Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Мушкилоти молиявӣ шуморо водор месозад, ки нақшаҳоятонро тағйир диҳед. Имрӯз қабл аз он ки ба муноқишае ҳамроҳ мешавед, нағзакак андеша намоед. Ҳарчанд кумак кардан хоҳед ҳам, баръакс мешавад. Эҳтимоли шамолкашии роҳҳои пешоб вуҷуд дорад.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Эҳтимоли зиёд шудани маош ва бештар гаштани ҳаҷми кор дар назар аст. Қабл аз он ки ба кори наве машғул мешавед, ҷиҳатҳои мусбии онро ба назар гиред. Даромади нави пулӣ дар назар аст. Ба ҳар гуна корҳои майда чуйда аҳамият надиҳед. Саломатиатонро эҳтиёт кунед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Ҳамкорӣ бо шарикони санҷиданашуда ба коратон зарар меоварад. Нисбати наздикон ва аҳли хонавода ҳалиму меҳрубон бошед. Барои сафари корӣ фурсати мувофиқ аст. Дарди дандонро бо табобати хонагӣ рафъ карда намешавад, ба мутахассис муроҷиат намоед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Имрӯз зиёд заҳмат мекашед, вале натиҷааш хотиратонро шод мегардонад. Нимаи дувуми рӯз вохӯрии ногаҳонӣ ва аҷиб дар назар аст. Зиёд ба кор дода шуда, дар бораи азизи дилатон фаромӯш накунед. Саломатиатон давоми рӯз ташвиш намедиҳад.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Имрӯз қарз додан, қарз гирифтан ё нигоҳдории пули дигаронро тавсия намедиҳем. Дар ҳолати ғайр қарздор шуданатон мумкин. Барои ба даст овардани мақсад бояд истодагарӣ намоед. Барои партофтани одатҳои бад фурсати қулай аст. Лоақал ҳар субҳ каме ба обу тоби бадан машғул шавед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Агар имрӯз коратонро ба хубӣ анҷом диҳед, имконияти маблағи пулӣ ба даст оварданатон зиёдтар мешавад. Дар коргоҳ бо касе муноқиша накунед. Фикру андешаҳои мағшушро аз сар дур созед, вагарна ба хастарӯҳӣ гирифтор мешавед. Шом барои вохӯриву мулоқоти ошиқона айни муддаост.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Нисбат ба наздикон меҳрубону бодиққат бошед. Имрӯз онҳо ба кумаки шумо ниёз пайдо мекунанд. Вазъияти молиявиатон мӯътадил аст. Вохӯрии ногаҳонӣ бо ишқи аввалатон дар назар аст. Дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҳамёни худро эҳтиёт кунед. Саломатиатон давоми рӯз хуб аст.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Барои баромадан аз вазъияте, ки ба он гирифтор шудаед, аз кумак ва машварати ҳамсафари ҳаётиатон истифода баред. Нимаи дувуми рӯз эҳтимол даромади хурди пулӣ ба даст оваред. Ба гузашта салавот гӯед, аз ёдоварии он ягон мурод ҳосил намегардад. Ҳангоми убур кардани роҳи мошингард эҳтиёткор бошед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Робитаатонро бо ҳамкорон хуб кунед. Барои харид ва бозорравӣ рӯзи мувофиқ нест. Аз рафтан ба мулоқоти ошиқона худдорӣ намоед, зеро ба гумон аст, ки хуб гузарад. Кӯшиши маҳдуд кардани озодии дӯстдоштаатонро накунед, ки танҳо мемонед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Нимаи аввали рӯз ба сари худ зиёд фишор наоваред, ҳама корҳои асосиро ба нимаи дувуми он гузоред. Барои рафъ кардани хафагӣ байни шумову дӯстдоштаатон на гулу тӯҳфа, балки узрпурсӣ лозим аст. Ба хӯроки худ диққат диҳед, хавфи бемор шуданатон зиёд аст.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Ҳама гуна сафарҳо имрӯз бобарор анҷом меёбанд. Хабаре, ки дар ин рӯз мешунавед, шуморо ба иштибоҳ оварда метавонад, аз ин рӯ, қабл аз амал намудан нағзакак андеша намоед. Сарфи маблағи калонро тавсия намедиҳем. Дар муносибатҳои ошиқонааатон баъзе нофаҳмиҳо рух доданашон мумкин.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Дар ҳалли мушкилоти ошиқона ба садои қалби худ гӯш андозед, ба касе имкон надиҳед, ки ба зиндагии шумо дахолат намояд. Аз хӯрдани хӯрокҳои тунд худдорӣ намоед, вале каме ширинӣ табъатонро болида мегардонад. Шом ҳамроҳи оилаатон якҷо бошед. Саломатиатон охири рӯз каме нохуб мешавад.