Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 4-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2021
3496

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз вазъи саломатиятон хеле хуб мегардад. Аз ҳад зиёд нармгуфтору сустирода нашавед, вагарна обрӯятон мерезад. Имкони беҳтар сохтани ҳаёти шахсиятон вуҷуд дорад. Қабл аз он ки бо нафаре шинос мешавед, ақли солимро ба кор баред, хатари ба доми фиреб афтиданатон зиёд аст.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз орзуи наҷибтаринатон ҷомаи амал мепӯшад. Қобилияти ташкилотчигии худро нишон дода, бурд мекунед. Ҳатто он ҳамкороне, ки ба шумо бовар надоштанд, аз навовариҳоятон каф мекӯбанд. Барои мулоқотҳои ошиқона рӯзи хуб нест, вале ин маънои онро надорад, ки дӯстдоштаи худро мадди назар намоед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи хубест барои меҳнат кардану пул ба даст овардан. Шиносоии нав ё хабаре мешунавед, ки ҳаёти шуморо куллан тағйир медиҳад. Сафару вохӯриҳо ва корҳое, ки фаъолияти кории шуморо васеъ месозанд, натиҷаҳои хуб медиҳанд. Дар ин рӯз ба нафаре ошиқ шуданро маслиҳат намедиҳем.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар корҳоятон имкони пешравӣ пайдо мешавад. Меҳнат карда, дар натиҷа роҳат мебинед. Аз муносибатҳои ошиқона ҳушёр шавед, вагарна аз оқибаташ сахт пушаймон мегардед. Бегоҳирӯзӣ эҳтимоли ҷароҳат бардоштану хурӯҷ намудани бемориҳои куҳна вуҷуд дорад.  

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз вазъи саломатиятон хеле хуб мегардад. Дар ҳалли корҳои муҳим ба садои қалби худ гӯш андозед. Баъди нисфирӯзӣ вохӯриҳои ошиқонае имкон доранд, ки муддати дароз дар хотираи шумо нақш мебандад. Мушкилиҳои пулие, ки дар ин рӯз пайдо мешаванд, мустақилона рафъ карда наметавонед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи натиҷаовар аст. Оғози корҳои нав, бастани ақди никоҳ ва шартномаҳои корӣ бобарор анҷом меёбанд. Аксари сунбулаҳо бо нафарони даркорӣ робита барқарор намуда, дар оянда аз нохушиҳои калону мушкилиҳо халосӣ меёбанд. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат тағйироти ҷиддӣ дида намешавад.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Барои сафарҳои корӣ ва робита бо нафарони ношинос рӯзи номусоид аст. Агар шумо мошин меронда бошед, дар ин рӯз бо суръати баланд рондани мошин манъ аст. Инчунин, аз ашёҳои нӯгтез ва асбобҳои барқӣ ҳушёр шавед. Аз оташ эҳтиёт шавед, хатари рух додани сӯхтор вуҷуд дорад.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи хубест барои нафароне, ки нақшаи корашонро пешакӣ тартиб додаанд. Маблағи хуби пулӣ ба даст меоред. Дар ҳаёти шахсӣ тағйиротҳои муфид рух медиҳанд. Муносибатҳои ошиқонаатон хуб ҷараён мегиранд, вале дахолати аз андоза зиёди ёратон боиси рух додани нофаҳмӣ мегардад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи пурмуаммо аст. Бо вуҷуди он ки ҳама корҳоятон ба назар хуб менамоянд, эҳсоси хавотирӣ ва асабоният дар вуҷудатон пайдо мегардад. Қасди нобарориҳои худро аз наздикон гирифтанӣ шуда, нафареро сахт меранҷонед. Беҳтараш боқимондаи рӯзро дар танҳоӣ гузаронида, фикру андешаҳои худро ба тартиб оред.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи барои саломатӣ номусоид аст. Хастагиву дарди сар ва хурӯҷ намудани бемориҳои музмин эҳтимол дорад. Каме нобарориҳои оилавӣ табъатонро хира месозанд. Сабру таҳаммулро пеша намуда, ин марҳилаи душворро паси сар намоед. Беҳтараш робитаро бо дӯстону наздикон қатъ намоед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Аввали рӯз ҳодисаҳои ногувор имкон дорад. Ба мардҳо барои харид ба бозор ва ба назди дандонпизишк рафтанро тавсия намедиҳем. Бонувон дар оила ба нофаҳмӣ гирифтор мешаванд, аз дағалӣ ва садо баланд кардан худдорӣ намоед. Ба муноқишае, ки сабаби аз ёратон ҷудо шудани шумо мегардад, роҳ надиҳед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Муноқишаҳои оилавӣ ва бо шахси бароятон азиз низоъ карданатон имкон дорад, ки бар зарари шумо анҷом меёбад. Беҳтар мебуд, ки сабурӣ нишон дода, дар баъзе ҳолатҳо гузашт кунед. Саховатмандии аз ҳад зиёдатонро атрофиён хуш қабул намекунанд. Саломатии худ ва наздиконатонро дар мадди аввал гузоред.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД