ТОЛЕЪНОМАИ 6-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2025
859

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз беҳтараш дар муносибатҳои ошиқона мулоим бошед. Агар ихтилофе бо наздикон дошта бошед, бо ҳамдигарфаҳмӣ ва созиш онро ҳал кунед. Ба шахси дӯстдошта диққат диҳед, эҳтимол ӯ дорои сифате бошад, ки шумо онро надоред. Аз оғоз кардани корҳои нав худдорӣ намоед, беҳтараш масъалаҳои пулиро бо эҳтиёт ҳал кунед. Ҳангоми қарорҳои пулӣ шитоб накунед. Барои саломатӣ ҳаракат кунед, варзиш фоида меорад.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз эҳтимоли рух додани шиносоии ошиқона вуҷуд дорад, вале ба шарте ки агар худатон фаъол бошед. Бо хешовандон нофаҳмӣ рух дода метавонад, сабрро аз даст надиҳед. Дар шумо қобилияти роҳбарӣ бедор мешавад. Шом бо душ ё ҳаммом асабҳоро ором созед, то нерӯятон тоза гардад.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Дар ҷодаи муҳаббат тағйироти ҷиддиро интизор нашавед, вале эҳтимоли рашку нофаҳмӣ вуҷуд дорад. Дӯстон барои маслиҳат муроҷиат мекунанд, онҳоро ноумед насозед. Субҳ масъалаҳои қонунӣ ё ҳуҷҷатӣ пеш меоянд, вале то бегоҳ ҳама чиз беҳтар мешавад. Қарз додану гирифтани пул метавонад боиси низоъ гардад. Аз корҳои душвор ва варзиши хатарнок худдорӣ намоед, эҳтимоли ҷароҳат бардоштан вуҷуд дорад.

Саратон (21 июн-22 июл)

Имрӯз ба садои дили худ бовар кунед. Бегоҳ нерӯ ва илҳоматон меафзояд, бо наздикон ва аҳли оила ҳамдигарфаҳмӣ мекунед. Корҳои душвор осон ҳал мешаванд, вале ба роҳбар ақидаи худро маҷбуран бор накунед. Ҳар як дирами худро бо андеша сарф кунед. Барои саломатӣ гимнастика ё йогаи сабук муфид аст.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз зебо ва ҷаззоб ба назар мерасед, вақти хуб барои ҷустуҷӯи бахт аст. Аз баҳсу суҳбатҳои сиёсӣ ё мавзуҳои баҳснок дурӣ ҷӯед. Баъзеҳо метавонанд шуморо асабонӣ кунанд, вале ором бошед, то обрӯятон нарезад. Ҳангоми харид ё имзои шартнома эҳтиёт намоед. Беҳтараш ба ҳаммом ё сауна равед, барои саломатӣ хуб аст, вале аз гармии зиёд парҳез кунед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Имрӯз рӯзест пур аз сюрпризу туҳфаҳои гуворо. Шумо ҷаззобтар аз ҳарвақта ба назар мерасед, аз ин истифода баред! Мушкилиҳои кӯҳна боз пеш меоянд, вале кӯшиш кунед онҳоро тадриҷан ҳал намоед. Корҳои таъҷилиро анҷом диҳед, натиҷааш хуб мешавад. Эҳтимоли хароҷоти ногаҳонӣ ҳаст, вале дар оянда ин ба фоидаатон хоҳад буд. Ғизои сабук бихӯред, аз хӯроки равғанин дурӣ ҷӯед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз эҳсосоти шадид доред ва мехоҳед шомро ошиқона гузаронед. Ба наздикон бештар таваҷҷӯҳ намоед, то худро танҳо эҳсос накунанд. Имкони пайдо кардани кори беҳтар тавассути шиносҳо зиёд аст. Дар бораи пул боақлона фикр кунед, масъулияти шумо нисбат ба дигарон калон аст. Барои саломатӣ рӯзро фаъолона гузаронед: сайругашт, варзиш ё ҳавои тоза фоида меорад.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз шомро танҳо гузарондан хуб аст, бо корҳои хона машғул шавед. Дар давоми рӯз шиносоии нав ва суҳбатҳои гуворо интизор аст. Бисёре аз масъалаҳои душворро имрӯз ҳал кардан мумкин аст. Агар нақшаи нав дошта бошед, бо эҳтиёт амал кунед. Ба қаҳру ғазаб дода нашавед, суханҳои мусбат ва андешаи некатон қувват мебахшад.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Дар ҷодаи муҳаббат ноустуворӣ эҳсос мешавад, вале ин муваққатист. Бо аҳли хона вақти бештар гузаронед, онҳо манбаи шодӣ ва оромии шумоанд. Рӯз барои сафар ба идораҳо ё анҷоми корҳои расмӣ хуб аст. Барои соҳибкорон фурсати хуб барои пардохтани қарзҳо аст. Иммунитет метавонад суст шавад, ба саломатӣ аҳамият диҳед ва маҳс ё истироҳатро фаромӯш накунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Имрӯз шиносоии нав ва ишқбозӣ имкон дорад, ки ба муносибати ҷиддӣ табдил меёбад. Бо фарзандон меҳрубон бошед, дастгирии шумо барои онҳо муҳим аст. Аз фикрҳои фантазиявӣ дурӣ ҷӯед, ҳоло вақти таҷриба нест. Эҳтимол, вазъи молиявиятон беҳтар гардад. Варзиш кунед, вале аз машқҳои вазнин парҳез намоед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Имрӯз эҳтимол тӯҳфаи ошиқона гиред, онро бо табассум қабул кунед. Оиладорҳо бо корҳои хона банд мешаванд, вале вазъи молиявӣ ба зудӣ беҳтар мегардад. Рӯз барои гуфтушунид бо шарикон ё имзои шартномаҳо мувофиқ аст. Аз ноумедӣ наҳаросед, бахт ба зудӣ ба шумо рӯ меорад. Вақти хуб барои тарки одатҳои бад ва оғоз кардани парҳез аст.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз эҳтимоли шиносоии ошиқона вуҷуд дорад. Мушкили хурде бо фарзандон пеш меояд, хештанро омузед ва сабр намоед. Шеф метавонад ба шумо таваҷҷуҳ зоҳир кунад, эҳтимол маош ё вазифаатон баланд шавад. Дар масоили пулӣ баъзе нороҳатиҳо рух медиҳанд, вале муваққатиянд. Ба худ ва наздикон вақти хуш бахшед, истироҳати оилавӣ фоида меорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД