Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 5-УМИ МАЙИ СОЛИ 2021
3126

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи душвор аст. Кӯшиши аз зиндагии пурмоҷаро гурехтану кунҷи танҳоӣ ихтиёр карданатон боиси ранҷидани наздикон мегардад. Баъди нисфирӯзӣ дар муносибатҳои ошиқона ё оилавӣ нофаҳмиҳо сар мезананд. Аз чорабиниҳое, ки ба касбу коратон таъсири мусбӣ мерасонанд, дур намонед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Бо сабаби зиёд шудани кор ва вазъи нохуби молиявӣ, ки вақту қувваи зиёдро сарф карданатон лозим меояд, аз ҳоли наздикони худ бехабар мемонед. Саломатии аксари саврҳо дар зери хатар аст. Давоми рӯз аз чораҳои пешгирикунандаи бемориҳо истифода бурда, эҳтимоли бемориҳои музминро кам намоед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи хубест барои хариди калон, бастани ақди никоҳ ва кӯчидан ба манзили нав. Корҳои худро дуруст ба нақша гирифта, аз нобарориҳои рӯз халосӣ меёбед. Аз кӯмаки нафаре истифода бурда, изҳори миннтадорӣ карданро фаромӯш насозед. Нисбати саломатии худ бепарвоӣ зоҳир накунед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Барои робита бо шарикони корӣ, илмомӯзӣ ва оғози кори нав рӯз номусоид аст. Дар ин рӯз аз ваъда додан, суҳбатҳои нодаркор ва кор бо ҳуҷҷатҳо худдорӣ намоед. Имтиҳони тақдирро бо шахси наздик ё нафари дилпуратон паси сар карда метавонед. Ба саломатии худу наздикон диққат диҳед.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ҷодаи касбу кор мувафақ мегардед. Нақшаву ниятҳоятон амалӣ мешаванд. Кӯшиш намоед, ки дар ин рӯз ба нафаре хизмат нарасонед, хусусан, агар аз шумо инро хоҳиш накарда бошанд. Нисбати наздикони худ сабру таҳаммулро пеша намоед. Меҳрубонӣ нисбати атрофиён натиҷаи хуб ба бор меорад.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Барои саломатӣ рӯзи бебарор аст. Хусусан, бонувон бояд хеле боэҳтиёт бошанд, вагарна нерӯи пасти ҷисмонӣ боиси як қатор бемориҳо гашта метавонад. Аз ҳамагуна асабоният ва корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Ба мушкилиҳои хурд диққат надиҳед, бо мурури замон онҳо ҳалли худро меёбанд.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз корҳоеро, ки ба шумо эҳсоси қаноатмандӣ намеоранд, ба таъхир гузоред. Ҳар хабари шунидаатонро нағзакак санҷида, дурустияшро муайян намоед. Агар мавқеи хешовандон, ҳамкорон ё дӯстдоштаатон аз шумо фарқ мекарда бошад, рӯҳафтода нашавед. Аз пурхӯрӣ худдорӣ намоед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз мулоқоти ошиқона ё вохӯриҳои дӯстона дар назар аст. Барои сайру саёҳат, хариду фурӯши хона ва хариди калон рӯзи бобарор аст. Нисбати шиносҳои нав бодиққат бошед. Агар айни замон бо нафаре шинос шавед, ин шахс дар ҳаётатон нақши муҳим мебозад. Даромади иловагӣ дар назар аст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Бо вуҷуди он ки имрӯз нерӯи зиёд доштани худро эҳсос мекунед, аз ҳад зиёд ба хастагӣ роҳ надиҳед. Дар акси ҳол, ба саломатиятон зарари ҷиддӣ мерасад. Аз даромади пулие, ки имрӯз ба даст меоред, шукрона карда, кӯшиши ба даст овардани чизеро, ки бароятон дастнорас аст, накунед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи душвор аст. Ҳамагуна фаъолияти тиҷоратӣ боиси аз даст додани маблағ мегардад. Таваккал кардану муносибати сард нисбати кор садди роҳи ба мақсад расиданатон мегарданд. Сабру таҳаммулро пеша намуда, дар муносибатҳои ошиқона бурд мекунед. Ҳангоми гузаштан аз роҳ эҳтиёт шавед. 

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз робитаҳои пештараатонро, ки бо сабабҳои номаълум канда шуда буданд, аз нав барқарор мекунед ва бо шарофати дӯстони нав мушкилии деринаи худро рафъ месозед. Ӯҳдадориҳои дигаронро ба дӯши худ нагиред, зеро бо ин амал фоидае ба даст намеоред. Барои зебоиву саломатӣ ба варзиш машғул шавед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз аз ғайбат ё муҳокима кардани нафаре худдорӣ намоед, вагарна ҳар гапе, ки мегӯед, бар зидди худатон бармегардад. Айни замон нерӯятон зиёд гашта, ба ҳамагуна душвориҳо тоб меоред. Танҳо дар амалҳои нек ба кӯмаки нафаре умед баста метавонед. Ҳутҳои муҷаррад бахти худро пайдо мекунанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД