Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз хатари фиреб хӯрданатон зиёд аст. Барои бастани ақди никоҳ, хариду фурӯш ва иваз кардани хона рӯзи мусоид нест. Нафарони худхоҳу дилсиёҳ аз содагиву зудбоварии шумо истифода бурдан мехоҳанд. Ҳар қадаре бегоҳирӯзӣ наздик шавад, ҳамон андоза бо дигарон забон ёфтанатон душвор мегардад.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз табъатон болидаву саломатиятон хуб аст. Рӯзи хубест барои ишқбозӣ ва рафъи мушкилиҳои пештара. Истироҳати бофароғат дар ҳавои тоза ва хоби бароҳат хастагиятонро комилан рафъ месозад. Кӯшиш кунед, ки барои дӯстдоштаатон вақти бештар ҷудо намоед ва ӯро озор надиҳед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Рӯзи душвор аст. Таъсири нафарони бегона ё маълумоти дурӯғ боиси аз даст додани маблағи пулӣ мегардад. Ба сафару саёҳат равона нагардед, сафаратон бебарор анҷом меёбад. Нохушиҳои калони вобаста бо молу мулк, сӯхтор, шикастани ашёи хона ё ғорат имкон дорад. Дар ҳама ҳолат худро ба даст гирифтанро омӯзед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз ба тамоми ҳодисаҳое, ки дар атрофатон рух медиҳанд, бодиққат бошед. Оиди масъалаи муҳиме маълумот ба даст оварда, маслиҳати судманд ва пешниҳоди ҷолиб мегиред. Дар оянда ин дастовардҳо ба шумо лозим мешаванд. Бо дӯстдоштаатон низоъ карда, аз ҳам ҷудо шуданатон эҳтимол дорад.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз ба корҳои шубҳанок машғул нашавед. Рӯзи хубест барои робита бо ҳамфикрон ва ҳамкорӣ бо нафарони воломақому баобрӯ. Нофаҳмиҳои хурд ба зудӣ рафъ гардида, ба рафти ҳодисаҳои рӯз таъсири ҷиддӣ намерасонанд. Бегоҳирӯзӣ хастагиву асабониятро ҳис мекунед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Имрӯз оромии оилаи шумо вайрон мегардад ва сабаби муноқиша рашки муқаррарӣ аст. Дар сурати рух додани чунин вазъият ба оташ равған нарехта, кӯшиш намоед, ки муноқиша бартараф гардад. Вохӯриҳои ошиқона дар ин рӯз танҳо ногуворӣ меоранд. Хатари хурӯҷ намудани бемориҳои музмин имкон дорад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Нафароне, ки бо эҷодкорӣ ва тиҷорат машғуланд, дар ин рӯз корашон рӯ ба таназзул меорад. Таъсири нафарони бегона ё хабари дурӯғ боиси аз даст додани маблағи пулӣ мегардад. Зимни робита бо ҳамкорон ё шахсони наздик аз ҳад зиёд ба якравӣ роҳ надиҳед, асабхаробӣ ё муноқиша имкон дорад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Тамоми мушкилии дар ин рӯз ба саратон омада бо масъалаҳои молиявӣ вобастагӣ доранд. Эҳтимоли сарфи ғайринақшавии маблағ вуҷуд дорад, ки ба буҷаатон таъсири калон мерасонад. Гунаҳкоронро наҷӯста, асабонияту ғазаби худро ба сари наздиконатон фурӯ нарезед, вагарна оқибати нохуш ба бор меорад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Вазъи саломатиятон дар ин рӯз нисбатан беҳтар мегардад. Рӯзи хубест барои бастани шартномаву маслиҳатҳо. Зери таъсири нафаре монда, дурӯғ гуфтану лоф заданатон эҳтимол дорад. Дар ин рӯз аз робита ва ҷойҳои серодам худдорӣ намоед. Шахси дӯстдоштаатон ба дастгирии шумо ниёз дорад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар касбу коратон нобарорӣ рух дода, нақшаву ниятҳоятон натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Танҳо корҳои пештараатон фоида меоранд. Бо кӯмаки дӯстон, хешу табор ва нафарони некхоҳ муваффақ мегардед. Атрофиён аз шумо кӯмаку дастгирӣ мехоҳанд. Ба саломатии худ диққати бештар диҳед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Вазъи саломатиятон нисбатан беҳтар мегардад. Нақшаву ниятҳоятон натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд. Барои бастани шартномаҳои гуногун рӯзи номусоид аст. Мушкилӣ дар ҳаёти шахсӣ ё бад шудани вазъи саломатиятон имкон дорад. Дар ин рӯз саховатмандӣ, туҳфа кардану хоҳишеро иҷро намудан хуб аст.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Азбаски барои ғалатҳои содиркардаатон масъулиятро ба дӯш гирифтан намехоҳед, ба роҳи макру ҳилла рафтанатон лозим меояд. Ин муваққатан аст. Дер ё зуд ҳақиқат рӯйи об баромада, вазъиятро ислоҳ карданатон лозим меояд. Ногувориҳои қисми аввали рӯз боиси пеш омадани мушкилоти пулӣ мегарданд.