Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 4-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2021
3579

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Ситораҳо ба Шумо истироҳат карданро маслиҳат медиҳанд. Вақти зиёди худро ба истироҳат сарф кунед, нисбат ва вазифаҳои дар дӯшатон буда низ бепарво набошед. Ба эҳсосатон гӯш диҳед. Нақшаҳоятонро хубаш субҳ тарҳрезӣ кунед. Ба падару модарон тавсия дода мешавад, ки ба фарзандонашон таваҷҷӯҳи хоса диҳанд.

Савр (21 апрел-20 май)

Одамони бурҷи савр имрӯз ба корҳои хона ва тайёр кардани ҷои истироҳат машғул мешаванд. Озодиатонро чизе маҳдуд хоҳад кард, мисли дигар рӯзҳо наметавонед озодона тасмим бигиред. Падару модарон ба мушкилоти пешомадаи фарзандонашон сарсон шуда чӣ гуна гузаронидани рӯзро пайхас нахоҳанд кард. Шуморо сюрприз интизор аст.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз барои Шумо ҷолиб мегузарад, аммо оғози рӯз ба Шумо писанд нахоҳад шуд. Вазъияте ба вуҷуд меояд, ки Шуморо маҷур месозад нақшаҳои қаблан кашидаатонро дигар кунед. Субҳ фавран бояд якчанд масъалаҳоро ҳал кунед. Эҳтимол аст бо дӯстонатон муноқиша намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз яке аз вазифаҳои асосии Шумо ҷустани сарчашмаи нерӯ, илҳоми эҷодӣ ва кӯшиши ба даст овардани маблағ мебошад. Дар нақшаатон бозорӣ кардан пайдо хоҳад шуд. Ситораҳо огоҳӣ доранд, ки имрӯз Шуморо воқеаҳои ногаҳонӣ, азҷумла ҳавасмандкунӣ аз ҷои кор интизор аст.

Асад (23 июл-22 август)

Рӯзҳои истироҳатӣ барои Шумо ҷолиб ва фараҳбор хоҳанд шуд. Истироҳати хуб натанҳо аз вазъият балки аз худи Шумо вобаста аст. Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки қабл аз истироҳат нақшаи рӯзи пурраро кашед, чунки занги ногаҳонӣ метавонад истироҳати Шуморо халалдор созад. Барои баромадан аз дилхоҳ вазъият тайёрӣ бинед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз набояд Шумо аз субҳи содиқ ба дӯстонатон занг зада онҳоро нороҳат кунед. Аввали рӯзро дар танҳоӣ гузаронед. Ба корҳои хона машғул шавед ва асабҳоятонро ором кунед. Ба намуди зоҳирии худ аҳамият диҳед. Сунбулаҳои мардро мебояд мӯйҳои худро ба тартиб дароранд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Аввали рӯз ба Шумо писанд нахоҳад шуд. Барои ҳалли мушкилиҳои нав Шуморо мебояд нақшаҳои чандрӯзаатонроо иваз кунед. Шумо қобилияти хуби ҳалли мушкилот ва баромадан аз вазъиятҳои душворро доред. Шумо доим табъи болидаатонро нигоҳ медоред ва ин ба одамони гирду атроф хеле писанд аст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Тамоми қувваи худро имрӯз ҷамъ кунед чунки масъалае пеш меояд, ки худатон танҳо ҳал карда наметавонед. Кӯмаки пешниҳодкардаи дӯстонатонро не нагӯед. Ақрабҳоро мебояд аз дилхоҳ вазъияти эҳсосотӣ дур бошанд. Имрӯз Шумо аз дигар рӯзҳо нозуктар ҳастед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз барои қавсҳо рӯзи пурташвиш хоҳад буд, аммо рӯҳафтода нашавед, чунки нақшаҳои деринтизоратонро маҳз ҳамин рӯз амалӣ карда метавонед. Танҳо кӯшиш кунед имкониятҳои дар ин рӯз доштаатонро ба корҳои беҳуда иваз накунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз дар назари Шумо чунин метобад, ки ҳама бо асабҳои Шумо бозӣ доранд, аммо чунин нест. Имрӯз ҳамаи одамони гирду атроф ба корҳои худ банд ҳастанд, танҳо Шуморо мебояд зиёдтар асабӣ нашавед. Ситораҳо то нисфирӯзи кор карданро тавсия медиҳанд.

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз Шумо аз ӯҳдаи идораи эҳсосатон баромада наметавонед. Дилхоҳ сухани одӣ метавонад Шумор ба ханда орад, ё гирёнад. Бинобар ҳамин имрӯз аз одамҳое ки хушатон намеояд дурӣ ҷустанро ситораҳо тавсия медиҳанд. Ҳангоми ба ғазаб омадан худро ба даст гирифта тасмимҳои нодуруст нагиред.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Мушкилие пеш меояд, ки аз ӯҳдааш ба хубӣ мебароед. Дӯсти наздикатон қарз мепурсад агар рад кунед сахт меранҷад. Имрӯз аз шӯхиҳои одамони наздикатон хафа нашавед ва чеҳраатонро гарм нигоҳ доред. Дилхоҳ хунукназарӣ метавонад онҳоро ранҷонад. Рӯзатонро дар ҳалқаи дӯстон сипарӣ кунед.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД