Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯзи пур аз неру ва имконият аст. Шумо қувваи ирода доред, ки ҳадафҳои тӯлониро амалӣ созед. Бо ҷасорат хатарҳоро паси сар карда метавонед. Ин фурсати мусоид барои рушди шахсӣ ва омӯзиш аст. Заҳматҳоятон дар ҷои кору дар муҳити оилавӣ қадр карда мешавад. Баъди кор вақти дилпазирро бо наздикон гузаронед ва барои нафаре, ки дӯсташ медоред, муҳити хубу гуворо эҷод намоед.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз муомилаи хуб бо наздикон муҳим аст: қаҳру ғазаб ва пинҳонкориро тарк намоед. Ба хароҷоти ғайричашмдошт роҳ надиҳед, беҳтараш харидҳоро ба дигар рӯз монед. Дар ҳама кор муваффақ мешавед. Вақте расидааст, ки дар ҳаётатон тағйироти мусбат ворид кунед. Муносибатҳои наздиконро бо меҳр қабул кунед ва кӯшиш намоед, ки дили касеро наранҷонед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Рӯзи муносиб барои робита бо одамони нав аст. Неруятон зиёд гашта, мехоҳед маблағи бештар кор кунед. Аммо хурдтарин баҳс метавонад масъалаи начандон муҳимро ба муноқиша кашад, бо атрофиён бо оромӣ ва хирадмандӣ муносибат кунед. Кӯшиш кунед, ки корҳоятон боиси ҷангу ҷанҷол ва нофаҳмӣ нагардад. Босабру пуртоқат бошед. Ба бемориҳои худ диққат диҳед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯзи орому пур аз ҳодисаҳои хуб аст, шумо қувватманд ва фаъол ҳастед. Ҳар кореро, ки ба даст гиред, аз уҳдааш мебароед. Аммо эҳтимол бо наздикон нофаҳмӣ сар занад, кӯшиш кунед, ки ҳассос набошед ва ба ақидаи дигаргон гӯш диҳед. Баъди шом бо наздикон мулоқот кардани шумо равобити оилавиро мустаҳкам мекунад. Барои баргузор намудани тӯю маъракаҳо рӯзи хуб аст.
Асад (23 июл-23 август)
Рӯзи хубест барои пешравӣ дар касбу кор. Бо табъи хушу руҳи болида бо одамон муошират мекунед. Ин ба шумо кумак мекунад, ки бо шахсоне муколама пайдо кунед, ки пештар то кадом андоза инсонҳои хуб буданашонро дарк намекардед. Ҳатто хариди ногаҳонӣ метавонад натиҷаи мусбат диҳад. Кори ба таъхир мондаро ба анҷом мерасонед. Баъзеҳо аз фишори баланд азият мекашанд.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Барои сунбулаҳо рӯзест бо сюрпризҳои ҷолиб ва ҳодисаҳои хушу гуворо. Дар кору зиндагӣ ба ҳама чиз диққати зиёд медиҳед ва ин кумак мекунад, ки вазифаи муҳимро анҷом диҳед. Ҷаласаҳо ва вохӯриҳои корӣ бо натиҷаҳои хуб мегузаранд. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид буда, вақти хубе барои хушҳол кардани дӯстдоштаатон аст. Муносиботи оилавӣ тағйир меёбанд ва оромии оилавӣ аз шумо вобастагӣ дорад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз диққати худро ба касбу кор равона созед. Новобаста аз хоҳишҳои шахсӣ, нисбати наздикон ва ҳамкорон бо сабр ва оромӣ муносибат кунед. Аз ҳузури нафароне, ки бо диданашон табъатон хираву фишоратон баланд мешавад, худро канор гиред. Ҳеҷ гоҳ худро маҷбур накунед, ки бо чунин нафарон худро бемору руҳафтода гардонед! Шумо ҳам инсон ҳастед ва ҳақи хушбахт шуданро доред!
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Шумо эҳтимолан дар бораи мушкилот бисёр андеша мекунед ва аз ҳад зиёд воҳима мекунед. Агар шарики боэътимод дар наздикиатон бошад, ӯ шуморо ҳатман дастгирӣ мекунад. Аз оғоз намудани қарорҳои муҳим худдорӣ кунед ва бо эҳтиёткорӣ ба масъалаҳои пулӣ муносибат кунед. Муносибати худро бо нафаре, ки бисёр дурӯғ мегӯяд, қатъ намоед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз барои истироҳат мусоид аст. Агар кӯшиши кор кардан кунед, эҳтимол хаста шавед ва диққати худро ҷамъ кардан душвор гардад. Масъулиятҳоро зиёд накунед ва ҳатто ваъдаҳои пулӣ надиҳед, ки иҷро карданашон мумкин нест. Агар хаста ё асабонӣ шавед, ба боғ равед ё бо гурӯҳи дӯстони наздик гашта, ором шавед. Шумо ниёз ба истироҳат доред, беҳтараш худро азият надиҳед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рӯзи пур аз мушкилоти корӣ аст, корҳо зиёданд, ҳар яке таваҷҷуҳи худро мехоҳад. Аммо шумо дар ҳама кор муваффақ мешавед. Эҳтимолан вохӯриҳо бо ашхосе сар занад, ки дидгоҳи нав ба ҳаёт меоранд. Ин дӯстӣ метавонад ба ислоҳ намудани хатоҳои гузашта кумак расонад. Агар шумо ба одамони боэътимод гӯш диҳед, зиндагиятонро хубтар месозед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Имрӯз беҳтараш ба зиндагии шахсӣ таваҷҷуҳ намоед. Муносибат бо наздикон ва дӯстдоштаатон нохуб мегардад. Аз ихтилофҳои номувофиқ худдорӣ кунед, сабур ва ором бошед. Мушкилоти молиро бояд пешгирӣ кард. Агар хаста шуда бошед, бо истироҳат дар табиат ором шавед, ин ба шумо неруи тоза медиҳад. Нафарони муҷаррадро хабари хуш интизор аст.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Ин рӯз беҳтараш ба ягон иқдомоти пулӣ даст назанед. Вақти хубест барои эҷод ва фикрҳои нав. Шомро бо вохӯриҳои дӯстона ва шиносоиҳои нав сипарӣ намоед. Агар вақт доред, танҳо бо худ бошед ва дар бораи тақдири худ андеша кунед. Шумо аксаран дар танҳоӣ худро ором кардаву фароғат карда метавонед. Ба дӯстдоштаи худ муҳаббати бештар зоҳир намоед.