Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 5-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2021
3476

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Аз кори якрангу бемаънӣ ҷонбезор мегардед. Аз интихоби кардаи худ пушаймон нашавед. Аз ҷониби нафаре, ки дар як ҷо кор мекардед, пешниҳодҳои ҷолиб мегиред. Барои нафароне, ки тиҷорати худро оғоз кардан мехоҳанд, рӯзи мусоид аст. Ҳамалҳои муҷаррадро вохӯрии тақдирсоз интизор аст.  

Савр (21 апрел-20 май)

Аввали рӯз ҳодисаҳои ҷиддии ногаҳонӣ ва туҳмату буҳтон имкон дорад. Аз гуфтори дағалу садо баланд кардан худдорӣ намоед. Худро ба даст гирифта, ба муноқишаву низоъ ҳамроҳ нагардед. Саврҳои муҷаррад барои пайдо намудани муҳаббати худ бояд фаъолтар бошанд. Дар маъракаҳои серодам ширкат наварзед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз таваккал кардану ба воҳима афтидан ва барои худ мушкилӣ эҷод карданро маслиҳат намедиҳем. Агар бо кори майда-чӯйда машғул шуданӣ бошед, ба кори дигар худро ҷалб насозед. Муҳаббати деринтизор ҷавзоҳои танҳоро шод мегардонад. Бегоҳирӯзӣ бо сабаби сафар маблағ сарф мекунед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ҳаёти шахсиятон тағйиротҳои куллӣ имкон доранд. Хуб ё бад будани он аз худи шумо вобастагӣ дорад. Нафаре дар зиндагиятон пайдо мешавад, ки сахт дил мебандед. Дар ин рӯз имкони мустаҳкам сохтани вазъи молиявиатон вуҷуд дорад. Ба коре, ки боиси аз даст додани дӯстатон мегардад, роҳ надиҳед.  

Асад (23 июл-22 август)

Агар аз ҳад зиёд бадқаҳру якрав шавед, бекасу танҳо мемонед. Ба баҳсу муноқиша роҳ надиҳед, хусусан, агар ба мазмуни баҳс сарфаҳм намерафта бошед. Ҳангоми сафар вохӯрии тақдирсоз имкон дорад. Шиносоӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ ё маркази савдо рух медиҳад. Бегоҳирӯзӣ хабари хуш мешунавед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Барои саломатӣ рӯзи номусоид аст. Хастагиву бемадорӣ эҳсос карда, масунияти баданатон суст мегардад. Аз фиреб хӯрдану ваъдаҳои хушку холӣ, нофаҳмӣ дар оила эҳтиёт шавед. Барои сунбулаҳое, ки бо санъат ва эҷод машғуланд, рӯзи хуб аст. Нафарони бо тиҷорат машғул бояд шарикони дилпур пайдо намоянд.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Барои ба даст овардани дили шахси бароятон маҳбуб ҷасуртару боисрор бошед. Меҳру муҳаббати худро нишон дода, туҳфаи хотирмон тақдим намоед. Нафароне, ки аз аллергия азият мекашанд, дар ин рӯзҳо аз заифию оби чашм шикоят мекунанд. Сафарҳо, таъмири хона ё сохтмон бобарор анҷом меёбад.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ба хӯроки худ диққат диҳед. Хатари бемор шудани узвҳои ҳазмкунанда зиёд аст. Ба маъракае даъватӣ мегардед, ки сифатҳои беҳтарини худро нишон додан муяссаратон мегардад. Нимаи дуюми рӯз саргардониҳои зиёди бо шахси наздикатон алоқаманд пеш меояд. Ба хотири дӯстдоштаатон каме маблағ сарф мекунед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Шарикони нави корӣ пайдо карда, солиёни зиёд ҳамкорӣ мекунед. Агар ба маслиҳати дӯстон гӯш надиҳед, муносибатҳои ошиқонаатон беҳтар мегарданд. Дар масъалаҳои молиявӣ камтарин ғалат боиси муфлисшавиятон мегардад. Бегоҳирӯзӣ ба мағоза рафта, табъи дили худ харид карданатон имконпазир мегардад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Барои эҷодкорон ва сохтмончиён рӯзи мусоид аст. Бонувони муҷаррад ҳангоми бо марде шинос шудан бояд эҳтиёткор бошанд, хатари фиреб хӯрдану дилмондагӣ вуҷуд дорад. Мардҳо нисбати наздикон меҳрубонтар буданашон лозим аст. Дар масъалаҳои молиявӣ бо маслиҳату дастгирии дӯстон амал намоед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз мушкили ҷиддие ба саратон намеояд, вале табъатон хира мегардад. Шумо нияти хариди калон карданро доштед, вале маблағатон хеле кам аст. Диққати худро ба кори дигар ҷалб намоед, вале аз сафару вохӯриҳо худдорӣ намоед. Бегоҳирӯзӣ худро нотоб ҳис мекунед. Ба хобҳои дидаатон диққат надиҳед.  

 

Ҳут (19 феврал-20 март)

Қисми аввали рӯз нақшаҳоятон яку якбора тағйир ёфта, ташвишатон зиёд мегардад. Фаъолияти эҷодкорон, сафарҳо, таъмир ё кори сохтмон бобарор анҷом меёбад. Баъди нисфирӯзӣ яке аз наздиконатон бемор шуда, барои табобаташ маблағи зиёд сарф мекунед. Шом бо нафаре вомехӯред, ки дар оташи ишқаш месӯхтед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД