки хуб намешиносед, дарди дил накунед ва худро аз онҳо дур гиред.

Ақраб

Дар ин рӯз барои расидан ба мақсад кӯшиши зиёд ба харҷ доданатон лозим меояд. Аз хариди калон худдорӣ намоед, вагарна бепул мемонед, дар ин рӯзҳо қарз гирифтанро маслиҳат намедиҳем. Муносибати худро бо нафароне, ки чандон робитаи хуб надоштед, беҳтар месозед.

Қавс

Дар ин рӯз ба рафтору кирдори беандеша роҳ надиҳед, қабл аз гуфтани ягон гап нағзакак андеша намоед. Аксари нофаҳмиҳое, ки дар ин рӯзҳо ба саратон меоянд, бо сабаби бадқаҳриву бадҷаҳлии шумо рух медиҳад. Танҳо дар сурати худро ба даст гирифта тавонистанатон шумо бурд мекунед.

Ҷаддӣ

Рӯзи душвор аст. Хабари ногувор табъатонро хира ё муносибататонро бо баъзе атрофиён вайрон месозад. Бештар истироҳат кунеду аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Барои болида сохтани табъи худ кӯшиш ба харҷ диҳед, вагарна гирифтори руҳафтодагӣ мегардед.

Далв

Вазъи хуби оилавиятон пурра аз шумо вобастагӣ дорад, аз ин рӯ, масъулиятро эҳсос карданатон зарур аст. Бонувони калонсол бояд саломатии худро эҳтиёт намуда, аз беморшавӣ эҳтиёт шаванд. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи созгор аст.

 

Ҳут

Ба нофаҳмиҳое, ки баногаҳ сар мезананд, диққати зиёд надиҳед. Кӯшиш намоед, ки рӯзро хушу хурсандона паси сар намоед. Хуб мебуд, ки ба мушкили наздикон диққати бештар равона намуда, камбудиҳои хонаву рӯзгорро таъмин намоед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД