Arzon march 2024
Толеъномаи 5-уми март
3473

Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз ба муноқишаву низоъ роҳ надиҳед, муносибати хуб бо шарикони корӣ на танҳо боиси пешравӣ, балки болидаруҳӣ мегардад. Рашку рақобат бар зарари худатон мегардад. Нафарони муҷаррад набояд ба шахсе, ки нисбаташ боварӣ надоранд, муҳаббат варзанд. Манбаҳои нави даромадро пайдо карда метавонед.

Савр (21 апрел-22 май)
Дар ҳама кор андозаро нигоҳ доред. Хусусан ҳангоми истифодабарии воситаҳои косметикӣ, инчунин ҳангоми машғул шудан бо варзиш аз ҳад нагузаронед. Зимни муносибат бо ҳайвонот эҳтиёткор бошед. Нафарони муҷаррад бахти худро пайдо месозанд. Дар ин рӯз нақши миёнаравро хеле хуб бозида, робитаҳои кориро вусъат бахшида метавонед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)
Монеаҳоро моҳирона паси сар мекунед, беҳуда ташвиш накашед. Нафаре, ки бо шумо ногап буд, кӯшиши оштӣ шуданро мекунад. Барои ҳодисаҳое, ки миёни шумову дӯстдоштаатон сар мезананд масъулиятро ба даст гирифтанатон лозим меояд. Танҳо дар ҳамин ҳолат аз амалҳои беандеша эмин мемонед. Нафарони муҷаррад бояд аз ҳилаву найранг худдорӣ намоянд. Имкони беҳтар сохтани шароити кориро аз даст надиҳед.

Саратон (22 июн-22 июл)
Ба нофаҳмиҳои оилавӣ роҳ надиҳед. Дар сурати вуҷуд доштани муноқишае эҳтимоли сар задани низоъ зиёд аст. Танҳо бо дурандешиву ботамкинӣ вазъиятро ислоҳ кардан имконпазир мегардад. Ба касе чизе ваъда надиҳед, наранҷонед, ба иззати нафси касе нарасед. Нафарони муҷаррад чӣ будани ишқ аз нигоҳи аввалро эҳсос мекунанд. Эҳтимол муҳаббати зуд пайдошуда ҳамон сон ба зудӣ хомӯш мегардад.

Асад (23 июл-23 август)
Дар ин рӯз аз корҳои вазнини ҷисмонӣ, сафари роҳи дур ва ширкат варзидан дар муноқишаҳо худдорӣ намоед. Ба нафароне, ки ба шумо писанд нестанд, робита накунед. Бо онҳое, ки сиру асрори шуморо фош месозанд, робитаи зич карданро маслиҳат намедиҳем. Нафароне, ки алҳол муҷаррад ҳастанд, аз ишқбозии беҳуда худдорӣ карданашон лозим аст. Вазъияти молиявӣ барои онҳое созгор меояд, ки бо таъмири асбобҳои техникӣ ва таъмири таҷҳизоти сантехникӣ машғул ҳастанд.

Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз аз шиносоиҳои нав ва дарди дилкунӣ худдорӣ намоед. Ба касе чизеро ваъда надиҳед, хусусан дар ҷодаи муҳаббат. Нафарони муҷаррад ба тақдир тан дода, бурд мекунад. Дар масъалаҳои молиявӣ комёбӣ насиби нафароне мегардад, ки бо кори савдо, миёнаравӣ, соҳаи нақлиёт машғул ҳастанд. Барои ташхиси бемориҳо ва оғози табобати рӯзи бобарор аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз сифатҳои мусбии худро истифода бурда тавонистанатон лозим асту сифатҳои манфиро нигоҳ доштанатон беҳтар аст. Аз гуфтори дурушт худдорӣ намоед, вагарна дӯстдоштаи худро меранҷонед. Агар шумо то ҳанӯз бахти худро пайдо накарда бошед, бахтатон наздик аст. Вазъи молиявиятон хеле хуб гашта, барор ҳамсафаратон мегардад. Серкор мешавед, вале ба танбалӣ роҳ надиҳед, фаъол бошед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дағалӣ ва дуруштмуомилагӣ на танҳо боиси ранҷиши атрофиён, балки ба корҳоятон зарар мерасонад. Эҳсоси нобовариро аз худ дур созед. Нисбати шахсе, ки дӯсташ медоред, ба гумонҳои бад ва нобоварӣ роҳ надиҳед. Нафарони муҷаррад тавассути интернет шиносоӣ пайдо мекунанд. Дар масъалаҳои молиявӣ муваффақият насибатон мегардад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз бо дӯстону шарикони корӣ ҳамфикр буданатон лозим аст. Шахси дӯстдоштаатон дар ин рӯз ҳама гуна рафтори шуморо ба дил наздик қабул мекунад. Нафарони муҷаррад яку якбора ба дили чандин нафар роҳ ёфта метавонанд. Ба корҳои дигарон кордор нашавед. Соҳибкороне, ки тиҷорати шахсӣ доранд, каме даромад ба даст меоранд. Муваффақият насиби нафароне мегардад, ки танҳо ба ҳунару маҳорати худ умед мебандад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рӯзи серташвиши аст. Бисёр чизҳоро ба дил наздик қабул мекунед. Имкониятҳои худро ба назар гирифта, баъдан амал наоед, вагарна аз уҳдаи кор баромада наметавонед. Дар баҳсу мунозираҳо, муноқишаву низоъ ширкат варзиданро тавсия намедиҳем, вагарна зарараш ба шумо низ мерасад. Аз муноқишаи начандон калоне, ки бо дӯстдоштаатон рух медиҳад, руҳафтода нашавед. Агар шумо бахти худро пайдо накарда бошед, имконияти хубро аз даст надиҳед.

Далв (21 январ-20 феврал)
Дар ин рӯз муваффақияти шумо муваққатӣ аст. Ба кори муҳиме даст назанед, зеро дар ин шабу рӯз на танҳо одамон, балки вазъият бар зарари шумо хоҳад буд. Бо дӯстдоштаи худ ошкорову самимӣ бошед, танҳо дар ҳамин ҳолат нофаҳмиҳоро рафъ месозед. Бо мақсади ба даст овардани даромади пулӣ таваккал накунед.

Ҳут (21 феврал-20 март)
Барои он ки рӯзатон ором сипарӣ гардад, аз амалҳои хатарнок худдорӣ намоед. Агар шахси дӯстдоштаатон аз пештара камтар нисбататон таваҷҷуҳ намояд, руҳафтода нашавед. Бо вуҷуди серкорияш ӯ шуморо дӯст медорад. Нафарони муҷаррад ба яке аз дӯстони худ ошиқ мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД