Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 6- УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2023
2971

Ҳамал

 

Эҳтимоли сар задани ҷангу ҷанҷолҳои оилавӣ вуҷуд дорад, бинобар ин, кӯшиш намоед, ки бо ягон ҳарфи ноҷо хотири пайвандонатонро наозоред. Дар сари қаҳр гапатон бо ҳамсаратон мегурезад. Аз одамони ношинос эҳтиёт шавед, бадхоҳону душманонро ба зиндагиятон ворид насозед.

 

 

 

Савр

 

Дар ин рӯз саврҳо танҳо истироҳат кардан мехоҳанд, на кори муҳим, на мушкилоти молиявӣ ва на душвориҳои оилавӣ садди роҳи истироҳати бофароғати шумо гашта наметавонанд. Истироҳат албатта хуб аст, вале дар масъалаҳои ҳаётан муҳим бепарвоӣ зоҳир накунед, вагарна пушаймон мешавед. 

 

 

 

Ҷавзо

 

Орзуи бузурге, ки кайҳо боз дар дили худ мепарваридед, ҷомаи амал мепӯшад. Заҳматҳоятон самари хуб меоранд, агар дар ҳама кор бо тамоми қувват кор карда, донишу малакаи худро нишон диҳед. Бо вуҷуди серкорӣ барои аҳли оила вақт ҷудо кунед. 

 

 

 

Саратон

 

Зимни бартараф намудани мушкилоти рӯзгор бо аҳли оила маслиҳат карда, амал намоед. Дар масъалаҳои пулӣ аз калонсолон ё аз шахсоне, ки сарашонро дар ҳисобу китоб сафед кардаанд, маслиҳат пурсед.  Табъатон болида, корҳоятон бобарор, кисаҳоятон пури пул хоҳад гашт. 

 

 

 

Асад

 

Дар ин рӯз тамоми фикру зикри асадҳо танҳо ба мушкилоти оилавӣ банд мешавад. Ҷангу ҷанҷолҳои баҳудаю беҳудаи ҳамсаратон ба дили аз алами бепулӣ ғамбори шумо намак пошида, хотиратонро озурда месозанд. Касеро гунаҳкор накунед, беҳтараш ин давраи душвори зиндагиро оромона паси сар намоед.

 

  

 

Сунбула

 

Бурдборӣ шуморо дар ҳама ҷода пайгир мешавад, ҳам дар касбу кор ва ҳам дар ҳаёти шахсӣ. Барои он ки мурғи бахт аз бағалатон рамида нагурезад, ҳавобаландиву мағрурӣ накунед, тамоми туҳфаҳои тақдирро бо лабханд қабул намуда, бештар кори хайр кунед.   

 

 

 

Мизон

 

То даме ки дар хонаи шумо ҷангу ҷанҷол ҳукмфармо аст ва ҳамсаратон бераҳмона ба торҳои асабатон нохун мезанад, коратон пеш намеравад. Душвор бошад ҳам, тоқат кунед ва бо кадом роҳе, ки набошад, ёри ба ғазаб омадаатонро ором созед. 

 

 

 

Ақраб

 

Мушкилиҳои оилавӣ ва камбудиҳои дигар табъи шуморо мушавваш сохта наметавонанд. Вохӯрии тасодуфӣ бо як одами воломақом дари имкониятҳои нави бурдбориро ба рӯятон боз мекунад. Дар дили нафарони муҷарраде, ки то ин дам аз оиладоршавӣ қимоб буданд, якбора хоҳиши ҳарчи зудтар оила бунёд кардан пайдо мешавад. 

 

 

 

Қавс

 

Қавсҳоро дар ин рӯз вохӯриҳои аҷиб интизоранд. Ба корҳое, ки боиси рехтани обрӯву эътиборатон мегардад, даст назанед. Қавсҳои мошиндор ба кӯмаки устои мошин ниёз пайдо мекунанд. Нафароне, ки нияти ба хонаи нав кӯчиданро доранд, бо дили пур метавонанд манзилашонро иваз кардан гиранд. 

 

 

 

Ҷаддӣ

 

Ҷаддиҳо бо мақсади хариди калон кардан аҳли оилаи худро ба сарфакорӣ маҷбур мекунанд. Дӯсти деринатон қарзи ким-кайҳо гирифтаашро ба шумо баргардонида, хотиратонро шод месозад. Овозаҳои дар атрофи номатон пайдошуда наметавонанд обрӯи шуморо резонанд, агар қадаматонро дониста гузоред.

 

 

 

Далв

 

Дар ин рӯз далвҳо ба оромиву нишот ниёз пайдо мекунанд. Ҳисси танбалиатон боло гирифта, мехоҳед рӯзи дароз дар болои чор қабат кӯрпача бароҳат хобед. Агар нисбати наздикон ва мушкилоти рӯзгор бепарвоӣ зоҳир намоед, на танҳо дучори ҷангу ҷанҷол мегардед, балки пули калонро ҳам сарф карданатон лозим меояд. 

 

 

 

Ҳут

 

Ҳутҳо нақшаи калонеро тарҳрезӣ карда, бо кӯмаки дӯстони содиқашон осону бе ягон мамоният ба мақсад мерасанд. Ташвишу воҳимаи шумо аз назари атрофиёнатон пинҳон намемонад, вале баъди ба муроди дил расидан обрӯву нуфузатон чандин карат зиёд мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Alijon 2023-08-07, 00:55
Салом хамин раками оила даркор манда
Посух
Аличон 2023-08-07, 00:57
Салом МАН мехохам дар газети оила чоп шавам аммо наседонам чи тавр ракамхои оила даркор манда мехохам номахои Ошикона нависамм агар олочаш бошад занг занед фахмонед 901221996
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Alijon 2023-08-07, 00:55
Салом хамин раками оила даркор манда
Посух
Аличон 2023-08-07, 00:57
Салом МАН мехохам дар газети оила чоп шавам аммо наседонам чи тавр ракамхои оила даркор манда мехохам номахои Ошикона нависамм агар олочаш бошад занг занед фахмонед 901221996
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД