Ҳамал (21 март-19 апрел)
Ҳарчанд ки дар атрофи шумо неруи ноустуворе ҳукмфармост, вале ин давра барои шумо пурбаракат аст. Шумо метавонед дар касбу кор ба комёбӣ бирасед, муносибат бо наздиконро мустаҳкам созед. Дар масъалаҳои пулӣ бо маслиҳат амал кунед. Барор ҳамсафари шумост! Ҷасорат нишон диҳед ва ба ҳадафҳои худ бирасед, бахт ёру мадагоратон аст.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз атрофиён ба қадри заҳмату меҳнатҳои шумо мерасанд. Аз изҳори ошкорои дастовардҳо ва саҳми худ дар кор натарсед. Шояд барои коре мукофотпулӣ гиред. Хоксорӣ накунед! Дарҳои бахт барои далерону ҷасурон боз мешаванд. Дар ҳама кор пешсаф бошед. Ҳатто дар масъалаҳои ошиқона сустӣ накунед.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Шумо хеле сабукфикр ҳастед. Баъзан ин ба фоидаи шумост, аммо имрӯз хатари гирифтор шудан ба таъсири шахсони номаълуми шубҳанок ё бар дӯш гирифтани масъулиятҳои зиёдеро доред. Шуморо лозим аст, ки андешаронӣ кунед ва ба ҳолати ногувор дучор нашавед. Ба нафароне, ки ба шумо бовар доранд, гапи дурӯғ нагӯед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз беҳтар аст, ки дар баҳсу низоъҳо иштирок накунед. Муҳокимаи созанда ба амал намеояд, танҳо нерӯи равонии худро беҳуда сарф мекунед. Агар мехоҳед масъалаеро, ки шуморо дар кор ё муносибатҳо нигарон кардааст, равшан созед, аввал онро рӯи коғаз нависед ва сипас бо сари ором ва ҳиссиёти мусбат суҳбатро оғоз намоед.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз рӯзи олӣ барои дар коре миёнаравӣ кардан ва дар табиат гаштугузор кардан аст. Агар ин барои шумо писанд набошад, бо машқҳои ҷисмонӣ машғул шавед ва шомгоҳон ҳатман душ гирифтанро фаромӯш накунед, то ки манфияти рӯзро бишӯед. Беҳтар аст, ки шомро бо оила ё дӯстон гузаронед.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Барои шумо беҳтар аст, ки як дафтари ёддошт харед, зеро нақша ва корҳои зиёд ба саратон бор шудааст. Вале шумо ҳамеша орзуи ҳаёти пуршӯрро доштед, пас, аз он лаззат баред. Дар айни ҳол истироҳатро низ фаромӯш накунед. Дар тӯли рӯз як муддат худро ором созед, то ки нерӯи худро эҳтиёт намуда, онро ба самти дуруст равона кунед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз рӯзи ором ва бехатар аст. Ҳамаи корҳои таъҷилиро ба таъхир гузоред, онҳо интизор мешаванд. Нерӯи худро нигоҳ доред, зеро дар ояндаи наздик ҳолатҳое пайдо мешаванд, ки шуморо маҷбур мекунанд тамоми қувваву нерӯи худро истифода баред. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед ва бештар истироҳат кунед.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз барои анҷоми корҳои бо пул алоқаманд рӯзи хуб аст. Эҳтимол, дӯстон ба шумо кӯмак пешниҳод мекунанд – онро рад накунед, зеро ба зудӣ ба шумо лозим меояд. Ба саломатии худ бо эҳтиёт муносибат намоед, хатари гирифтор шудан ба шамолхӯрӣ вуҷуд дорад, ки метавонад шуморо аз кору зиндагии муқаррарӣ дур созад.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Шукргузор бошед! Рӯзҳои хуб фаро мерасанд, саломатӣ ва оромии шумо таъмин аст. Дар кор ҳама чиз ба нафъи шумо мешавад. Оилаатон саломат хоҳад буд, муносибатҳо бо онҳое, ки пештар нофаҳмие доштед, беҳтар мешаванд. Ин ҳама натиҷаи заҳмати шумост, акнун вақти баҳрамандӣ расидааст.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Шумо аз нерӯи зиёд лабрезед. Ин ҳисси шодмонӣ шуморо пур аз қувваи корӣ месозад. Аз ин ҳолат истифода бурда, корҳое, ки пештар иҷро карда натавонистед, ба анҷом расонед. Дар расидан ба ҳадафҳои худ ҷозиба ва дилрабоии табиии худро низ фаромӯш накунед. Эҳтимолияти хуруҷи бемориҳои музмин вуҷуд дорад.
Далв (20 январ-18 феврал)
Боэҳтиёт бошед! Ихтилофе, ки имрӯз метавонад рух диҳад, метавонад ба ояндаи наздики шумо таъсири бузург расонад. Ба ҷангу ҷанҷол ва низоъҳо ворид нашавед, зеро як муноқиша метавонад силсилаи мушкилиҳои навро ба бор орад. Ин эҳтимолан ба масоили корӣ вобаста аст. Ҳушёр бошед, аммо тарс надошта бошед – шумо аз ин вазъият бо камтарин талафот берун хоҳед омад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Ба муҳити худ диққат диҳед. Шояд барои атрофиён хеле зиёд хоксор ҳастед, ки на ҳама сазовори онанд. Эҳтимол, нафароне ҳастанд, ки дар пушти шумо ғайбат мекунанд. Бояд бодиққат бошед! Имрӯз бо ҳамсари худ низ низоъ накунед, балки мушкилоти худро ошкоро муҳокима кунед, то ки муносибатҳои шумо мустаҳкамтар шаванд.