Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 5-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2022
2929

Ҳамал

Дар ин рӯз аз робита бо сардор дурӣ ҷӯед. Агар роҳбарият шуморо ба суҳбати рӯ ба рӯ даъват кунад, ягон баҳона пайдо намуда, суҳбатро ба таъхир гузоред. Аз ҳад зиёд саросема нашавед, вагарна кореро ба сомон расонида наметавонед. Нобарориҳои молиявиро оромона қабул кунед, ин муваққатӣ ва ҳалшаванда аст.

 Савр

Дар ин рӯз тамоми фикру зикри худро барои ба даст овардани маблаѓ равона месозед. Бо андешаи пулкоркунӣ ва сарватманд шудан рӯз ноаён мегузард. Мутаассифона имкони ба мақсад расиданро пайдо кардан душвор мегардад. Нафарони пиронсол аз баланд шудани фишори хун азият мекашанд.

 Ҷавзо

Дар ин рӯз дар корҳоятон тартиботу низомро ҷорӣ намоед. Ба касе пул қарз надиҳед. Ба коре, ки боиси сарф шудани маблаѓи шумо мегардад, даст назанед. Дар харидорӣ намудани чизҳои дилхоҳ ва хӯрок андозаро нигоҳ доред. Бо сабабҳои ночиз асабонӣ нашуда, саломатиро эҳтиёт кунед.

 Саратон

Ба ҳодисаҳое, ки дар ҳаётатон рух медиҳад, бо табъи хуш назар намоед. Яку якбора кӯшиши ҳама корро ба анҷом расониданро накунед, вагарна ҳам обрӯ ва ҳам саломатиро аз даст медиҳед. Агар рафтори дӯстдоштаатон боиси рашки шумо мегашта бошад, зудтар шубҳаву гумонатонро дар рӯяш гуфта, вазъиятро рафъ намоед.

 Асад

Тамоми ҳодисаҳои рӯз боиси норозигӣ ва дилмондагии шумо мегардад. Муҳим он аст, ки дар сари қаҳр шахси бароятон азизро наранҷонед.

Агар маблаѓи кофӣ дошта бошед, барои муваффақ шудан дар соҳаи тиҷорат бо дили пур амал намуда дудилагӣ накунед.

 Сунбула

Агар нафареро бо манфиатҳои шахсӣ дӯст медошта бошед, рӯзҳои наздик худатон низ ба доми чунин нафар меафтед. Муҳаббат бояд самимӣ бошад ва бо атрофиён ошкоро бошед. Барои аз ҳолатҳои садамавӣ эмин мондан ба сафар набароед. Барои ба бозор рафтан рӯзи бобарор аст.

 Мизон

Дар ин рӯз ба ҷустуҷӯи шахси идеалӣ набароед, вагарна касеро дар атроф пай намебаред. Такаббуру ҳавобаландиятонро ҳамкорон ҳамчун хоҳиши аз ҳамкорӣ гурехтани шумо қабул мекунанд. Аз маъракаҳои серодам дурӣ ҷӯед. Аз муносибатҳои ошиқона худдорӣ намуда, ба ҳарфҳои холӣ бовар накунед.

 Ақраб

Рӯзи бобарор аст, табъатон болидаву хотиратон ҷамъ аст. Дар корҳои шахсӣ ва сарфи пул ба садои қалби худ гӯш андохта, бурд мекунед. Муҳимаш ба рафторе, ки боиси пушаймониятон мегардад, даст назанед. Дар ин рӯз харидани либос ва ҷавоҳирот тавсия дода намешавад.

 Қавс

Дар ин рӯз ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки чандон табъи дили шумо набуда, боиси ба ѓазаб омаданатон мегардад. Агар мошин меронда бошед, хатари қоидаро вайрон карданатон вуҷуд дорад. Мушкилиҳои пулиро бояд фавран ба анҷом расонед. Баъди нисфирӯзӣ бо нафаре вомехӯред, ки табъатонро хира месозад.

 Ҷаддӣ

Дар ин рӯз ба саломатии худ бодиққат бошед. Эҳтимоли яку якбора баланд шудани фишори хун, дарди сар ва камқувватӣ вуҷуд дорад. Бо худтабобаткунӣ машѓул нашавед, ба беморхона равед. Ѓами мушкилиҳои рӯзгорро зиёд нахӯред, инчунин муносибатро бо наздикон хуб гардонед.

 Далв

Дар ин рӯз мушкиливу нохушиҳои зиёде ба саратон фурӯ мерезад. Эҳтимол аст, ки шумо воҳима карда, аз пашша фил месозед. Дастгирии шахси бароятон наздик лозим мегардад, то ки ба ҳолати яъсу ноумедӣ гирифтор нагардед. Бо сабаби худро нотоб ҳис карданатон асабиву нозук мегардед.

 Ҳут

Рӯзи хубест барои вохӯриҳои ошиқона ва бастани ақди никоҳ. Вале ин маънои онро надорад, ки аз муваффақият сари калобаи худро гум кунед, хусусан агар гап сари маблаѓи пулӣ мерафта бошад. Имкони пули зиёд сарф кардану ба ѓалатҳои зиёде роҳ доданатон зиёд аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД