Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз эҳтимол атрофиён интихоби шуморо танқид кунанд, вале беҳтараш ба овози дилатон гӯш диҳед. Ҳатто агар ба ҳақ будани мавқеи худ бовар дошта бошед ҳам, андешаи дигаронро низ ба назар гиред. Дар муҳити корӣ аз баҳсу мунозира худдорӣ кунед. Барои шиносоӣ бо одамони соҳибтаҷриба рӯзи мусоид аст. Даромади калон имкон надорад, аммо метавонед барои ояндаи молиявии худ заминаи мустаҳкам гузоред. Аз хастагии зиёд парҳез карда, ба истироҳат аҳамият диҳед.
Савр (21 апрел-21 май)
Дар муносибатҳои ошиқона эҳтимоли нофаҳмиҳои ногаҳонӣ вуҷуд дорад. Аз якрангӣ дурӣ ҷӯед ва барои мулоқоту шиносоии нав омода бошед. Муваффақият бо интихоби дуруст ва робитаҳои судманд ба даст меояд. Барои нигоҳубини саломатӣ рӯзи муносиб аст, метавонед парҳез ё машқҳои ҷисмониро оғоз кунед. Ба нерӯи худ такя карда, корҳои муҳимро бо оромӣ анҷом диҳед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки шитоб накунед. Романтика метавонад ногаҳон ба ҳаётатон ворид шавад. Дар муносибат бо наздикон мулоим бошед, то аз баҳсҳо пешгирӣ кунед. Рӯз серташвиш хоҳад буд ва аз шумо нерӯи зиёд талаб мекунад. Дар ояндаи наздик имкони беҳтар шудани вазъи молиявӣ вуҷуд дорад. Аз мавзуҳои ҳассос дурӣ ҷӯед. Қадамзании ором пеш аз хоб рӯҳияатонро беҳтар мекунад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар муносибатҳои ошиқона баъзе душвориҳо имкон доранд, аммо онҳо ҷиддӣ нестанд. Суҳбати самимӣ метавонад муносибатҳоро беҳтар созад. Дар хона эҳтимоли нофаҳмӣ вуҷуд дорад ва шояд сабаб дар рафтори худи шумо бошад. Ба хароҷот диққат диҳед ва аз харидҳои нолозим худдорӣ кунед. Имрӯз рӯҳияатон хуб хоҳад буд.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз эҳсосоти гарму ошиқона шуморо фаро мегирад. Эҳтимол ба зудӣ бо шахси муҳим шинос шавед. Дар муҳити оила аз баҳсу муноқиша худдорӣ намоед. Барои иваз кардани ҷойи кор вақти муносиб аст, аммо аввал омодагии лозимро бинед. Душвориҳои молиявӣ муваққатӣ хоҳанд буд. Ба саломатӣ аҳамият дода, худро аз хастагии зиёд эҳтиёт кунед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Суҳбати ошкоро бо дӯстдоштаатон муносибатҳоро боз ҳам гармтар мекунад. Дар хона эҳтимоли нофаҳмӣ вуҷуд дорад. Имрӯз беҳтараш корҳои навро оғоз накунед ва пеш аз қабули қарор бо шахси боваринок маслиҳат кунед. Дар масъалаҳои молӣ ба ҳар кас зуд бовар накунед ва бештар ба андешаи худ такя кунед. Машқҳои сабук ва истироҳати фаъол барои саломатӣ хеле муфид хоҳанд буд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз эҳтимоли сафар ё шиносоии ҷолиб вуҷуд дорад. Барои оиладорон хоҳиши навоварӣ пайдо мешавад, аммо нигоҳ доштани ҳамдигарфаҳмӣ муҳим аст. Дар кор худро аз ҳад зиёд хаста накунед. Имкони ба даст овардани даромади ғайриинтизор ё бурди хурд аст. Ба саломатӣ ва тарзи ғизо диққати бештар диҳед ва аз одатҳои зараровар дурӣ ҷӯед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз барои оғоз кардани муносибатҳои нави ошиқона рӯзи бисёр муносиб аст. Агар касе ба шумо писанд бошад, барои суҳбат қадами аввалро гузоред. Дар хона эҳтимоли хастагӣ ё асабоният вуҷуд дорад. Дар кор масъулият зиёд мешавад, аммо натиҷаи хуб низ ба даст меояд. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед. Аз ғизои носолим ва эҳтимоли заҳролудшавӣ худро муҳофизат кунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз имкони муносиб барои оғози муҳаббати нав пайдо мешавад. Дар корҳои хона маслиҳат бо наздикон натиҷаи беҳтар медиҳад. Дар ҷои кор кӯшиш накунед ҳама чизро зери назорати худ гиред, ба ҷараёни табиии кор эътимод кунед. Ба ҳар хабар зуд бовар накунед. Ба ҳолати ҷисмонӣ диққат диҳед ва дар сурати эҳсоси хастагӣ ҳатман истироҳат кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Бо танқиди аз ҳад зиёд муносибатҳои ошиқонаро халалдор насозед. Имрӯз барои мустаҳкам кардани робитаҳои оилавӣ рӯзи хуб аст. Дар муҳити корӣ эҳтимол шахси ҳасуд пайдо шавад. Дар масъалаҳои молиявӣ баҳс имкон дорад. Оромиро нигоҳ доред ва эҳсосоти худро идора кунед. Барои саломатӣ аз ғизои вазнин ва машрубот худдорӣ намоед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Имрӯз муҳаббат ва эҳсосоти ошиқона барои шумо аҳамияти бештар пайдо мекунанд. Шиносоии нав метавонад оғози муносибати хуб бошад. Лаҳзаҳои хушро бо наздиконатон тақсим кунед. Барои расидан ба муваффақият аз зеҳн ва қобилияти таҳлили худ истифода баред. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед ва қарорҳои шитобкорона қабул накунед. Муҳити ором ва ғизои солим ба беҳтар шудани саломатӣ мусоидат мекунад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Аз узр пурсидан натарсед, ин метавонад муносибатҳоро беҳтар кунад. Бо наздикон эҳтимоли нофаҳмӣ вуҷуд дорад, аммо онро бо суҳбати ором ҳал кардан мумкин аст. Ба зудӣ одамони нав ба ҳаётатон ворид мешаванд. Дар кор фаъолу пурнерӯ хоҳед буд. Имкони беҳтар шудани вазъи молиявӣ ҳаст, вале хароҷотро зери назорат нигоҳ доред. Ба иммунитет ва қувваи бадан диққати махсус диҳед.