arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 5-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2023
3701

 

Ҳамал

Барои ба анҷом расонидани масъалаҳои муҳим, бастани шартномаҳо, шиносоӣ бо нафарони даркорӣ рӯзи мусоид аст. Агар нафаре аз шумо кӯмак пурсад, рад накунед ва нисбати заифиву гумроҳии дигарон босабр бошед. Илова бар ин, хеле эҳтиёткор бошед, дар ин рӯз бо сабаби шитобкорӣ ва беэҳтиётӣ хатари рух додани садама ва бардоштани ҷароҳат зиёд аст.

Савр

То охири рӯз худро бад ҳис карда, аз бемадориву беқувватӣ кореро ба анҷом расонида наметавонед. Тамоми корҳои худро як тараф гузошта, аз пайи беҳтар сохтани вазъи саломатиятон шавед, вақту қувваи худро беҳуда сарф накунед. Аз пурсидани кӯмак аз наздиконатон шарм надоред: дастгирии онҳо шуморо аз ғарқ шудан дар гирдоби мушкилиҳо наҷот медиҳад.

 

Ҷавзо

Ҷавзоҳо дар давоми рӯз бо қувваи ноаёне аз лаҳзаҳои душвортарини ҳаёт берун шуда метавонанд. Диққати атрофиёнро ба худ ҷалб насозед ва тавре рафтор намоед, ки касе аз буданатон дарак наёбад. Танҳо бо ҳамин роҳ бурд мекунед. Имкони бад шудани вазъи саломатиятон вуҷуд дорад.

 

Саратон

Дар ҷойи кору дар ҳаёти шахсӣ росткору самимӣ бошед. Вақти пинҳонкориву гапҳои нотамом нест. Тавре рафтор намоед, ки нафари ба ҷону дил баробаратон ба муҳаббати шумо шакку шубҳа накунад. Барои пешравии корҳоятон барои худ шарикони боэътимоду таҷрибадорро пайдо намоед.

 

Асад

Вазъи саломатиятон нохуб гашта, корҳоятон низ чандон хуб намешаванд. Аз ҷониби дигар саховатмандиву дилкушодии шумо диққати нафарони аҷибро ба шумо ҷалб месозад. Баъзеҳо ба нафарони ниёзманд на танҳо кӯмаки моддӣ, балки маслиҳатҳои судманд медиҳанд.

 

Сунбула

Шуморо рӯзи аҷибу пурмаҳсул дар пеш аст. Аз масъулият доштану истифода бурдани шиносҳо ва ба дигарон таъсир расонидан натарсед, он гоҳ муваффақ мегардед. Нимаи аввали рӯз дар байни шумову ҳамкоронатон нофаҳмӣ рух медиҳад. Бегоҳирӯзӣ имкони вайрон шудани асбобҳои техникӣ зиёд аст.

 

Мизон

Аксари мизонҳо дар ин рӯз худро нороҳату бесарпаноҳ ҳис мекунанд. Ба мушкилиҳои хурд диққат надиҳед, вагарна бо тарсу шакку шубҳаи нодаркор азият мекашед. Дар ин рӯз ба дӯстон қарз доданро маслиҳат намедиҳем, вагарна кор бо ҷангу ҷанҷол хотима меёбад.

 

Ақраб

Нафаре аз миёни дӯстону ҳамкорон ё наздикон дар рафъи мушкилаш аз шумо кӯмак мепурсад, ҳар коре ки аз дастатон меояд, дареғ надоред. Хайрхоҳӣ сарвати бебаҳо аст, қадру қимат надорад. Агар шумо оиладор бошед, муносибатҳоятон бо ҳамсафари ҳаётӣ хеле хуб мегарданд.

 

Қавс

Барои нафароне, ки корашон бо вохӯриву баромад кардан алоқаманд аст, рӯзи хуб аст. Барои хуб нигоҳ доштани вазъи иқтисодӣ бояд заҳмати зиёд кашед. Бегоҳирӯзӣ истироҳат кунеду қуввати худро барқарор созед, вагарна худро ба мисли лимуи ҷабида эҳсос мекунед.

 

Ҷаддӣ

Дар масъалаҳои кориву зимни робита бо атрофиён мушкилӣ сар мезанад. Хушбахтона шумо аз мушкилиҳо намеҳаросед ва омода ҳастед аз пайи рафъ карданаш шавед. Ин хислататон хуб аст, вале дар сари эҳсосот ба ғалат роҳ надиҳед. Ба хотири саломатии худ дар вақту соаташ истироҳат карданро фаромӯш накунед.

 

Далв

Дар ин рӯз аз меҳрубониву муносибати хуби аҳли оилаи худ ҳаловат мебардоред. Мутаассифона на ҳамаи ҳодисаҳои рухдода ба фоидаи шумост. Дар ин рӯз ба ҳуҷҷатҳои муҳим имзо нагузоред. Аз имкон дур нест, ки бадхоҳону рақибонатон аз пушти шумо иғво меангезанд.

 

Ҳут

Қариб тамоми рӯз шуморо лозим меояд, ки мушкилиҳои иқтисодиро ҳал кунед. Шояд вақти ба куллӣ тағйир додани вазъият фаро расидааст? Баъзе ҳутҳоро мушкилоти пулӣ ба идораи суду судбозиҳо мебарад. Илова бар ин, бо сардори корхонаатон муноқиша карданатон дар назар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД