Ҳамал
Дар зиндагиятон чизеро тағйир доданатон лозим меояд. Дӯстдоштаатон бар ивази муҳаббат аз шумо низ муҳаббату ғамхорӣ мехоҳад. Шумо ҳамеша барои ба мақсад расидану хушҳолии худ талош меварзед. Хобҳои дидаатон боиси он мегардад, ки нисбати яке аз дӯстон дар дил шубҳа пайдо мекунед.
Савр
Зодагони мучали савр дар муносибатҳои ошиқона муваффақ мегарданд. Нафароне, ки дӯстдошта доранд, аз ҷониби ёри худ муҳаббату ғамхории бештарро эҳсос мекунанд. Бонувони муҷаррад ошиқи нав пайдо мекунанд. Сири касбу кори худро ба касе накушоед. Нуқтаи назари атрофиёнро дарк карда тавонистанатон боиси пешравии корҳо мегардад.
Ҷавзо
Ба назаратон рӯзи дилгиркунанда менамояд. Ҳам бо корҳои худ машғул мешаведу ҳам мушкили дигаронро ҳал карданатон лозим меояд. Агар шумо фарбеҳ бошед, зудтар хароб шуданатон лозим аст. Ба саломатии дил ва рагҳои хунгарди он диққати хоса зоҳир намоед. Дар муносибатҳои ошиқона ба вазъият нигоҳ карда амал намоед.
Саратон
Дар ин рӯз якбора бо чанд кор машғул шуданатон лозим меояд, ки дар натиҷа табъатон хира мегардад. Бо одамони гуногун забон ёфтанатон осон мешавад. Бо нафароне робитаи дӯстӣ барқарор мекунед, ки пештар тамоман забон ёфта наметавонистед. Дар ин рӯз ба назди машшота ва кошонаи ҳусн рафтанро тавсия намедиҳем.
Асад
Дар ҳама кор истодагарӣ намуда, муваффақ мегардед. Ба қувваи худ такя намоед, ба умеди кумаки шиносҳоятон нашавед. Ҳатто агар нафаре шуморо интиқод намояд ҳам, аз нақшаву ниятҳои худ даст накашед. Нофаҳмиҳои гуногуни оилавӣ имкон дорад, бо дӯстон низ баҳсу мунозира мекунед. Дар ин рӯз хӯроки сабук истеъмол намоеду зиёд ҳаракат ҳам накунед.
Сунбула
Дар ин рӯз мушкиле нест, ки шумо аз уҳдааш баромада натавонед. Нафароне, ки пештар шуморо қадр намекарданд, акнун ғалати худро эҳсос менамоянд. Бо нафароне, ки дар ин рӯз шинос мешавед, бовар накунед. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ бештар об нӯшида, бо варзиш машғул шавед. Аз оташ ва асбобҳои оташангез дурӣ ҷӯед.
Мизон
Дар ин рӯз хабарҳои муфиди зиёде мешунавед. Даромади пулӣ аз ҷое ба даст меояд, ки тамоман интизор набудед. Дарҳол пулро сарф накунед, каме дертар барои кори ҷиддитаре пул бароятон даркор мешавад. Агар нафаре аз шарикони корӣ боиси шакку шубҳаатон гашта бошад, худро аз ӯ дур гиред. Пуртоқатӣ ошиқонро ба мақсад мерасонад.
Ақраб
Рӯзи серташвиш аст. Лаҳзаҳои пуризтироб, нофаҳмиҳои кучак ва хафагиҳо имконпазир аст. Бо ҳар сабаби ночиз ғамгин нашавед, табъи худро болида нигоҳ доред. Имрӯз барои саломатии худ вақт ҷудо карда, узвҳои дарунаи худро ташхис намоед. Хусусан ба саломатии меъда ва ҷигар диққати хоса зоҳир намоед. Муҳаббати худро мисли ҳарвақта аз чашми атрофиён пинҳон кардан мехоҳед.
Қавс
Ҳама кор табъи дили шумо ҷараён нагирад ҳам, шумо аз чӣ гуна сипарӣ шудани рӯз қаноатманд мегардед. Нақшаву ниятҳои нав пайдо карда, дарҳол аз паси амалӣ сохтани ҳадафҳои худ мегардед. Нимаи аввали рӯз бо ҳамкорон забон ёфтан душвор мегардад. Нафарони бе кор барои худ шуғли мувофиқ пайдо мекунанд. Ба эҳсосот дода нашавед, асаби заифи шумо тоби бардоштани чунин фишорро намекунад.
Ҷаддӣ
Рӯзи пур аз ҳодисаву рӯйдод аст. Бе кор нишаста натавониста, аз пайи корҳои душвор мегардед. Нафарони зиёде бо шумо ҳамкорӣ кардан мехоҳанд. Мушкилоти молиявӣ роҳи ҳалли худро меёбанд. Аз ҳад зиёд ба кор машғул шуданатон боиси бад шудани вазъи саломатӣ мегардад. Барои беҳдошти саломатӣ оби бештар нӯшед. Ба ҳеҷ ваҷҳ хӯрокҳои шӯру сернамакро истеъмол накунед.
Далв
Зодагони мучали далв бо атрофиён забон ёфтанашон душвор мегардад. Нофаҳмиву баҳс бо сабабҳои ночиз сар зада, вазъияти фишоровар зиёд мегардад. Агар оромиро риоя кунед, ба бисёр чизҳо ноил мегардед. Серҳаракатӣ ва кори ҷисмонӣ ба саломатиятон фоида меорад. Ҳатман аз назари духтури чашм гузаштанро тавсия медиҳем.
Ҳут
Аввали рӯз бо атрофиён забон ёфтанатон душвор мегардад. Бо вуҷуди зиёд будани кор сари вақт аз уҳдааш мебароед. Барои табобати дандон ва часпонидани дандони сунъӣ рӯзи мувофиқ аст. Барои ба назди машшота рафтану тағйир додани ороиши мӯю рӯй рӯзи мувофиқ аст. Нафарони муҷаррад якбора бо ду нафар ишқварзӣ намуда, дар охир танҳо мемонанд.