Ҳамал
Нафарони соҳибвазифаву баландмартаба дар корҳои оғознамудаи шумо таъсири худро мегузоранд. Кӯшиши шуҳратпарастиятон бенатиҷа намемонад, ниятҳоятон амалӣ мешаванд. Ягона чизе, ки табъатонро хира месозад, ин вазъи саломатӣ аст.
Савр
Дар ин рӯз гардишҳои ногаҳонии қисмат ва нобарориҳоро пешгирӣ карда наметавонед. Нофаҳмиҳои гуногун, хатогӣ ва ранҷишҳои ошиқона имкон доранд. Нисбати наздикони худ ҳамчун молик рафтор накунед.
Ҷавзо
Рӯзи хубест барои ба эътидол овардани муносибатҳои корӣ бо сардор, ҳамкорон ва мизоҷон. Дар ин рӯз хеле ҷаззобу қобилияти кориятон дучанд мегардад. Агар нағзакак андеша намуда, сари қарори дуруст омода тавонед, даромади хуб ба даст меоред.
Саратон
Дар ин рӯз ба садои қалби худ гӯш дода, фиреб намехӯред. Барои ба даст овардани фоида ё расидан ба мансаб имкони муносиб фароҳам меояд. Агар бо ақли сар неву бо амри дил амал кунед, бурд менамоед. Дарди миёнро бо худтабобаткунӣ бартараф карда наметавонед.
Асад
Дар ин рӯз зиракиву ҳушёриро аз даст медиҳед. Дар гуфтор хеле дағал мегардед. Фаромӯш насозед, ки дағалии шумо ба иззати нафси дигарон сахт мерасад. Худро ба даст гиред, вагарна тамоми рӯзро бо муноқишаҳои бемаъниву беохир мегузаронед.
Сунбула
Корҳоеро, ки то имрӯз ба таъхир мегузоштед, дар ҳамин рӯз амалӣ намоед. Аз дағаливу бераҳмӣ худдорӣ намоед, вагарна бо атрофиён низоъ карданатон эҳтимол дорад. Агар нафареро сахт ранҷонидан нахоҳед, худро ба даст гиред.
Мизон
Дар ин рӯз барои тағйир додани вазъият ё беҳтар сохтани он коре карда наметавонед. Беҳтараш ба тақдир тан диҳед, вагарна тамоми рӯзро бо асабоният мегузаронед. Агар асабатонро ором карда тавонед, мушкилоти пулиро рафъ месозед.
Ақраб
Ба ақли солим такя намуда, ба эҳсосот дода нашавед. Рӯз барои мулоқотҳои ошиқона созгор нест, вале барои гузоштани қадамҳои ҷиддӣ мусоидат мекунад. Бегоҳирӯзи пешниҳоди хуб мегиред. Барои ташхис ва табобати бемориҳо рӯзи мусоид аст.
Қавс
Рӯзи пур аз баҳсу мунозира аст. Ҳама гапу корро бо назари танқид қабул накунед, касе нияти таҳқир кардани шуморо надорад. Агар тамоми рӯзро бо муноқиша гузаронидан нахоҳед, аз мавзуъҳои баҳсӣ дурӣ ҷӯед.
Ҷаддӣ
Имрӯз роҳҳои бо осонӣ беҳтар сохтани вазъи молиявии худро пайдо месозед. Нақшаҳоятон дарҳол амалӣ мегарданд, вале ин воситаҳоро фаромӯш насозед. Замоне фаро мерасад, ки бо истифода аз он маблағи хуб меёбед.
Далв
Барои нафароне, ки тахаюлоти бойи эҷодӣ доранд, рӯзи пур аз шодиву нишот аст. Бегоҳирӯзӣ ба хонаатон меҳмоне меояд, ки аз дидораш беҳад хушҳол мегардед. Аз истеъмоли нӯшокиҳои газнок ва сард худдорӣ намоед.
Ҳут
Дар ин рӯз хариди калон мекунед, баъзеҳо маблағи зиёдро аз даст медиҳанд. Агар ба дастгирӣ низ дошта бошед, яке аз хешовандонатон ба кӯмаки шумо мешитобад. Дағалгуфторӣ сабабгори ранҷиши ёратон мегардад.