formula
ТОЛЕЪНОМАИ 6-УМИ МАРТИ СОЛИ 2021
3181

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз эҳтимоли фаромӯшхотир шудану ба танбалӣ роҳ доданатон вуҷуд дорад. Бемор шуданатон имконпазир аст. Барои табобат ба мутахассисони ботаҷриба муроҷиат кунед. Табобатро ба таъхир нагузоред, беморӣ худ аз худ рафъ намегардад. Дар ин рӯз бо касе шинос шуданро тавсия намедиҳем.  

Савр (21 апрел-20 май)

Рӯзи бобарор аст, мушкилиҳои молиявӣ бобарор анҷом меёбанд. Сафару саёҳатҳо бобарор мешаванд. Ба мушкилиҳои ночиз диққат додану хавотир шуданро маслиҳат намедиҳем. Либоси нав харидан ва ба назди дандонпизишк рафтанатон хуб нест. Эҳтимоли бо зане муноқиша карданатон вуҷуд дорад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз корҳои хона қувваи зиёдатонро талаб мекунанд. Босабру таҳаммул бошед, зеро мушкилиҳои молиявӣ сар мезананд. Меҳнатдӯстӣ ва иродаи мустаҳкаматон ҳодисаҳои манфии рӯзро кам мекунанд. Хариди ғайринақшавӣ мекунед. Ҳамёнатонро пурра холӣ накунед, вагарна азоби бепулӣ мекашед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз аз сафар кардану робита бо нафарони ношинос худдорӣ намоед. Фориғболӣ нисбати саломатӣ боиси асабхаробӣ мегардад. Дар ҷодаи касбу кор маблағи калони пулиро аз даст медиҳед. Агар нияти бо нафари воломақоме шинос шуданро дошта бошед, ин корро ҳамин рӯз ба анҷом расонед.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз аз натиҷаи кори якҳафтаинаи худ қаноатманд намегардед. Эҳтимол, нақшаву ниятҳоятон оид ба истироҳат амалӣ намешаванд. Бо наздикони худ ошкоро бошед. Дар масъалаҳои пулӣ сарфакор шавед. Банду буғумҳои худро аз ҷароҳат бардоштан эҳтиёт кунед. Хусусан, пойҳоятонро аз латхӯрӣ ҳифз намоед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи мушкил аст. Ба маслиҳату машварати дӯстон, дастгирии нафарони воломақом умед набандед, эҳтимоли фиреб хӯрданатон зиёд аст. Хоҳиши бароҳат сохтани манзили зист боиси сарфи пули зиёд мегардад. Аз ҳад зиёд дил бастан ба ширинӣ боиси фарбеҳ шуданатон мегардад. Парҳезро риоя кунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз бо фикру андешаҳои худ дар танҳоӣ ором будан мехоҳед. Рӯзи хубест барои ба анҷом расонидани корҳои ба таъхирмонда. Хобҳоятон ба зудӣ амалӣ хоҳанд шуд. Дар ин рӯз қобилияти пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро пайдо мекунед, аз ин рӯ, бо амри дил амал карданатон хуб аст.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи душвор аст. Имкониятҳои худро ба назар гирифта, баъдан амал кунед ва аз робитаҳо худдорӣ намоед. Эҳтимоли сарфи беҳудаи пул вуҷуд дорад. Бо сабабҳои номаълум имкони ба даст овардани маблағи хубро аз даст медиҳед. Бегоҳирӯзӣ бо нафаре аз хешовандон ё аъзоёни оила муноқиша имкон дорад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз ӯҳдадориҳои навро ба дӯш нагиред. Корҳои муҳим боиси он мегарданд, ки дӯстдоштаатонро фаромӯш кунед. Даромади пулӣ имкон дорад, вале табъатон худ аз худ тағйир ёфта, эҳтимоли бо дӯстдоштаатон муноқиша карданатон вуҷуд дорад. Бо нафарони ношинос суҳбат накунед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз корҳои худро бо маслиҳат ва миёнаравии дӯстон ба анҷом мерасонед. Эҳтимол, бо ишқи деринаатон вомехӯред. Ба зихнагӣ роҳ надиҳед, вагарна даромади ночиз ба даст меоред. Саломатии худро фаромӯш накунед. Асабонияти пайваста ба саломатиятон зарар мерасонад.

Далв (21 январ-18 феврал)

Аз робита бо нафарони бемор ва ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед. Дар муносибатҳои ошиқона беҳбудӣ дида мешавад, вале хабари ногаҳонӣ боиси он мегардад, ки дӯстдоштаи худро муваққатан фаромӯш кунед. Даромади калони пулӣ эҳтимол дорад, аммо хариди беҳударо маслиҳат намедиҳем.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз таъмири хона, харидани асбобҳои техникӣ ва либоси навро маслиҳат намедиҳем. Аз шамолхӯриву зуком эҳтиёт шавед. Аз робитаи нодаркор худдорӣ намуда, пул қарз нагиред ва бо дӯстон масъалаҳои молиявиро ҳаллу фасл накунед, вагарна ҳама кор бар зарари шумо хоҳад буд.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД