Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз каме танҳо монда, дар бораи рафтор ва муносибатҳои худ андеша кунед. Эҳтимол баъзе амалҳои шумо сабаби пайдо шудани шубҳа дар дили шахси дӯстдошта гардида бошанд. Ба эҳсосот ва ҳолати рӯҳии ҳамсар ё дӯстдоштаатон диққати бештар диҳед, зеро ӯ ба дастгирии шумо ниёз дорад. Дар кор бахтатон механдад ва метавонед корҳои бештареро анҷом диҳед. Вазъи молиявӣ низ рӯ ба беҳбудӣ меорад. Аз қарз додани пул худдорӣ кунед ва барои саломатӣ бештар варзиш намоед.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз беҳтараш рӯзро бо шахси дӯстдоштаатон сипарӣ кунед ва аз ташвишҳои рӯзмарра каме дур шавед. Барои харид ва нав кардани муҳити хона рӯзи муносиб аст. Нерӯятон зиёд мешавад, вале кӯшиш кунед эҳсосотро идора намоед, то бо ҳамкорон нофаҳмӣ пеш наояд. Агар дар масъалаҳои молиявӣ муваффақият кам бошад, бахт дар муҳаббат ба шумо рӯ меорад. Афроди танҳо метавонанд бо шахси ҷолибе шинос шаванд. Машқҳои ҷисмонии сабук барои саломатӣ ва нигоҳ доштани қомати зебо муфид хоҳанд буд.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Агар танҳо бошед, вақти он расидааст, ки ба эҳсосоти худ роҳ диҳед ва барои шиносоии нав қадаме гузоред. Дар муносибатҳои шахсӣ ҳамаи мушкилотро якҷоя бо шахси дӯстдошта ҳал кунед ва тамоми масъулиятро танҳо ба дӯши худ нагиред. Имрӯз корҳои оғозкардаатонро ба анҷом расонидан беҳтар аст. Барои пешниҳоди нақшаҳои нав вақти муносиб нест. Эҳтимол хароҷоти ғайричашмдошт пайдо шавад, бинобар ин маблағро сарфакорона истифода баред. Барои нигоҳ доштани саломатӣ ба истироҳати босифат ва хоби кофӣ аҳамият диҳед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз аз хаёлҳои зиёди ошиқона дур шавед ва ба воқеият бештар такя кунед. Барои харид ва хароҷоти зарурӣ рӯзи хуб аст, вале корҳои вазнини хонагиро ба вақти дигар гузоред. Истеъдоди эҷодии шумо пурра зоҳир мешавад ва метавонед қобилиятҳои нави худро кашф кунед. Дар масъалаҳои молиявӣ имкони фоидаи хуб ё бастани созишномаи судманд вуҷуд дорад, аммо муваффақият аз дониш ва таҷрибаи худи шумо вобаста хоҳад буд. Аз шитобкорӣ, нӯшокиҳои спиртӣ ва корҳои хавфнок худдорӣ намоед.
Асад (23 июл-22 август)
Дар муносибатҳои ошиқона каме сардӣ эҳсос шуданаш мумкин аст. Агар чунин шавад, ба ҳамдигар каме фосила диҳед, то эҳсосот дубора қавӣ гарданд. Имрӯз аксари нақшаҳоятон амалӣ мешаванд ва наздикон метавонанд шуморо бо сюрпризи хуш шод гардонанд. Бисёртар бо гуфтушунидҳо ва ҳуҷҷатгузорӣ машғул мешавед. Дар кор эҳтимоли нофаҳмиҳои хурд вуҷуд дорад, аз ин рӯ бодиққат бошед. Барои беҳтар кардани саломатӣ ва нигоҳ доштани вазни муносиб, ба ғизои дуруст ва тарзи ҳаёти фаъол аҳамият диҳед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз ҳаёти шахсии шумо метавонад ранги тоза гирад. Барои онҳое, ки дар ҷустуҷӯи муҳаббатанд, шиносоии ҷолиб эҳтимол дорад. Ба муносибатҳои худ гуногунӣ ворид кунед, зеро таҷрибаҳои нав метавонанд шуморо ба ҳам наздиктар созанд. Дар кор имкони нишон додани қобилиятҳои роҳбарӣ пайдо мешавад ва роҳбарият заҳматҳои шуморо қадр мекунад. Шуғли дӯстдоштаатон метавонад манбаи даромад гардад. Шомро барои сайругашт ва истироҳат ҷудо кунед, то нерӯи тоза ба даст оред.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз дар ҳаёти шахсӣ қарорҳои муҳим қабул карданатон мумкин аст. Шояд нисбат ба шахсе, ки муддати дароз ба шумо таваҷҷуҳ дорад, посухи мусбат диҳед. Барои мустаҳкам шудани муносибатҳо худ қадами аввалро гузоред ва ба андешаи бегонагон аҳамияти зиёд надиҳед. Дар кор вазъ барои амалӣ кардани ташаббусҳои нав чандон мувофиқ нест, аз ин рӯ беҳтараш ба корҳои ҷорӣ диққат диҳед. Аз ҷиҳати молиявӣ мушкилӣ намебинед, аммо аз ҳасади баъзе одамон эҳтиёт шавед. Ба ҳолати рӯҳии худ низ аҳамият диҳед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ҳаёти шахсӣ фазои оромиву ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо мешавад. Эҳтимол шахсе шуморо дӯст дорад, вале ҳанӯз ҷуръати изҳори эҳсосоти худро накардааст. Оиладорон бештар ба корҳои хона ва беҳтар кардани муҳити зист машғул мешаванд. Субҳ бо ҳамкорон дар бораи нақшаҳои оянда суҳбат кардан фоида меорад ва метавонад роҳи дурустро нишон диҳад. Барои харид ва сармоягузорӣ рӯзи мусоид аст. Рӯзҳои наздик худро орому сабук эҳсос хоҳед кард.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз рӯҳияи ошиқона шуморо фаро мегирад ва диққати атрофиёнро ба худ ҷалб мекунед. Барои корҳои дастаҷамъона ва вохӯриҳои дӯстона рӯзи хуб аст. Дар муносибат бо наздикон ҳамдигарфаҳмӣ бештар мешавад. Афроди танҳо метавонанд ба шиносоии нав ва эҳсосоти тоза рӯ ба рӯ шаванд. Хушбинӣ ба шумо барои бартараф кардани мушкилоти рӯзмарра кумак мекунад. Вазъи молиявӣ низ метавонад беҳтар гардад. Барои нигоҳ доштани саломатӣ дар хӯрдану нӯшидан меъёрро риоя кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз дар бораи орзуҳо ва ҳадафҳои воқеии худ андеша кунед. Агар аз муносибатҳои кунунӣ розӣ набошед, роҳҳои беҳтар кардани онҳоро ҷустуҷӯ намоед. Барои оиладорон хабарҳои хуши молиявӣ дар пеш аст. Дар ҷойи кор аз баҳс бо роҳбарон ва ҳамкорон худдорӣ кунед ва ба масъалаҳое диққат диҳед, ки зуд натиҷа медиҳанд. Қарз нагиред ва аз харидҳои нолозим парҳез намоед. Аз хастагии зиёдатӣ дурӣ ҷӯед ва вақти худро бо одамони хушмуомила сипарӣ кунед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Агар ҳоло танҳо бошед, барои ҷустуҷӯи муҳаббат шитоб накунед. Вақте ки фурсати муносиб фаро расад, зиндагӣ худ роҳи шуморо нишон медиҳад. Суҳбати ҷиддӣ бо шахси наздик имкон дорад ва он барои равшан шудани баъзе масъалаҳои ҷамъшуда мусоидат мекунад. Имрӯз вақти хубест, ки дастовардҳои охири худро арзёбӣ намуда, нақшаҳои ояндаро бо шахсони ботаҷриба баррасӣ кунед. Дар ҷойи кор масъалаҳои молиявиро бо ҳамкорон муҳокима накунед. Барои беҳтар шудани саломатӣ ба ғизои дуруст ва истироҳати кофӣ аҳамият диҳед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Имрӯз ба хатоҳои хурди шахси дӯстдошта бо сабр муносибат кунед ва аз баҳсҳои беҳуда худдорӣ намоед. Рӯзи мувофиқ барои қарорҳои ҷиддӣ ё корҳои хавфнок нест. Эҳтимол бо аъзои оила ё дӯсте нофаҳмӣ ба миён ояд. Ҳангоми кор бодиққат бошед, зеро беэҳтиётӣ метавонад сабаби иштибоҳ гардад. Дар фаъолияти касбӣ тағйироти ногаҳонӣ, сафарҳои хизматӣ ё хабарҳои ғайричашмдошт имкон доранд. Новобаста аз вазъият, рӯҳафтода нашавед, зеро хушбинӣ ба саломатӣ ва муваффақияти шумо мусоидат мекунад.