Soranus
ТОЛЕЪНОМАИ 4-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2024
2568

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Баъзе мушкилиҳое, ки қаблан ба анҷом нарасонида будед, имрӯз аз худ дарак медиҳанд. Бар замми ин, чанд мушкили дигар пайдо мешавад. Нақшаву ниятҳои худро ба касе нагӯед, касе шуморо дастгирӣ намекунад. Тағйироти мусбат дар вазъи молиявиатон дида мешаванд, вале барои хароҷоти ногаҳонӣ тамоми пулатонро сарф мекунед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз аз пешниҳоди хуби корӣ рӯ нагардонед, фикр накарда, розӣ шавед. Яку якбора ба даст овардани маблағи калонро умедвор нашавед, эҳтимол коратон тӯл мекашад, вале аз маблағи ба дастоварда қаноатманд мегардед. Хабари бад шудани вазъи саломатии дӯст ё ҳамкор ғамгинатон месозад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Рӯзи хубест барои оштӣ шудану аз нав барқарор сохтани риштаҳои дӯстӣ. Дар ҳама кор боҷуръат бошед. Имкони нишон додани ҳунару истеъдод ва кордониятон пеш меояд. Аз баҳсҳои нодаркориву бемаънӣ худдорӣ намоед. Пули хуб ба даст намеоред, вале чанд роҳи даромадро пайдо мекунед. Ба саломатӣ диққати хоса зоҳир намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз нақшаҳои пешина ва корҳоятон, ки натиҷаашро интизор будед, ба анҷом мерасанд. Заҳматписандии шуморо қадр мекунанд, вале аз бурдбориҳои худ лоф назанед, вагарна чашми бад расида дучори монеаҳо мегардед. Имрӯз аз гуфтори беҳуда низ худдорӣ намоед, вагарна гапи гуфтаатон бар зарари худатон мегардад.

Асад (23 июл-23 август)

Ба назаратон чунин менамояд, ки мурғи бахтро ба даст овардаед. Дар асл бурдборӣ ҳар лаҳза метавонад шуморо тарк созад. Дар ин рӯз аз сарф кардани пул худдорӣ намоед. Он маблағе, ки ба даст меоред, барои шахси бароятон наздик сарф мекунед. Ғурур ва каме танбалӣ имкон намедиҳад, ки ҳунару маҳорати худро нишон диҳед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз имкони нишон додани ҳунару истеъдоди худро пайдо мекунед. Ҳангоми сари қароре омадан хеле эҳтиёткор бошед. Барои ба анҷом расонидани коре, ки нав оғоз кардаед, қувваи худро ба эътибор гиред. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли каме нотоб гаштанатон вуҷуд дорад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз аз шумо дурандешӣ ва рафтори оқилона талаб карда мешавад. Ҳангоми суҳбат бо атрофиён ба баҳсу мунозира ва садо баланд кардан роҳ надиҳед. Беморие, ки дар ин рӯз сар мезанад, табобаташ душвор ва дурудароз мешавад. Барои шод сохтани хотири дӯстдоштаатон меҳрубонӣ карданатон хуб аст, вале аз ҳад гузарониданро маслиҳат намедиҳем.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Мушкилиҳои дар ин рӯз пайдошуда ва сарфи пул боиси он мегардад, ки сафари деринтизоро ба таъхир гузоред. Меҳру муҳаббататон нисбати шахси дӯстдошта зиёд гашта, дар корҳои дигар низ барои ба мақсад расидан кӯмак мерасонад. Барои харидани либос ва ҷавоҳирот рӯзи мусоид аст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз на танҳо асабҳои шумо, балки аз атрофиёнатон низ хароб мегардад. Каме оташ кифоя аст, ки сӯхтори калон ба вуқӯъ биёяд. Аз вазъиятҳои хатарнок ва таваккал кардан худдорӣ намоед, пулҳои худро сарф накунед. Аз нафарони руҳан бемор эҳтиёт шуданатон лозим аст. Асабоният ё ғазаби худро идора карда натавонистан боиси бад гаштани вазъи саломатиятон мегардад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз бо якравию фишор кореро ба сомон расонида наметавонед. Танҳо бо дилёбӣ ва хушгуфторӣ мушкилиҳоро ҳал кардан муяссаратон мегардад. Тамоман қаҳру ғазаби худро нишон надиҳед. Нафаре пешниҳоди каме сарватманд шуданро мекунад. Сарчашмаҳои нави даромадро пайдо мекунед. Баъди нисфирӯзӣ бо дӯстони дерин вомехӯред.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз худро аз ҳад зиёд хаста насозед. Нақшаҳои ҷиддӣ низ накашед, зеро қуввататон намерасад ва саломатиятон низ имкон намедиҳад, ки бо кори заҳматталаб машғул шавед. Дар ин рӯз хатари хурӯҷ намудани бемориҳои музмин вуҷуд дорад. Баъди нисфирӯзӣ вазъи молиявиатон беҳтар мегардад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ҳалли масъалаҳои пулӣ эҳтиёткор бошед. Имрӯз ва рӯзҳои наздик бо пули бегонагон сару кор нагиред. Корҳои муҳимро ба анҷом расонида, ба баҳс бо наздиконатон нуқта гузоред. Баъзе ҳутҳо изҳори муҳаббат мешунаванд, қисми дигар азоби ҳиҷрон мекашанд. Гурусна гаштан ба саломатиятон таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД