1xbet
ТОЛЕЪНОМАИ 6-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2025
1500

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз эҳсосоти зиёд доред, вале ишқи нав натиҷаи ҷиддӣ намедиҳад. Дар муҳаббат бахт ёр намешавад, бинобар ин, бештар ба худ такя кунед. Аз наздикон кумак интизор нашавед. Дар кор боэҳтиёт бошед: роҳбар метавонад аз камтарин иштибоҳ истифода кунад, то обрӯятонро коҳиш диҳад. Вазъи молӣ хуб аст, пул аз роҳҳои ғайричашмдошт меояд. Барои саломатӣ аз шириниву қаннодӣ худдорӣ кунед, сабзавот ва меваҳоро бештар ба ғизо дохил намоед.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз муносибатҳои ошиқона гармӣ мебахшанд, вале як хабар метавонад диққататонро аз муҳаббат дур созад. Дӯстону ҳамкорон шуморо санҷидан мехоҳанд. Имрӯз имкони татбиқи нақшаҳои дерина ҳаст, далериву дурандешӣ муваффақият меоранд. Дар зиндагии ҳаррӯза ҳаракатро зиёд кунед: сайругашт, гимнастика, йога. Аз ғизои равғанин ва машрубот дурӣ ҷӯед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз дар муносибат бо шахси дӯстдошта нофаҳмӣ эҳсос мекунед. Беҳтараш каме танҳоӣ интихоб кунед, то фикрҳоро ҷамъ кунед. Масъалаҳои шахсиро ҳал кунед, дигар чизҳоро ба таъхир гузоред. Дар хароҷот эҳтиёт кунед, махсусан агар даромади навро интизор набошед. Имкони зиёд шудани маош ҳаст, вале вазифаҳо низ зиёд мегарданд. Рӯзи хуб барои хариди либос, зарурат ва ашёи хона. Аз шамолхӯрӣ эҳтиёт шавед ва масуниятро қавӣ созед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат тағйироти ногувор имконпазиранд, андешаи он ки дӯстдоштаатон шахси идеалӣ нест, орзуҳоятонро барбод медиҳад. Вале агар бо чашми дигар нигаред, сифати мусбати ӯро мебинед. Дар зиндагии оиладорон муноқиша эҳтимол дорад. Дар масъалаи маблағ хароҷоти ногаҳонӣ ё баҳсҳои сахт пеш меоянд. Саломатиро эҳтиёт кунед, асабро ором доред ва аз фишори зиёд дурӣ ҷӯед.

Асад (23 июл-23 август)

Муносибатҳои ошиқона имрӯз устувор нестанд, эҳтимоли ҷудоӣ вуҷуд дорад. Агар дӯстдошта дошта бошед, ба иштибоҳҳои хурди ӯ чашм пушед. Дар кор диққатро ба масъалаи асосӣ равона кунед, парешонӣ метавонад ба хатогии калон биёрад. Бо пул эҳтиёткор бошед, тасмимҳои шитобкорона талаф меоранд. Рӯзи душвор, вале пурмаҳсул аст. Барои расидан ба муваффақият, нерӯро дуруст истифода баред ва ба худ бовар кунед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Шубҳаҳо ва норасоии эътимод ба худ шуморо нигарон месозанд. Вале ин ҳолат муваққатист. Имрӯз дар қарорҳои муҳим шитоб накунед, маълумотро хуб ҷамъ кунед, зеро чизеро ба назар нагирифтаед. Ҳама фикрҳоятон банди кор аст. Агар даромадатон кам бошад, дар бораи кори иловагӣ фикр кунед. Барои беҳтар шудани саломатӣ парҳез ва варзиш муфид аст: шиноварӣ, толори машқ ё реҷаи ғизо ба нафъ меоянд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Барои муносибатҳои ҷиддӣ имрӯз кӯшиши зиёд лозим мешавад, ишқбозии сарсарӣ бахт намеорад. Шояд меҳмони нохонда биёяд, ки шуморо дар ҳоли ногувор гузорад, вале меҳмоннавозиро фаромӯш накунед. Имрӯз рӯзи хуб барои сафарҳо, гуфтушунидҳо ва омӯзиш аст. Шонси афзоиши даромад ё хариди муваффақ вуҷуд дорад. Баъзе воқеаҳои ғайричашмдошт низ рӯй медиҳанд. Ба саломатӣ аҳамият диҳед, қувваи ҷисмонӣ ва рӯҳиро барои тағйироти пешомада нигоҳ доред.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз оғози давраи нав дар зиндагии шумост. Бо гузашта хайрбод кунед ва ба имкониятҳои тоза рӯ оред. Ин тағйирот хушбахтӣ меоранд ва барои тамоми оила рӯҳбаландкунанда мешаванд. Рӯзи муносиб барои таҳияи нақша ва таҳлили вазъ аст, вале эҳтимол рӯйдоди ногаҳонӣ нақшаро вайрон кунад. Дар ғизо эҳтиёткор бошед, аз хӯрдани зиёдатӣ ва таоми тез худдорӣ кунед, то меъдаро осеб надиҳед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи хуб барои ошиқӣ, сафар ва мулоқотҳост. Имрӯз эҳсосотро озодона баён кунед, наздикон аз меҳру муҳаббат хушнуд мешаванд. Барои аҳли оила чорабинии шавқовар ташкил кунед. Ҳар коре, ки мекунед, натиҷааш дар оянда бозмегардад. Садоқат ба қонунҳо шуморо муваффақ месозанд. Ба ҳар коре даст занед, натиҷа назаррас мешавад. Барои саломатӣ баъди кор сайругашт кунед, то асабҳо ором шаванд ва қувват барқарор гардад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз атрофиён асабатонро ноором месозанд, эҳсоси парешонӣ ва хашм эҳтимол дорад. Дар хона баҳсу гуфтугӯ зиёд мешавад, вале кӯшиш кунед дастгирӣ ва ҳамфикр бошед. Шом метавонад сюрпризи гуворо биёрад. Барои касбҳои эҷодӣ рӯз хеле пурмаҳсул аст. Дар масъалаи пулӣ мушкилоти муваққатӣ имконпазиранд, вале вазъ ба зудӣ беҳ мешавад. Барои саломатӣ истироҳатро фаромӯш накунед: стрессу хастагии тӯлонӣ метавонад зарар расонад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар муносибат бо ҳамсар ё дӯстдошта нофаҳмӣ ва баҳс эҳтимол дорад. Ба ғазаб роҳ надиҳед, то вазъ вазнин нашавад. Маслиҳатҳои наздикон имрӯз фоида намеоранд, беҳтараш ба садои қалб такя кунед. Рӯзи хуб барои корҳои хона ва хабаргирии хешовандон аст. Дӯстону шиносон омодагии кӯмак доранд. Дар молия давраи ноустувор аст, хароҷоти маҷбурӣ зиёд мешавад. Барои саломатӣ сабр ва оромӣ муҳим аст.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Имрӯз сахтгир ва тундрав мешавед, ки метавонад боиси ҷанҷол гардад. Дар муҳаббат эҳтиёткор бошед: вохӯрӣ метавонад бо баҳс анҷом ёбад. Аз сабаби кори зиёд оиларо фаромӯш мекунед, ин ба муносибатҳо зарар мерасонад. Масъалаҳои пулиро ҷиддӣ назорат кунед, пеш аз ҳар иқдом ду маротиба андеша намоед. Имрӯз вақти хуб барои варзиш аст: машқҳои сабук ба саломатӣ манфиат меоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД