goodwell
ТОЛЕЪНОМАИ 6-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2026
609

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз ситораҳо ба ҳамалҳои танҳо маслиҳат медиҳанд, ки аз ҷустуҷӯи муҳаббат каме фосила гирифта, бо дӯстони худ вақт гузаронанд. Дар оила эҳтимол баъзе мушкилот пеш оянд, вале бо сабру таҳаммул онҳоро ҳал мекунед. Аз ҳад зиёд нишон додани хислатҳои роҳбарӣ метавонад баъзе дӯстону мухлисонро дур кунад. Аз нигоҳи молиявӣ хариди калон эҳтимол дорад, бинобар ин ҳангоми харидани амвол эҳтиёткор бошед. Ба истироҳат низ бештар вақт ҷудо кунед.

Савр (21 апрел-21 май)

Дар муносибатҳои ошиқона имрӯз оромиву ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармост. Аз ин лаҳзаҳои хуш баҳра баред, зеро ҳар давраи хуб метавонад доимӣ набошад. Имрӯз имкони ҷуброн кардани баъзе имкониятҳои аздастрафта пайдо мешавад. Дар кор эҳтимол мушкилоти хурд ба вуҷуд ояд, аз ин рӯ аз кумаки ҳамкорон даст накашед. Рӯз барои ба анҷом расонидани корҳои муҳим ва омодагӣ ба истироҳат мусоид аст. Барои пешгирӣ аз хастагии рӯҳӣ ҳатман вақти кофӣ барои истироҳат ҷудо кунед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз беҳтар аст ҷузъиёти ҳаёти шахсии худро бо ҳар кас дар миён нагузоред ва ба одамони ғайбату овоза паҳнкунанда рӯи хуш надиҳед. Мушкилот бо наздикон метавонад рӯҳияатонро каме паст кунад, аммо ба ин ҳолат дода нашавед. Дар кор шумо худро боэътимод ҳис мекунед ва хунсардиву диққататон ба кумак меояд. Аз ҷиҳати молиявӣ эҳтиёткор бошед ва хароҷоти худро бодиққат ҳисоб кунед. Агар худро асабонӣ ҳис кунед, ба истироҳату оромӣ бештар аҳаммият диҳед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз дар ҳаёти ошиқонаи саратонҳо метавонад воқеаи ғайричашмдошт рух диҳад, ки ба тағйироти хуш оварда мерасонад. Барои тоза кардани хона вақти хуб аст: аз ашёи кӯҳна, фарсуда ё шикаста халос шавед. Дар фаъолияти ҷамъиятӣ ё касбҳое, ки ба илм ва ҷомеа вобастаанд, метавонед худро хуб нишон диҳед. Ташаббусҳои молиявӣ низ барор мегиранд, аммо аз худбоварии зиёдатӣ худдорӣ кунед. Барои беҳтар шудани ҳолати рӯҳӣ бештар дар ҳавои тоза сайругашт намоед.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз сабри асадҳо санҷида мешавад, аммо муҳаббат ва эҳсосоти гарм ҳамоно нақши муҳим доранд. Дар баҳсҳо худро нигоҳ доред ва кӯшиш кунед андешаи дигаронро эҳтиром намоед. Агар асабонӣ бошед, аз суҳбатҳои баҳснок каме дурӣ ҷӯед. Барои қабули қарорҳои фаврии корӣ имрӯз шитоб накунед, зеро эҳтимоли хато кардан вуҷуд дорад. Вазъи молиявӣ нисбатан устувор аст, вале сарфакорӣ зарар надорад. Аз одамон ва вазъиятҳое, ки эҳсосоти манфӣ ба вуҷуд меоранд, дур бошед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз ҳангоми изҳори эҳсосоти худ эҳтиёткор бошед ва пеш аз қадам гузоштан ба муносибати нав шахси мавриди таваҷҷуҳатонро хубтар бишиносед. Тағйири намуди зоҳирӣ ё навсозии муҳити хона метавонад рӯҳияатонро беҳтар кунад. Барои қабули қарорҳои муҳими корӣ имрӯз шитоб кардан мувофиқ нест. Дар масъалаҳои пулӣ низ эҳтиёт лозим аст ва беҳтар аст аз хароҷоти шубҳанок худдорӣ намоед. Ба сифати ғизо ва муҳлати истифодаи маҳсулот диққати ҷиддӣ диҳед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Шахсе, ки нисбат ба шумо бетафовут нест, ба зудӣ таваҷҷуҳи худро бештар нишон медиҳад ва агар дилатон кушода бошад, оғози муносибати нав имкон дорад. Бо вуҷуди эҳсосоти зиёд, худро идора карда, вазъиятро воқеъбинона арзёбӣ намоед. Дар кор тағйирот дар ҳайати роҳбарият метавонад ба нақшаҳои қаблии шумо таъсир расонад. Масъалаҳои вобаста ба мерос ё гирифтани маблағи ба шумо тааллуқдошта низ пеш меоянд. Барои саломатӣ аз одатҳои зараровар ва ғизои носолим дурӣ ҷӯед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз метавонад дар ҳаёти ақрабҳо воқеаи муҳиме рух диҳад, ҳатто шиносоии ошиқонае, ки эҳсосоти навро ба вуҷуд меорад. Дар муносибатҳои оилавӣ барои эҳёи муҳаббат ҳатман ба тағйири шарик ниёз нест, баъзан нав кардани муносибат кофист. Эҳтимол нақшаҳои худро бомуваффақият амалӣ созед, гарчанде бо ҳамкорон ё роҳбар мушкилоти хурд пеш омада метавонад. Вазифаҳое, ки қаблан душвор менамуданд, имрӯз осонтар мешаванд. Фаъолияти бештар инчунин метавонад барои беҳтар шудани даромад мусоидат кунад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз шахсе, ки ба ӯ таваҷҷуҳ доред, барои шумо ва атрофиён ҷолибтар менамояд ва эҳтимол худро дар паҳлуи як шахси машҳур эҳсос кунед. Аммо мушкилоти корӣ метавонанд вақти зиёдро гиранд ва барои оила неруи камтар боқӣ монад. Бо вуҷуди баъзе нохушиҳо, шахсе пайдо мешавад, ки дар ҳалли масъалаҳо ба шумо ёрӣ мерасонад. Истеъдодҳои шумо имрӯз хеле заруранд ва имкони хуби нишон додани қобилиятҳо доред. Аз фишори зиёди равонӣ эҳтиёт шавед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Нимаи дуюми рӯз барои ҷаддиҳо равшан мешавад, ки дар муносибатҳои шахсӣ чӣ гуна амал кардан лозим аст. Эҳтимол баъзе нофаҳмиҳои гузашта ҳал шуда, баҳсҳои кӯҳна ба анҷом расанд. Дар зиндагии оилавӣ ба тағйироти ногаҳонӣ омода бошед ва кӯшиш накунед ҳама чизро зери назорат гиред. Дар кор бодиққат бошед, зеро ҳатто дар корҳои одӣ эҳтимоли хато вуҷуд дорад. Кӯшишҳои шумо дар масъалаҳои молиявӣ натиҷаи хуб медиҳанд. Барои истироҳат бо дӯстону оила ба сайругашт баромадан мувофиқ аст.

Далв (21 январ-19 феврал)

Имрӯз рӯйдодҳои ғайричашмдошт метавонанд ба зиндагии Далвҳо таъсири назаррас расонанд. Эҳтимол бо шахсе вохӯред, ки дар оянда барои шумо аҳамияти махсус пайдо мекунад. Дар муносибатҳои хонаводагӣ каме сардӣ эҳсос шуда метавонад ва сабаби он эҳтимол ҳассосияти зиёди худи шумост. Имрӯз имкониятҳои нав зиёд мешаванд, аз оғоз кардани корҳои нав натарсед. Аз ҷиҳати молиявӣ беҳбудӣ тадриҷан эҳсос мешавад. Барои нигоҳ доштани саломатӣ ба ғизои дуруст ва тарзи ҳаёти солим диққати бештар диҳед.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Имрӯз муносибати шумо бо шарикатон аз берун хеле хуб менамояд, аммо ҳангоми шиносоии бештар баъзе мушкилот ошкор шуда метавонанд. Аз ин рӯ, дар муносибатҳо самимӣ ва табиӣ бошед. Ба таъмири хона аз ҳад зиёд машғул нашавед ва вақти холиро бо наздикон хуш гузаронед. Ба суханони манфии дигарон аҳамият надиҳед ва ба қобилиятҳои худ бовар кунед. Эҳтимол дар гирифтани ҳаққи меҳнат мушкилӣ пайдо шавад, бинобар ин масъалаи маошро ҷиддӣ матраҳ кардан мумкин аст. Ба ғизо ва саломатии меъда низ диққат диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД