Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз агар имкони хуби пулкоркуниро аз даст диҳед, баъдан пушаймон мешавед. Аз мулоқот ва саргузаштҳои ошиқона худдорӣ намоед, дар ин рӯз ишқбозӣ бароятон барор намеорад, бар замми ин боиси асабхаробӣ ва аз даст додани маблағи калон мегардад. Бегоҳирӯзӣ ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Дар ин рӯз ба садои қалби худ гӯш андохта, хато намекунед. Дар ҳаёти шахсӣ каме монеаҳо пеш меоянд, оромона то беҳтар шудани вазъият интизор шавед. Айни замон асабӣ шудан ба шумо зарар дорад, беҳтараш истироҳат кунеду ғами саломатии худро хӯред.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Рӯзи беҳтаринест барои нафароне, ки бо сомонаву шабакаҳои интернетӣ сару кор доранд. Тиҷорати шахсӣ барор намеорад, аз ин рӯ, ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Ҷавзоҳои коргар набояд муносибати худро бо ҳамкорон вайрон созанд. Муносибати хуб гарави пешравиҳоятон мегардад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Баъзе зодагони мучали саратон дар ин рӯз бо фиребу хиёнат рӯ ба рӯ мегарданд. Беҳуда сабабҳои чунин рафтор кардани инсони бароятон наздикро наҷӯед, беҳтараш гуноҳашро бубахшед. Пайваста дар бораи пул фикр карда, худро бо кори вазнин маҷақ накунед. Рӯзи хубест барои муносибатҳои ошиқона.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Тамоми мушкилиҳоро рӯзона рафъ намоед, то ки бегоҳирӯзӣ чизе хотиратонро мушавваш нагардонад. Нофаҳмии бо ошиқатон рухдодаро бо кӯмаки дӯсти наздикатон рафъ месозед. Ба саломатиятон хатаре таҳдид намекунад, вале ин маънои онро надорад, ки бепарво бошед. Аз истеъмоли нӯшокиҳои сарду газнок худдорӣ намоед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Рӯзи хубест барои истироҳат ва муносибатҳои ошиқона. Дар давоми рӯз аз хеши дуратон хабари нохуш мешунавед. То бегоҳирӯзӣ ба касе пул надиҳед. Дарди миёнатон бо сабаби шамол хӯрданатон аст, рӯзҳои наздик аз пайи ташхис ва табобат шавед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Барои нафароне, ки корашон бо таблиғот, савдо ва тиҷорати хусусӣ алоқамандӣ дорад, рӯзи бобарор аст. Барор ва даромади пулӣ то бегоҳирӯзӣ ҳамсафари шумо мегардад. Мизонҳои муҷаррад дар ин рӯз бо нафаре шинос мешаванд, ки бо як нигоҳ ошиқ гашта, дар фикри оиладоршавӣ мегарданд.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Дар ин рӯз имкони фиреб хӯрданатон зиёд аст, аз пешниҳодҳои дилфиребе, ки танҳо зарар меоранд, худдорӣ намоед. Дар ҳаёти шахсӣ ягон ҳодисаи хатарнок дида намешавад. Барои рафъи камқувватӣ хӯроки серғизо истеъмол кунед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Рӯзи серташвишу пур аз рӯйдод аст. Имкони ба сафари роҳи дур баромадану мукофотпулӣ гирифтанатон зиёд аст. Баъди нисфирӯзӣ аз миёни атрофиён кӣ будани душманонатонро пайдо мекунед. Саломатиятон дар ин рӯз хеле хуб аст.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Муносибати худро бо дӯстону наздикон вайрон нагардонед. Ошиқ буданатонро ба атрофиён нишон надиҳед, вагарна мавриди мазоқу масхара қарор мегиред. Рафту дӯсти наздикатон тиҷорати якҷоя пешниҳод намояд, рад накунед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Дар ин рӯз чораҳои беҳдошти саломатӣ ва ҷарроҳиҳои тиббӣ бобарор анҷом меёбанд. Аз ин рӯ, агар беморие дошта бошед, ба духтур муроҷиат кунед. Нақшаву ниятҳои худро ба касе нагӯед, бо нафарони бароятон ношинос дарди дил накунед. Хатари фиреб хӯрданатон зиёд аст.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Дар ин рӯз бо касе муноқиша кардану баҳс карданро маслиҳат намедиҳем. Барои аз даст надодани обрӯву нуфузатон хушгуфтор бошед. Вазъи молиявиатон муътадил аст, вале сарфа карданатон хуб аст. Дар саломатиятон каме иллат пайдо мешавад, баробари худро бад ҳис карданатон ба табиб муроҷиат кунед.