arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 7-УМИ МАЙИ СОЛИ 2023
2658

Ҳамал

Дар ин рӯз ба танбалӣ роҳ надиҳеду маслиҳати атрофиёнро ба эътибор нагиред. Дағалӣ нисбати шахси дӯстдошта ё ҳамсафари ҳаётӣ боиси моҷаро мегардад, асабонияту нобоварӣ бошад, вазъиятро душвортар месозад. Аз муноқиша худдорӣ намуда, роҳҳои оштишавиро ҷӯед, вагарна кор ба ҷудоӣ мерасад. Хобатон баъди як ҳафта амалӣ мегардад.

 

Савр

Ба ҳаёти худ навгонӣ ворид намоеду шиносҳои нав пайдо карда, ба сафар бароед. Имрӯз шумо дар хона нишаста ё бо кор машғул шудан намехоҳед. Тақдир шуморо бо нафаре рӯ ба рӯ месозаду дӯсти вафодор пайдо месозед. Мушкилиҳои молиявиатон ба зудӣ рафъ намегарданд. Аз бадхоҳии душманон эҳтиёт шавед.

 

Ҷавзо

Ба ҳаёти худ макру фиребро ворид насозед, вагарна он доғи сиёҳе, ки дар шаъну шарафатон пайдо мешавад, ба зудӣ шуста намешавад. Маблағи худро баҳудаву беҳуда сарф накунед, хусусан агар вазъи молиятон душвор бошад. Ҷавзоҳои оиладоре, ки ба муносибатҳои ошиқона роҳ медиҳанд, сирашон фош мегардад.

 

Саратон

Дар мадди аввал бояд ғами саломатии худро хӯрда, баъдан аз пайи кор шавед. Агар витамин истеъмол карда, аз гармохунукшавӣ эҳтиёт шавед, бемориҳоро пешгирӣ мекунед. Дар роҳ эҳтиёт шавед ва аз ҷонварони кӯчагӣ худро дур гиред. Ҷароҳат бардоштанатон имкон дорад.

 

 

Асад

Имрӯз аз рӯи нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда зистанатон лозим меояд. Эҳтимоли гум кардани пулҳоятон вуҷуд дорад, аз ин рӯ ҳушёриро пеша намоед. Сабукандешӣ ва сабукрафторӣ ба ҳаёти шахсиятон таъсири манфӣ мерасонад. Ба эҳсосот дода нашавед.

 

Сунбула

Аз пешниҳодҳои шубҳанок худдорӣ намоед, хусусан дар масъалаҳои молиявӣ. Дар ҷодаи муҳаббат ба роҳи макру фиреб наравед ва заифӣ накунед. Муносибатҳои худро бо дӯстони ранҷидаатон барқарор месозед. Ба муноқишаву низоъ роҳ надиҳеду гузашт кунед ва нофаҳмиҳо рафъ мегарданд.

 

Мизон

Рӯзи душвор аст, бояд аз пештара бештар уҳдабаро бошед. Агар имкон дошта бошед, диққати худро ба тиҷорати шахсӣ равона созед. Ба сафарҳои роҳи дур бо мошини худ набароед, хатари ҷароҳат бардоштанатон имконпазир аст. Дар бораи нақшаву ниятҳои худ ба ҳар нафар қисса накунед.

 

Ақраб

Рӯзи фиреб аст. Мушкилоти рӯзгор ва рафтори наздикон муносибатҳоятонро тағйир медиҳад. Гуноҳу хиёнатро бо душворӣ таҳаммул мекунед. Қаҳру ғазаби худро ба нафарони бегуноҳ нарасонед, вагарна обрӯву нуфузатон рехта вазъиятро душвортар месозад. Хариди калонро ба таъхир гузоред.

 

 

Қавс

Бо наздикони худ муноқишаи калон мекунед. Агар аз онҳо кӯмаки молиявӣ мехоста бошед, айни замон ба саховатмандияшон умед баста метавонед. Вазъияти душвореро, ки дар ҳаёти шахсиятон сар мезанад, бо кӯмаки дӯсти наздик рафъ месозед. Хабари нохуш боиси вайрон гаштани муносибат бо ҳамсафари ҳаётӣ ё шахси дӯстдошта мегардад.

 

Ҷаддӣ

Дар ин рӯз муносибатҳои худро бо дӯстон хуб нигоҳ дошта, ба баҳсу мунозира роҳ надиҳед. Аз ҷониби нафаре, ки интизор набудед, кӯмак мебинед. Дар ҷодаи муҳаббат макру фиреб ва хиёнат эҳтимол дорад, аз ин рӯ сабур бошед. Барои расидан ба курсии мансаб дӯстатон мадад мерасонад. Хариди ногаҳонӣ ё сарфи пул имкон дорад.

Далв

Дар ин рӯз аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷуста, беҳтараш дар танҳоӣ сайругашт кунед. Аз ғайбату бадгӯӣ эҳтиёт шавед. Нафаре боз дар фикри бадии шумо аст. Ҳангоми чизеро ваъда додан бодиққат бошед. Мардҳо пешниҳоди нави корӣ мегиранд, барои розигии худро додан нағзакак андешиданашон лозим меояд.

Ҳут

Дар ин рӯз ба пул сахт дил набандед. Агар нисбати шахси наздикатон дағалӣ зоҳир намоед, дар ҷавоб дучори қаҳру ғазаб мегардед. Дӯстдоштаи худро бо тамоми камбудиҳояш қабул намуда, аз ӯ олиҳа наҷӯед. Ҳутҳое, ки гирифтори хиёнат мегарданд, дучори асабхаробӣ ва руҳафтодагӣ мегарданд. Ба одамон кӯр-кӯрона бовар накунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Фарход 2023-05-07, 15:30
Дубай
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Фарход 2023-05-07, 15:30
Дубай
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД